Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҷаҳони баъд аз COVID-19 чӣ гуна хоҳад буд?


18.02.2021 09:04

: 106

Мо ба соли ба 2021 ворид шудем, ба умеди он ки пандемияи COVID-19-ро дар пас гузорем. Ҳарчанд ҳар як ҷомеа ин мушкилро ба таври худ ҳал кардааст, дипломатияи ҷаҳонӣ, бо вуҷуди ин, диққати асосиро ба нигарониҳо ва дарсҳои муштарак равона хоҳад кард. Ин бештар ба хусусияти ҷаҳонишавӣ вобаста аст.

Насли мо ба ин масъала аз нуқтаи назари иқтисодӣ нигоҳ кардан одат кардааст. Маънои умумӣ – ин савдо, молия, хизматрасонӣ, алоқа, технология ва таҳрик додан аст. Ин вобастагии мутақобила ва фарогирии давраи моро ифода мекунад. Аммо, пандемияи коронавирус ягонагии амиқи мавҷудияти моро нишон дод. Ҷаҳонишавии ҳақиқӣ – ин иштирок дар мубориза бо пандемияҳо, тағйирёбии иқлим ва терроризм аст. Ин масъалаҳо бояд заминаи муколамаи дипломатиро ташкил диҳанд. Тавре дар соли 2020 дидем, сарфи назар кардани чунин масъалаҳо гарон меафтад.

Бо вуҷуди бартариҳои зиёди равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҷаҳон низ шоҳиди вокуниши шадид ба ин равандҳо шудааст. Ин бештар ба нобаробарӣ дар ба даст овардани афзалиятҳо дар байни ҷомеаҳои гуногун ва дар дохили онҳо вобаста аст. Ҳамин тавр, режимҳо ва системаҳои тақсимотиро зери шубҳа мегузорад, ки чунин нобаробариро нодида мегиранд. Мо бояд бовар ҳосил кунем, ки сухан на дар бораи ғолибон ва бохтагон, балки дар бораи парвариши ҷомеаҳои устувор дар саросари ҷаҳон меравад.

COVID-19 инчунин фаҳмиши моро дар бораи амният тағйир дод. То ба имрӯз халқҳо асосан дар заминаи ҳарбӣ, зеҳнӣ, иқтисодӣ ва, эҳтимолан, фарҳангӣ фикр мекарданд. Имрӯз онҳо на танҳо ба масъалаҳои тандурустӣ диққати бештар медиҳанд, балки онҳо дар бораи эҷоди занҷирҳои боэътимод ва устувори таъминот бештар нигарон хоҳанд шуд. Фишоре, ки давраи COVID-19 ба вуҷуд овард, нозукии вазъи кунунии моро нишон дод. Барои коҳиш додани хатарҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ, омилҳои иловагии рушд, инчунин шаффофият ва қобилияти бозаргонӣ заруранд.

Вазъи кунунӣ институтҳои бисёрҷонибаро такон дод. Агар ихтилофҳои атрофи онҳо ба ҳисоб гирифта нашавад, ҳатто кӯшиши таҳияи посухи дастаҷамъӣ ба ин ҷиддитарин бӯҳрони ҷаҳонии баъд аз соли 1945 вуҷуд надошт. Ин сабаби таҳлили ҷиддӣ мебошад. Ислоҳот дар институтҳои бисёрҷониба барои қабули қарорҳои муассир аҳамияти муҳим дорад.

Таҳияи посухи саривақтӣ ба чолиши COVID-19 мавзӯи асосии муҳокимаи дипломатияи ҷаҳонӣ дар соли 2021 хоҳад буд. То андозае Ҳиндустон намунаи ибрат нишон дод. Ҳиндустон ин корро тавассути муқовимат бо марг ҷиҳати фароҳам овардани шароити ҳифзи саломатӣ, барои кам кардани марг ва ба ҳадди аксар барқароршавӣ аз беморӣ, анҷом додааст. Муқоисаи нишондиҳандаҳо дар миқёси байналмилалӣ аз ҳамин шаҳодат медиҳанд. Гузашта аз ин, Ҳиндустон ҳамчун дорухонаи ҷаҳонӣ амал карда, ба беш аз 150 кишвари дунё доруҳо пешкаш мекунад, ки бисёре аз онҳо ройгон ҳастанд.

Дар ҳоле ки кишвари мо дар талош аст, то ваксинакунонии густарда анҷом диҳад, изҳороти сарвазир Нарендра Моди дар бораи ин ки ин кумак хоҳад кард, то ваксинаҳо дар дастрасии тамоми ҷаҳон қарор гирад, аллакай амалӣ шуда истодаанд. Бахши аввали ваксинаи дар Ҳиндустон истеҳсолшуда на танҳо ба ҳамсоягони мо, аз қабили Бутан, Малдив, Бангладеш, Непал, Маврикий, ҷазираҳои Сейшел ва Шри-Ланка, балки ба шарикони хеле дур аз минтақа, аз қабили Бразилия ва Марокаш низ интиқол дода шуданд.

Дигар мушкилоти калидии ҷаҳонӣ низ таваҷҷӯҳи махсус мехоҳанд. Ҳамчун як иштирокчии асосии Созишномаи Париж, Ҳиндустон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим мавқеи қатъӣ дорад. Нишондиҳандаҳои мақсадноки кишвар дар бахши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия афзуданд, майдони ҷангалҳояш ҳам зиёд, гуногунии биологияш васеъ шуд ва таваҷҷуҳ ба истифодаи об афзуд. Таҷрибаҳое, ки дар дохили кишвар эътироф шуданд, ҳоло дар муносибатҳои Ҳиндустон бо шарикони рушд дар Африқо ва дигар кишварҳо татбиқ карда мешаванд. Дипломатияи Ҳиндустон оҳангро бо намуна ва нерӯ, аз ҷумла тавассути иштирок дар ташаббусҳои Эътилофи байналмилалии офтобӣ ва Эътилоф барои сохтани инфрасохтори устувор муқаррар мекунад. Дипломатияи Ҳиндустон бо намуна ва нерӯи худ, аз ҷумла, тавассути иштирок дар Эътилофи байналмилалии офтобӣ ва Эътилоф барои эҷоди инфрасохтори тобовар ба офатҳои табиӣ оҳанги фасеҳро танзим мекунад.

Вазифаи мубориза бо терроризм ва радикализм низ бузург аст. Ҳамчун ҷомеае, ки муддати тӯлонӣ дар маърази ҳамлаҳои террористии фаромарзӣ қарор дошт, Ҳиндустон дар баланд бардоштани маърифати ҷаҳонӣ ва пешбурди амалҳои ҳамоҳангшуда фаъолона ширкат меварзад. Ин яке аз рукнҳои асосии дипломатияи Ҳиндустон ҳамчун узви ғайридоимии Шӯрои Амният ва дар доираи форумҳое, ба монанди ФАТФ ва G20, хоҳад буд.

Баргирифта аз таҷрибаи COVID-19, метавон оид ба қудрати тағйирёбии рақамӣ хулоса кард. Хоҳ системаи пайгирии тамос бошад ва хоҳ дастгирии молиявӣ ва озуқаворӣ, самти рақамии Ҳиндустон баъд аз соли 2014 натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Тавассути COVID-19 таҷрибаи “кор аз ҳар ҷо”, инчунин амалияи “таҳсил аз хона” боз ҳам бештар паҳн шуд. Ҳамаи ин ба васеъ намудани доираи барномаҳои рушд, ки Ҳиндустон дар хориҷа татбиқ мекунад, кӯмак мерасонад ва дар барқарорсозии иқтисодии бисёр кишварҳои шарик мусоидат хоҳад кард.

Дар соли 2020 инчунин бузургтарин барномаи репатриатсия (баргардонии шаҳрвандон) дар таърих амалӣ шуд: беш аз 4 миллион ҳиндуҳо ба ватан баргаштанд. Худи ҳамин мисол аҳамияти ҳаракатро дар замони мо таъкид мекунад. Вақте ки истеҳсолоти оқилона ва иқтисодиёти дониш васеъ паҳн мешаванд, эҳтиёҷ ба истеъдод ҳатман меафзояд. Мусоидат ба густариши онҳо тавассути дипломатия ба манфиати ҷаҳонӣ ҷавобгӯст.

Бозгашт ба зиндагии мӯътадил дар соли 2021 маънои сафари бехатар, беҳбуди низоми тандурустӣ, эҳёшавии иқтисодӣ ва пешрафти хадамоти технологияи рақамиро дорад. Ин мавзӯъҳо дар муҳокимаҳо идома меёбанд ва аз нав баррасӣ карда мешаванд. Ҷаҳони баъд аз COVID-19 бисёрқутба, гуногунандеш ва мутавозин хоҳад шуд. Ва Ҳиндустон бо таҷрибаи худ ба ин тағйирот кумак хоҳад кард.


Доктор С. Ҷайшанкар

вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон,

муаллифи китоби “Роҳи Ҳиндустон:

Стратегияҳо барои ҷаҳони номуайян”


Комментарии для сайта Cackle