Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

ТТЭ ҲНИ ва решаҳои моҳияти зиддитоҷикии он


29.04.2021 07:26

: 695

15 апрели соли 2021 ҷамъияти динии Эрон “Фонди байналмилалии “Ризвон” дар саҳифаҳои худ дар “Твиттер”, “Телеграм” бо роҳбари Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом М. Кабирӣ (минбаъд – ТТЭ ҲНИ) мусоҳибаи онлайнӣ ташкил кард. Ба фарқ аз баромадҳои қаблии мунтазами онлайнии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин мулоқот эълон ё таблиғ нашуд, тавре ки маъмулан роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ дар фазои маҷозӣ мекунанд. Ин маълумот инчунин дар дигар шабакаҳои онлайнӣ ва саҳифаҳои Иттиҳоди созмонҳои террористӣ-экстремистии “Анҷумани миллӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас набуд, тавре ки қаблан наворҳои роҳбари худро бо хоҳиши зиёд паҳн мекарданд. Дар асоси ин тахмин кардан мумкин аст, ки ин мусоҳибаи онлайнӣ ё сӯҳбат дар ибтидо танҳо барои шунавандагони эронӣ ба нақша гиирфта шуда буд ва роҳбари ТТЭ ҲНИ на он қадар мехост диққати аудиторияи тоҷикиро ба ин мусоҳибаи хос ҷалб кунад.

Дар ин замина шубҳае ба вуҷуд меояд, ки шояд ин чорабинӣ бо мақсади барқарор кардани роҳбари ТТЭ ҲНИ пеши назари як қисми муайяни охундҳо ва рӯҳониёни мазҳабии Эрон буд, ки қаблан барои содироти инқилоби исломӣ ба ӯ умеди калон доштанд. Аз ин рӯ, дар бораи ин вохӯрии онлайнӣ асосан ҷомеаи интернетии Эрон огоҳӣ дошт. Масоиле, ки баррасси онҳо дар ин мулоқоти онлайнӣ ба нақша гирифта шуда буд, марбут ба мавқеъ ва нақши ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, иртиботи инқилоби исломии Эрон бо ТТЭ ҲНИ, сабабҳои эронситезӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ғайра буд. Аслан, тамоми мундариҷаи ин мусоҳиба тасдиқ кард, ки ТТЭ ҲНИ натиҷаи инқилоби исломии Эрон аст.

Аввалин суоле, ки ба роҳбари ТТЭ ҲНИ дода шуд, ба таърихи пайдоиш ва асосҳои идеологии ТТЭ ҲНИ марбут буд. Тибқи изҳороти баландпарвозонаи роҳбари ин ташкилоти террористӣ, пайдоиши ТТЭ ҲНИ аз ҷунбиши “Ҷавонбухориён” ё “Ҷадидони Бухоро” сар мешавад, ки дар ибтидои асри 19 дар Аморати Бухоро ба вуҷуд омада буд ва гӯё TТЭ ҲНИ вориси ин ҳаракат ба ҳисоб меравад. Аммо! Мехоҳам ба роҳбари ТТЭ ҲНИ хотиррасон кунам, ки ҳаракати “Ҷавонбухориён” як ҷунбиши маърифатӣ буд ва ҳадафи асосии он мубориза бар зидди торикимонӣ, васеъ ҷорӣ намудани стандартҳои аврупоии омӯзиш дар ҷомеаи мусулмонӣ ва паҳн намудани арзишҳо ва принсипҳо, ғояҳои ҷомеаи дунявӣ буд, ки дар он идораи муассисаҳои динӣ ба давлат роҳ дода намешавад. Ин ҳаракат ҳеҷ гоҳ тобиши мазҳабӣ надошт. Ба роҳбари TТЭ ҲНИ тавсия медиҳам, ки ҳадди аққал “Википедия”-ро хонад, ки дар он навишта шудааст, “Ҷавонбухориён - ҳаракати миллӣ-демократие мебошад, ки дар ибтидои асри 20 дар заминаи ҳаракати ҷадидон дар қаламрави хонигарии Бухоро ба вуҷуд омад. Ҳаракати ҷавонбухориён аз нафароне иборат буд, ки аз мактаби русӣ гузаштаанд ва аксар вақт на танҳо дар Туркистон, балки бо корҳои тиҷоратии худ ва бо дастури ширкатҳои гуногун дар Русияи марказӣ ҳам буданд”.

Аз ин рӯ, чунин изҳороти роҳбари созмони террористӣ-экстремистии наҳзатӣ боз як тасдиқи бардурӯғест, ки ҳадафи он дасткорӣ (манипулятсия) кардани афкори ҷамъиятӣ мебошад. Инчунин, метавон ин иддаои ӯро ҳамчун кӯшиши номуваффақи эҷоди имиҷи нав барои наҳзатиҳо арзёбӣ кард.

Илова ба ин, мехостам хотиррасон намоям, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои гуногун, вобаста ба аудитория, ба суол дар бораи таърих ва асосҳои идеологии ТТЭ ҲНИ посухҳои гуногун медиҳад. Дар вохӯриҳо бо аудиторияи арабӣ ӯ TТЭ ҲНИ-ро бо ҳаракати радикалии исломии “Ихвон-ул-муслимин” (“Бародарони мусалмон”) муқоиса мекунад ва мегӯяд, ҳизби ӯ ба идеологияи ин ҷунбиш такя мекунад. Ба шунавандагони афғон далел меорад, ки TТЭ ҲНИ ҷунбиши муҷоҳидини тоҷик буда, аз ғояҳои ҷунбиши муҷоҳидини Афғонистон илҳом гирифтааст. Дар Олмон ӯ ТТЭ ҲНИ-ро бо Иттиҳоди христианҳои демократӣ (CDU) муқоиса мекунад, ки қаблан онро канслери феълии Олмон роҳбарӣ мекард. Барои шунавандагони тоҷик мегӯяд, ТТЭ ҲНИ барои эҳёи ислом дар Тоҷикистон сохта шудааст ва ғайра.

Тавре дида мешавад, роҳбари наҳзатиён дидаву дониста афкори ҷамъиятиро дасткорӣ мекунад ва вобаста ба шунавандагонаш маҳз ҳамон чизеро мегӯяд, ки он шунавандагон мехоҳанд шунаванд, яъне ҳеҷ гоҳ дар бораи он ки ТТЭ ҲНИ воқеан чӣ аст, ҳарф намезанад. Ва ҳақиқат ин аст, ки ТТЭ ҲНИ як ҳаракати зиддитоҷикист, ки ҳадафаш хароб намудани давлати миллии Тоҷикистон буда, ҳаст ва мемонад. Роҳбари ТТЭ ҲНИ такрор ба такрор болшевиконро айбдор мекунад, ки онҳо нагузоштанд дар қаламрави аморати Бухорои собиқ давлати исломӣ сохта шавад. Ба ӯ хотиррасон карданиям, ки тоҷикон бояд аз болшевикон, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон як воҳиди нави сиёсӣ - Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро таъсис доданд, миннатдор бошанд. Баъдтар ин ҷумҳурии шӯравӣ асоси Ҷумҳурии Тоҷикистони муосир гардид.

Ман мефаҳмам, вақте ки одамон дар Русия дар бораи болшевикон ё коммунистон бад мегӯянд: болшевикҳо, воқеан, Империяи Кабири Русияро, ки бо сабаби Инқилоби окябри соли 1917 қисми зиёди қаламравҳои худро аз даст дода буд, нобуд карданд. Аммо халқҳое, ки дар қаламрави Аморати Бухоро ва генерал-губернатории Туркистон зиндагӣ мекарданд, пас аз ин инқилоб давлатдории худро сохтанд. Аммо вақте ки бо нафрат дар бораи болшевикон роҳбари ТТЭ ҲНИ ҳарф мезанад, сабаби ин тафаккури анти-болшевизмро намефаҳмам. Вай дар СССР таваллуд шудааст, дар донишгоҳи коммунистӣ таҳсил кардааст, муаллимонаш коммунистон буданд, либосҳоеро пӯшид, ки коммунистон истеҳсол мекарданд ва ҳоло ба ин давраи ҳаёташ лаънат мехонад?

Дар идомаи мусоҳибааш бо шабакаи интернетии Эрон, ӯ иддао кард, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Тоҷикистонро бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон муқоиса кардан мумкин аст. Вай бо ин изҳорот бори дигар тасдиқ мекунад, ки наҳзатиҳо ҳосили доираҳои муайяни мазҳабии ин кишвар мебошанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ дар мусоҳибааш бори дигар тасдиқ кард, ки пайдоиши ТТЭ ҲНИ ба идеологияи инқилоби исломии Эрон ва таълимоти сиёсии мазҳаби шиаҳо бо номи “Вилояти фақеҳ” асос ёфтааст.

Дар ин замина бояд боз як изҳороти бардурӯғи роҳбарони ТТЭ ҲНИ, ки рӯз ба рӯз таблиғ мекунанд, фош карда шавад. Гап дар бораи изҳороти бардурӯғе меравад, ки гӯё ҳадафи асосии ТТЭ ҲНИ эҳёи ислом дар Тоҷикистон буд. Далелҳои таърихӣ баръакси онро исбот мекунанд. Ҳақиқат ин аст, ки ТТЭ ҲНИ бисёр кӯшиш кард, то дар Тоҷикистон давлати исломӣ бо намунаи эронӣ бисозад. Аввалин кӯшиши бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон дар “Ҳукумати муросои миллӣ” инъикос ёфт, ки пояаш аз ТТЭ ҲНИ ва ходимони давлатии тарафдори наҳзат таркиб ёфт. Пас аз он ки мардуми аз ҷаҳолати наҳзатиён, торикимониҳои мазҳабӣ, қонунҳои асримиёнагии онҳо хастаи Тоҷикистон нахост таҳти роҳбарии ин ба истилоҳ “ҳукумат” зиндагӣ кунад, бо роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири соли 1992 сарҷамъ шуда, онҳоро аз сохторҳои давлатӣ ронд. ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии пешвои рӯҳонии худ А.Нурӣ ба минтақаи Fарм ақибнишинӣ кард ва дар он ҷо Ҷумҳурии Исломии Fармро таъсис дод, ки он тафсири асримиёнагии ислом ва ҷаҳолати диниро пайравӣ мекард. Дар айни замон, барои бунёди Ҷумҳурии Исломии Fарм модели давлати исломӣ, ки аз ҷониби консепсияи “Вилояти факеҳ” сохта шудааст, интихоб карда шуд, ки ин аллакай кӯшиши дуввум ё озмоиши ТТЭ ҲНИ барои бунёди давлати исломӣ бо намунаи эронӣ буд. Сохтори қудрат дар ин “ҷумҳурӣ” аз намунаи эронии давлати исломӣ ташаккул ё нусхабардорӣ шуда буд:

Абдулло Нурӣ - пешвои рӯҳонии Ҷумҳурии Исломии Fарм, пешвои рӯҳонии ТТЭ ҲНИ;

Рустам Саъдидин Темурович (Саъдидини Рустам) - президенти Ҷумҳурии Исломии Fарм, узви ТТЭ ҲНИ;

Ризвон Садиров - вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Fарм, узви ТТЭ ҲНИ.

Пас аз он фармонҳои аввалини ҷумҳурии худхондаи ТТЭ ҲНИ ба амал омаданд, ки тарк кардани занонро аз хона, рафтани духтаронро ба мактаб манъ мекард, муқаррар карданд, ки ҳар як хонавода ду ҷавонро барои хизмат дар ҷиноҳи низомии ТТЭ ҲНИ равона кунад, тамоми маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орд ва асал, чорво, картошка, себ ва ғайраро ба ТТЭ ҲНИ диҳанд.

Ба ин маънӣ, бо истифода аз фурсат, “инқилобчиён”-и исломӣ дар Fарм режими зулм ва ғорати мардумро бо номи “Давлати исломӣ” барқарор карданд. Роҳбари ин ташкилот наметавонад ин далелҳои таърихиро дар бораи ваҳшонияти ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Тоҷикистон инкор кунад. Вай наметавонад инкор кунад, ки ТТЭ ҲНИ, ба истилоҳ, “судҳои исломӣ”-ро барои куфр ва бидъат муттаҳам кардани мардуми бегуноҳ ба таври васеъ истифода кардааст. Судяи ТТЭ ҲНИ Мулло Абдуғаффор, ки бо лақаби “Танка” маъруфтар аст, ҳамаи ашхоси айбдоркардаашонро танҳо ба як ҷазо - ҳукми қатл маҳкум мекард, зеро ин моҳияти идеологияи террористӣ ва фаҳмиши исломи онҳо буд.

Яке аз қарорҳои машҳуртарини судяи ТТЭ ҲНИ Мулло Абдуғаффор дар соли 1994 қонунигардонии каннабис ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои ҷангиёни ТТЭ ҲНИ буд. Тибқи ин фатво, тақрибан ҳамаи фармондеҳон ва ҷангиёни ТТЭ ҲНИ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорати маводи мухаддир ҷалб шуда буданд ва бо ин васила хазинаи ТТЭ ҲНИ-ро пур мекарданд.

Хушбахтона, ин ҳаракати наҳзатиҳои торикимон дер давом накард ва онро нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон пароканда карданд. Роҳбарони он ба Афғонистон гурехтанд ва дар он ҷо фаъолияти бераҳмонаи худро алайҳи гурезаҳои тоҷик идома доданд.

ТТЭ ҲНИ дар Афғонистон як ҷиноҳи ҷангӣ бо номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” таъсис дод, ки то ҳол вуҷуд дорад ва созмони террористӣ-экстремистии тоҷик мебошад. Асосгузор ва роҳбари ин ташкилот узви ТТЭ ҲНИ Мулло Амриддин (Амриддин Табаров) буд, ки соли 2016 аз ҷониби эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон кушта шуд.

Амриддин Табаров соли 1953 дар ноҳияи Нурообод таваллуд шудааст. Вай ҳанӯз дар солҳои шӯравӣ ба созмони террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” пайваста буд. А. Табаров дар солҳои 90 дар Донишгоҳи исломии Қоҳира, ки ба “Ихвон-ул-муслимин” вобаста буд, таҳсил кардааст. Писаронаш Саидҷалол ва Абдуфаттоҳ Табаровҳо, ҳамчун аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ, соли 2009 аз ҷониби низомиёни амрикоӣ бо ҷурми терроризм дастгир карда шуда ва тамоми солҳои минбаъда дар зиндони пойгоҳи низомии Амрико дар Багром (Афғонистон) нигаҳдорӣ мешуданд. Ин воҳиди ҷангии ТТЭ ҲНИ бо бераҳмии худ нисбат ба гурезаҳои тоҷик, ки дар ибтидои солҳои 90-ум моҳияти зиддитоҷикии ТТЭ ҲНИ-ро зуд дарк карда, хостанд ба ватан баргарданд, фарқ мекард. “Ҷамоати Ансоруллоҳ” то ҳол ба амнияти миллии Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

Тавре ки аз далелҳои дар боло овардашуда дида мешавад, ТТЭ ҲНИ ҳамеша тамоюл ва самтгирии зиддитоҷикӣ дошт ва дорад. Вай ҳеҷ гоҳ ба бунёди як давлати миллии тоҷикон ҳавасманд набуд. Ана дар бораи ин М.Кабирӣ ёдовариро дар мусоҳибааш барои шунавандагони эронӣ фаромӯш кардааст.

Дар идома ба суол оид ба теъдоди ҷонибдоронаш дар Тоҷикистон, роҳбари ТТЭ ҲНИ аз посухи мустақим канорагирӣ кард ва боз бо истифода аз технологияи манипулятсия посух дод, ки агар вай шумораи зиёди тарафдоронашро тасдиқ кунад, ӯро ба муболиға муттаҳам мекунанд. Агар вай шумораи тарафдоронашро кам кунад, ҳаводорони ҷавонашро ноумед мекунад ва рӯҳияи онҳоро мешиканад. Аммо, ҳақиқат ин аст, ки ТТЭ ҲНИ ҳамеша як ҳизби хурди оилавӣ буд. Дар ҳама давру замонҳое, ки ин ҳизб дар Тоҷикистон мақоми ҳуқуқӣ дошт, ин ҳизб аз шахсоне иборат буд, ки бо ҳам муносибатҳои оилавӣ доштанд ё дар аксари ҳолатҳо намояндаи як минтақаи Тоҷикистон буданд. Асосан, ҳам раёсат ва ҳам аъзои оддии ин ҳизб хешовандони худро ба сафи ин ҳизб ҷалб мекарданд, инчунин занони сершумори онҳо, маъшуқаҳо, фарзандон, хешовандони ҳамсарон ва маъшуқаҳои онҳо ва ғ.

Сохтори ҳозираи ТТЭ ҲНИ, ки дар яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз нав сохта шудааст, тасдиқ мекунад, ки маҳз принсипи хешовандӣ ва мансубияти кланӣ асоси таъсиси ин ҳизбро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти кунунӣ ва раёсати ТТЭ ҲНИ дар хориҷа пурра аз намояндагони оила ва авлоди М.Кабирӣ иборатанд, аммо ӯ афзал медонад, ки ин далели ошкорро дар назди “хайркунандагон”-и худ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ошкор накунад. Сарпарастони ғарбии ӯ инчунин мекӯшанд, ба сохторҳои сершумори тиҷоратӣ, вилла, дача ва меҳмонхонаҳо, суратҳисобҳои бонкие, ки ба клани Кабирӣ дар Иттиҳоди Аврупо тааллуқ доранд, чашм пӯшанд? Ин маблағҳо чӣ гуна ва аз куҷо гирифта шудаанд? Кӣ ва чаро мунтазам суратҳисобҳои бонкии авлоди М.Кабириро пур мекунад?

Аслан, сарвари кунунии ТТЭ ҲНИ бо амалҳои худ идеяи эҳёи исломро кайҳо бадном кардааст ва аз ин рӯ, кайҳо барои касоне, ки воқеан, мекушанд исломро бо ҳадафи аслияш - тарбияи маънавӣ ва рушди инсонӣ эҳё кунанд, ҷолиб нест. Аммо, М.Кабирӣ, ки худро ҳамчун сиёсатмадор дар тиҷорат ва соҳибкор дар сиёсат ҷой додааст, исломро бо мақсадҳои маҳдуди ғаразноки сиёсии худ истифода мебурд ва истифода бурда истодааст.

Дар омади гап, таҷрибаи эҳёи ислом дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон дод, ки барои эҳёи ислом дар ин ҷомеаҳо таъсиси ҳизби исломие, ба монанди ТТЭ ҲНИ зарурат надорад. Агар ин ҳизб дар Тоҷикистон пайдо намешуд, аввалан, мо ҷанги шаҳрвандиро пешгирӣ мекардем ва сониян, ислом дар ҷомеаи мо ба тариқи эволютсионӣ эҳё мешуд, тавре ки дар мисоли Ӯзбекистони ҳамсоя мебинем. Дар он ҷо Академияи ислом таъсис дода шудааст, мероси мусулмонон омӯхта мешавад, масҷидҳои замонавӣ сохта мешаванд, омӯзиши динӣ ба роҳ монда шудааст ва ғ. Имрӯз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни ҳизбҳои исломӣ хуб пеш мераванд ва ҷомеаҳои мусалмонии ин кишварҳо ҳуқуқҳои худ ба озодии эътиқодро комилан истифода мекунанд. Пас маълум мешавад, ки ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон на барои эҳёи ислом, балки барои ҳадафҳои ғаразноки дигари сиёсӣ сохта шудааст. ТТЭ ҲНИ бо мавҷудияти худ ба эҳёи ислом дар Тоҷикистон зарари калон расонд.

Дар идома роҳбари кунунии ТТЭ ҲНИ ба суол дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дод, ки ӯро ҳамчун президенти расмӣ мешиносад. Ҳамзамон, М. Кабирӣ аз ҳукумати Эрон хост, ки “Президенти Тоҷикистонро на ҳамчун намояндаи миллати тоҷик, балки ҳамчун намояндаи як оила қабул кунад”. Аҷиб аст, ки М.Кабирӣ ба сиёсатмадорони эронӣ ултиматум гузошта, ба онҳо шартгузорӣ мекунад, ки ҳукумати Эрон бояд бо Президенти Тоҷикистон чӣ гуна муносибат кунад.

Дар робита ба ин суоли табиӣ ба миён меояд: ӯ кист, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Эрон ба чунин усули беодобона дахолат мекунад? Роҳбарияти Тоҷикистон ҷонибдори равобити баробарҳуқуқ бо тамоми кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, принсипҳои дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳоро қатъиян риоя мекунад. Аммо, дар Эрон гурӯҳҳои муайяни охундҳо ё рӯҳониёни мазҳабӣ ҳастанд, ки дар муносибат бо Тоҷикистон нақшаҳои тахрибкорона доранд ва маҳз ҳамин доираҳо неруҳоеанд, ки ТТЭ ҲНИ-р сохтаанд. Дар навбати худ, ТТЭ ҲНИ дар амалҳои зиддиконститутсионии худ алайҳи кишвари мо имрӯз маҳз дар ин рӯҳониёни эронӣ пуштибонҳоро мебинад.

Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ҳама гуна кӯшиши охундҳои эрониро барои дахолат ба равандҳои сиёсии дохилии кишвари мо қатъиян саркӯб хоҳад кард. Дар Тоҷикистон эронситезӣ вуҷуд надорад ва буда ҳам наметавонад. Дар айни замон мо мухолифи ҳамла ба фазои динии худ ҳастем, ки маркази ҷозибаи он мазҳаби Ҳанафия аст. Маҳз кӯшиши мудохила ба фазои мазҳабии Тоҷикистон, ки рӯҳониёни Эрон ҳар сари чанд вақт мекунанд, боиси эҳсосоти манфии тоҷикон мешавад ва набояд онро эронситезӣ маънидод кард.

Он чӣ ки дар мавриди Пешвои миллати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахл дорад, гуфта метавонам, ки вай пешвои аз ҷониби умум эътирофшудаи якчанд миллион тоҷикони ҷаҳон аст. Маҳз ба ӯ муяссар шуд, ки тамоми тоҷикони оламро ҳамчун Пешвои миллат дар атрофи худ муттаҳид созад ва бузургии пешини тоҷиконро эҳё кунад. Инро тамоми наслҳои минбаъдаи намояндагони миллати мо дар ёд хоҳанд дошт. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони муосирро ба маркази мероси тамаддуни форсизабонон табдил дод. Имрӯз маҳз дар Тоҷикистон ҷашнҳои суннатӣ, маросимҳои ниёгонамон эҳё мешаванд ва ёди падарони ниёгони миллати тоҷик зинда аст.

Охирин мавзӯъе, ки бо роҳбари ТТЭ ҲНИ дар ин мусоҳибаи онлайнӣ баррасӣ шуд, муносибати ӯ ба хушунат алайҳи мусулмонон буд, ки метавонад дар Иёлоти Муттаҳида, Аврупо ва Исроил содир шавад. Ҳарчанд, ба фикри ман, барои ӯ мувофиқи мақсад буд, ки пурсида шавад, ба зӯроварӣ, ки мусулмонони ИМА, ИА ва Исроил нисбат ба намояндагони динҳои дигар ва фарҳангҳои дигар мекунанд, чӣ гуна муносибат хоҳад кард. Зеро, барои касе пӯшида нест, ки аъзои бисёр созмонҳои террористӣ-экстремистии иборат аз шаҳрвандони кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мақоми гурезаи сиёсиро гирифтаанд ва дар посух ба ин шаҳрвандони кишварҳои ИА-ро мекушанд. Биёед, ҳадди ақал, қатли омӯзгори фаронсавиро, ки чанде пеш як гурезаи мусалмон бераҳмона кушт, ба ёд орем. Ман надидаам, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ чунин кушторҳоро маҳкум кунад.

Дар солҳои охир якчанд нафар аъзои ТТЭ ҲНИ дар Олмон, Фаронса ва Лаҳистон барои ҷиноятҳои монанд ба ин боздошт ва маҳкум карда шуданд. Чӣ хеле муд шудааст, ки вақте шаҳрвандон аз кишварҳои мусулмонӣ дар Аврупо ҷиноят содир мекунанд, мақоми шаҳрвандии ӯро ба ёд намеоранд, балки ба мансубияти динии ӯ тамаркуз мекунанд. Дар ҳоле ки тавре Президенти Тоҷикистон оқилона гуфт, “террорист дин ё миллат надорад”. Ҷинояткоре, ки амали террористӣ содир кардааст, бояд новобаста аз мансубияти мазҳабӣ ва миллияш ҷазо дода шавад.

Тавре мебинем, кишварҳое, ба монанди Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо нисбат ба мусулмонон ва кишварҳое, ки аҳолии мусалмон доранд, сиёсати хеле таҳаммулпазирона доранд. Аммо, мо муносибати таҳаммулпазирро нисбат ба мусулмонон ва намояндагони дигар динҳо дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна - ҷое, ки барои мухолифат ё вайрон кардани аҳкоми динӣ ҳукми қатл таҳдид мекунад, мушоҳида намекунем.

Ҳамзамон, раиси ТТЭ ҲНИ, ки худро ҳамчун демократи исломӣ ва мухолифи хушунат алайҳи касе муаррифӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ хушунати режимҳои сиёсиро алайҳи дигарандешон дар ин кишварҳо маҳкум накардааст. Дар ин замина, ӯ дар ҷараёни ин мусоҳибаи онлайнӣ, инчунин, қайд кард, ки ба ӯ имкони мулоқот бо шахси дуввуми ҳукумати ИМА даст дода ва ба суоли ӯ, ки “Ҳамчун намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, дар сурати ҳамлаи ИМА ба Эрон, шумо дар кадом тараф хоҳед буд? ” гӯё М.Кабирӣ посух додааст, ки “агар шумо ба хоки Эрон ҳамла кунед, на танҳо ман, балки тамоми аҳолии Тоҷикистони коммунистӣ барои дифоъи Эрон хоҳанд баромад”.

Дар даврави кор дар сохтори байналмилалӣ, ман ҳам бо намояндагони роҳбарият, сиёсатмадорони Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин бо корпуси дипломатӣ, ки дар Душанбе ҷойгиранд, сӯҳбатҳо ва мулоқотҳо доштам. Аз ин рӯ, метавонам бо масъулияти том изҳор намоям, ки ягон сиёсатмадор ва дипломати амрикоӣ ҳеҷ гоҳ мавзӯи ҳамлаи ИМА ба Эронро баррасӣ накардааст, зеро ИМА ҳеҷ гоҳ қасди ба Эрон ҳамла карданро надорад. Чунин сӯҳбате, ки раҳбари наҳзат зикр мекунад, ҳеҷ гоҳ наметавонист сурат гирад. Бахусус, дипломатҳои амрикоӣ ҳеҷ гоҳ ин масъаларо бо намояндаи як ҳизби мазҳабӣ, ки куштори оммавии тоҷиконро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ташкил карда буд, баррасӣ намекунанд. Ҳамкорони амрикоии мо ҳамеша бо мардумони эронизабон ва фарҳанги форсӣ эҳтиромона муносибат мекарданд. Ҳамчун далели иддаои худ гуфта метавонам, ки тақрибан ҳамеша кормандони асосии дипломатии сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо забони форсӣ ба хубӣ ҳарф мезаданд ва дар ин замина забони тоҷикиро меомӯхтанд, ки ин аз эҳтироми амиқи онҳо ба суннатҳо ва фарҳанги мо шаҳодат медиҳад.

Бо ин изҳорот М.Кабирӣ саъй дорад, ки як фишанги дигарро дар равобити Эрону Амрико ба миён гузорад. Ӯ бо ин суханонаш кӯшиш кард, ки роҳбарияти сиёсии Иёлоти Муттаҳидаро бадном кунад. Мо ҳама шоҳид ҳастем, ки чӣ гуна маъмурияти президенти пешини ИМА Барак Обама бо Эрон барои ба даст овардани созиши ҳастаӣ муколама барпо кард ва ҳоло ин амалро президенти кунунии Иёлоти Муттаҳида, мӯҳтарам Ҷо Байден идома медиҳад. Барои амрикоиҳо ҳарчанд душвор бошад ҳам, онҳо суботкорона роҳҳои муколамаро меҷӯянд, сулҳро ҳифз мекунанд ва ба касе таҳдид кардан намехоҳанд.

Аз ин рӯ, ман бори дигар такрор карда метавонам, ки на Иёлоти Муттаҳида ва на Иттиҳоди Аврупо ҳеҷ гоҳ ба Эрон ҳамла карданӣ набуданд ва ният ҳам намекунанд, магар ин ки худи Эрон хатти сурхро убур карда, ба дигар давлатҳо таҳдид кунад. Иёлоти Муттаҳида ба касе таҳдид намекунад ва метавонад танҳо дар сурати таҳдид ба амнияти миллияш ҷанг эълон кунад. Тавре таърих нишон медиҳад, вақте ки Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон нерӯҳои худро барои мубориза бо гурӯҳи террористии байналмилалии “Ал-Қоида” фиристод, Тоҷикистон дар паҳлӯи ИМА истода, дӯстони амрикоиро дастгирӣ кард. Иинбаъд низ чунин хоҳад буд. Ҳар кишваре, ки терроризми байналмилалиро дастгирӣ мекунад, Тоҷикистон ӯро ҳамчун душман мешиносад ва мо ният надорем, ки ин кишварҳоро дастгирӣ кунем, ҳатто агар бо онҳо фарҳанг ва забони муштарак дошта бошем.

Гузашта аз ин, таъкид мекунам, ки ТТЭ ҲНИ (то соли 2015-ҲНИТ) ҳеҷ гоҳ аз эътимоди роҳбарияти сиёсии ИМА бархурдор набуд. Аз ин рӯ, вақте аъзои ТТЭ ҲНИ аз Тоҷикистон гурехтанд, ҳеҷ яке аз онҳо дар ИМА паноҳгоҳи сиёсӣ нагирифт.

Бале, дипломатҳо ва сиёсатмадорони амрикоӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дар даврае, ки дар меъёрҳои ҳуқуқии кишвари мо фаъолият мекард, мулоқот карданд. Ин вохӯриҳо дар заминаи таъмини гуногунандешии афкор баргузор шуданд. Корпуси дипломатии ИМА чунин мулоқотҳоро бо намояндагони дигар аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ баргузор кард. Аз ин рӯ, чунин вохӯриҳои корӣ наметавонанд мавзӯи тахминҳои сиёсӣ бошанд, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ мунтазам ба он ишора мекунад.

Кишвари мо ҳамкориҳои стратегиро бо Иёлоти Муттаҳида, ки дӯсти боэътимоди халқи тоҷик мебошад, хеле қадр мекунад.

Бовар дорем, ки чунин созмонҳо, ба монанди ТТЭ ҲНИ, бо изҳороти харобиовари худ наметавонанд муносибатҳои дӯстонаи моро бо Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо вайрон кунанд.


Ҳайдаров Р.Д.

доктори илмҳои фалсафа,

муовини Директори

Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи

ба номи A. Баҳоваддинови АМИТ


Комментарии для сайта Cackle