Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҳиндустон - сарзамини таҳаммулпазирон


10.02.2021 12:23

: 107

Ҳиндустон ҳамеша барои сулҳу субот осудагӣ ва ҳамзистии кулл саъю талош дорад. Ҳатто кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки неруҳои зишту бадхоҳ низ дар чаҳорчӯбаи адолат тарбия ёфта, ба оромии кул, ваҳдат мусоидат намоянд. Дар дин, оин, расму русуми ин мардум сулҳ, ҳамраъйӣ ва баробарӣ дасти мадад ба дармондагон таҷассум ёфтааст.

Ҳиндустон имрӯз ягона давлати сайёра мебошад, ки дар он 17 дини дунё ва зиёда аз сад кеши мухталиф дар фазои ваҳдат зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз 900 миллион ҳиндуҳо дар ибодати хеш ваҳдату ҳамдилиро аз Парвардигорашон тақозо мекунанд.

Таърих ягон далел дар ёд надорад, ки Ҳиндустон ибтидо аз асри сангӣ ва биринҷӣ то имрӯз ба ягон кишвари ҳамсоя ҳамла карда бошад. Баръакс, ҳангоми забти кишвар ба хотири роҳ надодан ба хунрезӣ ва зуҳури истибдод сулҳро пешкаш мекарданд. Дар замони шоҳигарии Ашок соли 321 пеш аз милод императори Ҳиндустон Ашок ҳатто ба хотири манъи хунрезӣ аз ҷангҳо даст кашида, мазҳаби буддоиро қабул кард. Баъдан замони ҳамлаи Искандари Макдунӣ, империяи ахманидиҳо ва империяи муғул, таҷовуз ва тасарруфи Британия мардуми Ҳиндустон фақат сулҳу салоҳро роҳи наҷот интихоб кард.

Пас аз истиқлолияти соли 1947 Ҳиндустон умедвор буд, ки акнун тамаддуни Ҳинди қадим ва имкониятҳои бузурги моддӣ-маънавиро пешкаши ҷаҳон месозад. Кишвари навистиқлол аввал аз кишвари рӯ ба инкишоф дар тӯли 40 сол ба давлати абарқудрати саноатӣ, аграрӣ, технологӣ табдил ёфт. Ҳоло Ҳиндустон дар 37 намуди истеҳсолот дар дунё дар мақоми аввал меистад. Вале ин ба давлатҳои рақиб писанд нест. Барои сарнагун кардани Ҳиндустони бузург ягон қувва қодир нест. Ба ҳамин хотир ҳам душманони берунӣ террорро пеш гирифтанд. Террори мудҳиши соли 2008 дар шаҳри Мумбай (13 миллион нуфуз дорад) ҳоло ҳам ғаму доғи худро боқӣ гузоштааст.

Ҳамлаи террористӣ дар Мумбай силсилаҳамлаҳои террористие буданд, ки аз 26 ноябр то 29 ноябри соли 2008 содир шуданд.

Террористон аз созмони мутаҷовизи Декани (як созмони қаблан номаълум, ки эҳтимолан бо Ал-Қоида алоқаманд аст) ба бинои истгоҳи Виктория меҳмонхонаи Taj Mahal ва Oberoi Trident, идораи полис ҳамла карданд. Дар маҷмӯъ, дар ҳафт ҳамла ба қаҳвахонаи Леополд, беморхона ва маркази тиҷоратии Наримон 166 сокини осоишта ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуда, зиёда аз 600 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

21 ноябри соли 2008 гурӯҳи даҳнафарии террористон - Муҳаммад Аҷмал Касаб, Абуалӣ, Абу Соҳеб Абдул, Рехаман Чот, Фаҳада Уллоҳ, Абу Дера Исамалхон, Носир Умар, Бабар Имаран Аҳашӣ, Акир Алӣ Ҳамс ва Бадӣ Абдула Роҳаман - аз Карочӣ дар заврақҳо ба Мумбай ворид шудаанд.

Бино ба фарзияҳо, сенарияи террори Мумбай дар ҳудуди Покистон ва як кишварҳои малакатҳои арабӣ таҳия гардида буд. Ин фоҷиа ба иқтисоди Ҳиндустон зарари ҷуброннопазир расонд. Бисёре аз ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ парвозҳоро ба Мумбай муваққатан қатъ карданд. Нархи саҳмияҳои ширкатҳои тиҷоратӣ ба ҳадди заррар коҳиш ёфт. Мумбай ба ҳайси пойтахти тиҷоратии Осиё ва Океания то ҳадде мақомашро аз даст дод.

“Ба ғайр аз тарсу ҳарос дар байни аҳолӣ, ба террористон муяссар шуд, ки муносибатҳои бе ин ҳам мушкили байни Ҳиндустон ва Покистонро (дар омади гап, ҳарду силоҳи ҳастаӣ доранд) шадидтар кунанд”, - андеша дорад собиқ муовини Котиби Шӯрои амнияти Русия, генерал-полковник Валентин Соболев.

Мутаассифона, фармоишгарони террор ва сармоягузорони он паси парда монданд. Танҳо моҳи майи соли 2010 суди Ҳиндустон ягона террористи зиндамонда Муҳаммад Аҷмал Амир Касабро ба қатл маҳкум кард. Албатта, қатли як террорист доғи куштор ва зарари садсоларо ҷуброн намекунад.

Моҳи июни соли 2012 яке аз созмондиҳандагони ҳамлаи террористии соли 2008 дар Ҳиндустон Абу Ҳамза, маъруф бо номи Сайид Забиуддин дар фурудгоҳи Деҳлӣ ҳангоми бозгашт аз як кишвари Ховари Миёна боздошт шуд. Тибқи иттилои шабакаи телевизионии Ҳиндустон IBN, Ҳамза бо дархости Ҳиндустон аз Арабистони Саудӣ оварда шуда буд. Пас аз боздошт Абу Ҳамза изҳор дошт, ки дар ҳамлаҳои Мумбай мақомоти бархе кишварҳо даст доштанд.

Таърихи муосири Ҳиндустон далолат мекунад, ки дар 40 соли охир Ҳукумати Ҳиндустон бо 220 иқдоми сулҳҷӯёна, барномаҳои ваҳдати кулии Осиё, равобити бидуни монеаи байни Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Шри Ланка, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистонро пешниҳод намуда буд. Ҳанӯз ҳам таърих иқдомҳои сулҳи Тошкент (12 январи соли 1966 дар музокироти сулҳи Тошканд ба миёнравии Иттиҳоди Шӯравӣ журналисти маъруф Фарид Сайфулмулуков менависад, ки “дар музокирот роҳбарияти Ҳиндустон нисбатан мулоим ва таҳаммулпазир аст”, ТМ. “Телевизиони марказӣ”).

Дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ Ҳиндустон танҳо ба хотири сулҳу ҳамраъии куллӣ саъю талош дорад.


Фарид Мустафо Маздак

Нина Хаваранина


Комментарии для сайта Cackle