Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Кӯҳансолтарин президенти ИМА савганд ёд кард


21.01.2021 08:45

: 238

Президенти навинтихоби ИМА Ҷо Байден дар рӯзи савгандёдкунияш чанд фармони президенти собиқ Доналд Трампро бекор кард. Байден ҳамчун президенти 46-уми ИМА рӯзи 20 январ савганд ёд кард.

Ҷо Байден нахуст Иёлоти Муттаҳидаро ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Созишномаи парижӣ оид ба иқлим баргардонид. Ӯ ҳамчунин сохтмони деворро дар марз бо Мексика ба таъхир гузошта, ба риояи режими ниқоб даъват кард.

Дар маҷмӯъ, Байден дар рӯзи савгандёдкунӣ ин фармонҳоро қабул кард:

• дар бораи бекор кардани ҳолати фавқулодда вобаста ба вазъ дар марз бо Мексика;

• дар бораи баргаштан ба СҶТ;

• дар бораи бозгашт ба Созишномаи парижии иқлим;

• дар бораи бекор кардани манъи вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳои мусулмонӣ;

• дар бораи боздоштани сохтмони лӯлаи Keystone XL бо Канада;

• дар бораи режими ниқоб - он талаб мекунад, ки дар ҳама ҷо дар тӯли 100 рӯз ниқоб пӯшида шавад ва ӯҳдадорӣ оид ба режими ниқоб дар мақомоти давлатӣ.

Илова бар ин, Байден 20 январро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон кард. Эъломия дар сайти Кохи Сафед нашр шуд:

“Имрӯз мо пирӯзии демократияро пас аз интихоботе ҷашн мегирем, ки дар он беш аз ҳарвақта дар таърихи мо шумораи зиёди амрикоиҳо овоз доданд ва дар натиҷаи он иродаи мардум шунида ва амалӣ карда шуд”, - гуфта шудааст дар санад.

“Пас аз савгандёдкунии имрӯз, ман фавран ба кор омадам ва чораҳо андешидам:

- барои назорати пандемия

- барои расонидани кӯмаки иқтисодӣ

- барои ҷилавгирӣ аз тағйирёбии иқлим

- барои мусоидат ба адолати нажодӣ”, - навишт Байден дар сафҳаи худ дар Твиттер.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи президенти нав Ҷен Псакӣ гуфт, ки Байден рӯзҳои наздик тасвиби фармонҳоро бо чунин суръат идома медиҳад.

Маросими савгандёдкунии Ҷо Байден ҳамчун президенти ИМА рӯзи 20-уми январ зери чораҳои сахти амниятӣ дар Вашингтон гузашт. Байдени 78-сола дасташро рӯйи Инҷили қарни 19 гузошта, қасам хӯрд ва бо ин кӯҳансолтарин сиёсатмадоре шуд, ки дар мансаби президенти Иёлоти Муттаҳида кор хоҳад кард.

Ӯ баъд аз президент Доналд Трамп ба ин мақом расид. Муовини президент Камола Ҳаррис чанд лаҳза пеш аз ӯ савганд ёд кард ва аввалин зан ва намояндаи ақаллиятҳои Амрико шуд, ки дар ин мақом фаъолият хоҳад дошт.

Бино ба гузориши матбуоти Амрико, Ҷо Байден дар суханронии худ, ки дар фазои пандемияи коронавируси нав ва ҳамлаи ҷонибдорони хашмгини Трамп ба Капитолий дар 6-уми январ ироа шуд, гуфт, ҳанӯз кори зиёде барои “муттаҳид кардани мардум” анҷом бояд дод.

“Демократия пирӯз шуд”, - гуфт ӯ ва афзуд: “Имрӯз рӯзи Амрико аст. Имрӯз рӯзи демократия аст. Рӯзи таърихӣ ва умед, бозбинӣ ва мусолиҳа аст”.

Ӯ, инчунин, ба ҷаҳони берун паём дод, ки равобит бо шарикон “тармим” мешавад:

“Мо муносибати шарикиамонро тармим мекунем, дубора бо ҷаҳон ба ҳам меоем, то ки на бо чолишҳои дирӯза, балки бо чолишҳои имрӯзу фардо сарукор бигирем. Амрико аз имтиҳон гузашт ва мо аз ин қавитар шудем”, - изҳор дошт ӯ.

Дар 152 соли охир бори аввал президенте, ки Кохи Сафедро холӣ мекунад, дар маросими шодбоши президенти нав иштирок накард. Доналд Трамп ҳамроҳ бо ҳамсараш Мелания Трамп субҳи чаҳоршанбе Кохи Сафедро тарк карданд ва тавассути чархбол ба пойгоҳи Эндрюс ва аз он ҷо ба Флорида рафтанд.

Дар маросими худоҳофизӣ дар баробари аҳли оилаву хайрхоҳонаш Трамп гуфт: “Барои ман ифтихори калон буд, ки ҳамчун президенти Шумо хидмат кунам. Ҳазор раҳмат”.

Трамп аз дастовардҳои худ аз “бозсозӣ” шудани артиш, бунёди нирӯҳои ҳавоӣ, коҳиши қобили мулоҳизаи молиёт ё андозҳо, беҳтар кардани сифати ёрӣ ба собиқадорони ҷанг, таъини судяҳои федеролӣ ва “мӯъҷизаи тиббӣ” - эҷоди ваксинаи зидди COVID-19-ро дар фурсати “на 9 сол, балки 9 моҳ” ёдовар шуд.

Ӯ бидуни бурдани номи Ҷо Байден, ки то охир ӯро бо пирӯзиаш табрик накарду ғалабаашро эътироф накард, танҳо гуфт, ба маъмурияти нави Кохи Сафед муваффақият орзу мекунад.

Аммо муовини ӯ Майк Пенс дар маросими савгандёдкунии Ҷо Байден ҳозир шуд.


Комментарии для сайта Cackle