Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Марз. Панҷшанбеи хунин...


30.04.2021 08:55

: 404

То субҳи 30 апрел Созмони Милали Муттаҳид, намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз қатъи даргириҳои мусаллаҳона дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кардаанд. Муноқишаи мусаллаҳона, ки рӯзи 28 апрел аз сангпартоиҳои шаҳрвандони Қирғизистон ва рӯзи 29 апрел аз тиркушоии марзбонони он кишвар оғоз гардид, шаби сипаришуда, баъд аз тавофуқи ҳайатҳои ҳарду ҷониб дар Исфара, қатъ гардид.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки 29-уми апрели соли 2021, соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара, низомиёни Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Тоҷикистон оташ кушоданд:

“Ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рўзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии “Головной”-ро ба роҳ мондааст”, - гуфтанд мақомоти марзбонии Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.

Қабл аз ин хабар дода шуд, ки худи ҳамон рӯз, соати 11:30, бар асари тирпаронии шаҳрвандони Қирғизистон шаҳрванди Тоҷикистон Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.

Муноқишаи мазкур 28 апрели соли 2021, соати 16:00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар байни шаҳрвандони Қирғизистон хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштаанд.

То субҳи 30 апрел оид ба теъдоди фавтидагону ҷароҳатбардоштагон аз ҳарду тараф дар ин муноқиша маълумоти гуногун нашр шудаанд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар ин задухӯрд беш аз 10 нафар кушта шуда, беш аз 130 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба гузоришҳо, аз ҷониби Тоҷикистон низ наздик ба 10 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 80 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин маълумот расман тасдиқ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз нахустин нафароне, ки дар ин ҳодиса аз тири қирғиз ҷароҳат бардошт, Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода буд, ки дар марз бо Қирғизистон ҳузур дошт. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳр, Баҳодурзода субҳи 29-уми апрел барои ҳалли сулҳомези баҳси тақсими об ба Хоҷаи Аъло, наздикии Маркази обтақсимкунии “Головной” рафта буд. Ҳангоме ки ӯ ҳамтои қирғизашро мунтазир буд ва бо сокинон суҳбат мекард, аз ҷониби деҳаи Куктош ба сӯяш тир андохтанд ва ӯ захмӣ гашт. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, маҳз баъди ҳамин тиркушоӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз, ки ҳамзамон чанде дигар аз сокинони Исфараро захмӣ кардааст, неруҳои Тоҷикистон ҳам вориди амал шуданд.

Баъдтар хабар дода шуд, ки дар қитъаи дигаре аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни ноҳияҳои Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд тирандозиҳо сар шуданд.

Бино ба маълумоти манобеъи огоҳ, тирандозӣ аз ҷониби деҳаҳои Кулунду ва Мақсати ҳамсоякишвар оғоз шудааст.

Задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон то шаби гузашта – то замоне ки ҳайатҳои ҳарду ҷониб гирди мизи музокирот шиштанд, идома кард. Қабл аз ин музокира Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии он кишвар Руслан Казакбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод:

“Вазирони корҳои хориҷӣ вазъияти душвореро, ки 28-29 апрели 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд омад, муфассал баррасӣ карданд”, - хабар дод манбаъ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки густариши муносибатҳо бо ҳамсоягон дар минтақа, ки Тоҷикистонро бо онҳо робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мепайванданд, самти авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад:

“Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки аз тириқи музокирот роҳҳои ҳалли қобили қабули мутақобил ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии худро ҷустуҷӯ кунад ва масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал кунад”, - гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамзамон ӯ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, даст намекашад.

Дар суҳбат вазирон бар аҳаммияти ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъкид карда, ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддат ёфтани вазъият мегарданд, қайд кардаанд.

Вазирон таъкид кардаанд, ки адами эътимод дар минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои навро ба вуҷуд орад ва оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла талафот дар байни аҳолии ғайринизомии ду давлати ҳамсояро ба бор орад.

Вазирони корҳои хориҷӣ ба мувофиқа расидаанд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ бояд иродаи қавии сиёсӣ зоҳир гардад.

Қабл аз ин сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Улуғбек Марипов, ки бо сафари корӣ дар Русия қарор доранд, рӯзи 29-уми апрел дар бораи вазъ дар сарҳади ду кишвар мулоқот карда, “омодагии комили худро барои ҳалли фаврии низоъ бо роҳи музокирот иброз доштанд”.

Сарвазирони ду кишвар истифода аз нерӯро дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ғайри қобили қабул хонда, “андешидани чораҳои фавриро барои пешгирӣ аз шиддат ёфтани минбаъдаи низоъ” зарур донистаанд.

Ба думболи ин, шаби сипаригардида комиссияҳои ҳарду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар нуқтаҳои марзӣ баъди гуфтушуниди чандсоата бо нашри як изҳороти муштарак аз тавофуқоти ҳосилшуда хабар доданд. Ин комиссия, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ рухдода таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шуда, барои роҳ надодан ба ташаннуҷ чора андешида шуда, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.

Дар изҳороти муштарак гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо омилҳо ва пайомадҳои ҳодисаи рӯзи 29.04.2021-и рухдода дар марзро баррасӣ карда, ба тавофуқи дуҷониба расидаанд, ки низоъҳои мусаллаҳонаро қатъ мекунанд, ҳайати шахсӣ ва техникаи низомиро ба макони доимии будубошашон мебаранд ва барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани вазъ чораандешӣ мекунанд”.

Ҳамчунин, аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти иҷроияи ду ҷониб барои комилан иҷроӣ шудани тадбирҳои мазкур ва эҷоди шароити баэътидоловарандаи лозим ҷиҳати раванди муассири гуфтушуниде, ки ба манфиати мардумон ва давлатҳои дӯсти ҳарду ҷониб аст, гуруҳи корӣ таъсис медиҳанд.

Зери ин изҳороти муштарак аз ҷониби Тоҷикистон раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва аз сӯйи Қирғизистон намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев имзо гузоштаанд.

Ба ин тартиб субҳи 30 апрел мақомоти ҳарду ҷониб эълон карданд, ки баъди музокираи дирӯза шаби сипаригардида бо оромӣ гузашт.


Комментарии для сайта Cackle