Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Пулдорҳо ваксина мегиранд. Бепулҳо чӣ кор кунанд?


19.01.2021 09:13

: 175

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, дастрасии нобаробар ба ваксинаи зидди коронавирус ба бӯҳрони маънавӣ мерасонад. Ин созмон, бахусус, аз дастрасии нобаробари бархе аз кишварҳо ба ваксинаи зидди коронавирус нигаронӣ кардааст.

Директори генералии СҶТ Тедрос Аданом Гебрейесус гуфт, ҳоло дар 49 кишвари доро эмкунии сартосарӣ аз коронавирус идома дошта, ба ин кишварҳо беш аз 39 миллион доза ваксина дастрас шуд. Дар баробари ин дар яке аз кишварҳои камбағалтарини дунё танҳо 25 нафар эм гирифтааст:

“Ҷаҳон дар рӯ ба рӯи хатогии маънавӣ қарор гирифтааст, ки нархи он ҳалокати инсонҳо ё зиндагӣ дар кишварҳои камбағал мебошад”, - таъкид кард Гербейесус.

Ӯ қайд кард, ки ин аз вайрон шудани як принсипи муҳими башардӯстона шаҳодат медиҳад, ки мувофиқи он ҳама одамон бояд ба ваксинаҳои зидди коронавирус дастрасии баробар дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, ин метавонад фалокатовар бошад.


Комментарии для сайта Cackle