Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҷаҳон дар гирдоби коронавирус


15.12.2020 10:31

: 114

Коронавирус дар ҷаҳон ҳамоно бедодгарӣ мекунад. Табибони Бритониё хабар доданд, ки шакли нави ин вирусро пайдо кардаанд. Як қатор кишварҳои аврупоӣ эълон карданд, ки таҷлили ҷашнҳои моҳи декабрро маҳдуд мекунанд ва ё пурра ба карантини шадид мегузаранд. Дар айни замон як қатор кишварҳои дигар дар ҷаҳон хабар доданд, ки ваксинакунонии омммавиро шурӯъ намуда ва ё бахше аз ваксинаҳоро дастрас кардаанд.


Шакли нави коронавирус дар Бритониё

Табибони бритониёӣ шакли нави коронавирусро муайян кардаанд, ки эҳтимолан сирояти он аз одам ба одам зудтар аст.

Вазири тандурустии ин кишвар Мэтт Ҳэнкок дар парламент гуфт, сироятёбӣ бо ин навъи коронавирус дар беморхонаҳои 60 ноҳияи Бритониё сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин шакли коронавирус дар лабораторияи ҳарбии Портон Даун, дар наздикии Солсбери омӯхта мешавад. Вазир гуфт, Созмони ҷаҳонии тандурустиро аз коронавируси нав огоҳонидаанд.

“Мо тақрибан ҳазор ҳолати ин вариантро, асосан дар ҷануби Англия муайян кардем”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, директори барномаи изтирории СҶТ Майкл Райан гуфт, аз варианти нави SARS-CoV-2, ки дар Англия муайян шудааст, огоҳанд ва мутахассисони созмон вазъро назорат мекунанд:

“Вақте ки мо мутатсияро ба қайд мегирем, барои арзёбии он вақт лозим аст”, - гуфт ӯ ва илова кард, ки вирус доимо тағйир меёбад.

Зимнан, вазири тандурустии Бритониё эълон кард, ки вобаста ба ҷаҳиши баланди сироятёбӣ дар пойтахти ин кишвар категорияи сеюми (баландтарини) таҳдиди эпидемиологӣ эълон карда шудааст. Вазир гуфт, вазъ дар шаҳр босуръат бад шуда истода, баъзе минтақаҳои Эссекс ва Хертфордшир низ ба категорияи сеюм афтоданд.

Қаблан мақомот мехостанд, ки аз 23 то 27 декабр ба истилоҳ “равзанаи солинавӣ”-ро боқӣ гузоранд, то англисҳо тавонанд идро бо хонавода ва дӯстонашон ҷашн гиранд. Ҳоло аз ин нақшаҳо даст кашидан лозим меояд.


Оғози ваксиназании оммавӣ дар якчанд кишвари ҷаҳон

Ҳукумати Фаронса аз дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, ки дар якҷоягӣ 5% вояи ваксинаи харидашударо ба кишварҳое хайр кунанд, ки қобилияти молиявии харидории онро надоранд.

Тибқи лоиҳаи COVAX, ки аз ҷониби СҶТ роҳбарӣ мешавад, то охири соли 2021 барои эмгузаронии 20% одамони камбизоати кишварҳои рӯ ба тараққӣ 2 миллиард доза ваксина ҷудо карда мешавад. Агар ИА пешниҳоди Фаронсаро дастгирӣ кунад, хайрия 65 миллион дозаро ташкил медиҳад.

Президенти ИМА Доналд Трамп аз оғози ваксинакунонии оммавӣ дар кишвараш хабар дод: “Аввалин ваксина гузаронида шуд. ИМА-ро табрик мегӯям! Ҷаҳонро табрик мегӯям!” – навишт ӯ дар саҳифаи “Твиттер”-и худ.

Пештар гузориш шуда буд, ки аъзои маъмурияти Доналд Трамп аз аввалинҳо хоҳанд буд, ки ваксина мегиранд, аммо баъдтар президент гуфт, ин тасмим таҷдиди назар шудааст.

Дар Маскав маъракаи сабткунӣ барои ваксинагирӣ алайҳи коронавирус барои кормандони марказҳои хидматрасонӣ, фарҳанг, савдо ва хидматрасонӣ кушода шуд, хабар дод муовини раиси шаҳр оид ба рушди иҷтимоӣ Анастасия Ракова.

Олмон то моҳи марти оянда 11 миллион доза ваксинаи BioNTech/Pfizer мегирад, аз ҷумла 3 то 4 миллион дар моҳи январ, хабар дод вазорати тандурустии ин кишвар. Ин ниҳод умедвор аст, ки Агентии доруҳои аврупоӣ (EMA) то охири моҳи декабр истифодаи оммавии доруро иҷозат медиҳад.

Гурӯҳи аввали ваксинаи коронавирус, ки BioNTech ва Pfizer таҳия кардаанд, ба Канада ворид шудааст. Дар ин бора сарвазири ин кишвар Ҷастин Трюдо дар “Твиттер” бо нашри акси ҳавопаймое, ки онро расонидааст, эълом кард.

Суди олии Бразилия ба ҳукумати ин кишвар 48 соат вақт дод, то санаи оғози ваксина кардани сокинон аз коронавирусро таъин кунад. Тибқи нақшаи ҳукумат, ваксинаро аввал пиронсолон, кормандони соҳаи тандурустӣ ва онҳое мегиранд, ки дар гурӯҳҳои калони қабилавӣ зиндагӣ мекунанд.

Сингапур ҳам Pfizer/BioNTech-ро барои истифода тасдиқ кард. Мақомот интизор доранд, ки гурӯҳи аввали ваксина то охири моҳи декабр ба кишвар хоҳад расид.

Аморати Муттаҳидаи Араб низ ба ваксинакунонии аҳолӣ шурӯъ кард, аммо ин кишвар тасмим дорад, ваксинаи сохти Чинро, ки аз ҷониби ширкати дорусозии Sinopharm сохта шудааст, истифода барад. Дар марҳилаи аввал ваксинаҳо дар 45 клиника ва беморхонаҳои Абу-Дабӣ пешниҳод карда мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, эмкунӣ ройгон аст.


Олмон ба карантини саросарӣ меравад

Дар арафаи Соли нав Олмон дубора маҳдудияти пурраи саросариро ҷорӣ мекунад. Рӯзи якшанбе канслери Олмон Ангела Меркел гуфт, дар кишвараш сатҳи рекордии сироятёбӣ ва фавт мушоҳида шудааст.

Магазинҳо, сартарошхонаҳо, толорҳои зебоӣ ва мактабҳо аз рӯзи 16 декабр баста мешаванд. Ба ширкатҳо тавсия дода шудааст, ки таътили солинавии кормандонашонро то ҳадди имкон дароз ва корро дар хона таъмин кунанд.

Ҷамъшавии оммавӣ дар хонаҳо, аз ҷумла дар таҷлили Соли нав маҳдуд хоҳад буд. Ҳамчунин, ҷашнгирӣ дар кӯчаҳо ва фурӯши фейерверкҳо низ манъ шуд:

“Вазъ моро водор мекунад, ки чунин тасмим гирем”, - гуфт Ангела Меркел.

Маҳдудият то 10 январ идома меёбад, аммо ин мӯҳлат метавонад тамдид карда шавад.


Норасоии шадиди катҳо ва табибон дар Шветсия

Мақомоти Шветсия гуфтанд, барои пешгирии авҷи сироятёбӣ дар арафаи Соли нав чораҳои бештар лозиманд. Шветсия ягона кишвар дар Аврупо аст, ки ягон вақт карантин ҷорӣ накард. Ҳоло, бино ба маълумоти мақомот, шумораи мубталоён босуръат меафзояд, палатаҳо ва шӯъбаҳои эҳёгарӣ дар беморхонаҳои пойтахт 99% пур шудаанд. Табибон пешгӯӣ кардаанд, ки ба зудӣ кулли беморхонаҳои кишвар ба норасоии катҳо ва кормандон рӯ ба рӯ мешаванд.

Финляндия ва Норвегия ба Шветсия ҳама гуна кӯмак, аз ҷумла кормандони тиббӣ, таҷҳизот ва дар баъзе ҳолатҳо интиқоли беморонро пешниҳод карданд. Аммо мақомоти Шветсия гуфтаанд, аини замон ба нерӯи худ такя мекунанд.


Қоидаҳои нав барои мусофирон

Як қатор ширкатҳои ҳавопаймоии бузург, аз ҷумла United, JetBlue ва Lufthansa, нақша доранд, ки дар ҳафтаҳои наздик барномаи нави мобилии CommonPass-ро ба кор дароранд. Бо ёрии он таърихи гузаштани озмоишҳо оид ба Ковид-19-и ҳар як мусофири парвози байналмилалӣ, натиҷаҳои онҳо ва инчунин дар оянда, эҳтимолан таърихи ваксинаҳоро пайгирӣ кардан имконпазир хоҳад буд.

CommonPass корбаронро дар бораи қоидаҳои парвози ширкати мушаххаси ҳавоӣ огоҳ мекунад, масалан, оид ба нишон додани натиҷаҳои манфии санҷиш.

Моҳи октябр United аллакай CommonPass-ро дар парвоз аз Лондон Ҳитроу ба Ню-Ҷерсӣ озмоиш кард.


Антирекордҳо ва маҳдудиятҳо

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ пас аз он ки сатҳи ҳаррӯзаи ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус аз ҳазор гузашт, чораҳои маҳдудиятро дар Сеул ва атрофи он шадидтар мекунанд. Мактабҳо, ҳадди ақал, то охири моҳи декабр ба омӯзиш аз тариқи онлайн мегузаранд. Як қатор корхонаҳо баста мешаванд. Ҳоло Кореяи Ҷанубӣ марҳилаи душвортарини пандемияро мегузаронад. Сатҳи маризӣ ва фавт аз ҳадди қаблӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ мушоҳида шуда буд, бамаротиб афзудааст.

Дар Ҷопон бори аввал пас аз оғози пандемия дар як рӯз зиёда аз се ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ин кишвар 181,6 ҳазор нафар бемор шуда, беш аз 2,5 ҳазор нафар фавтидаанд. Нисбат ба бисёр кишварҳои ҷаҳон ин нишондиҳандаҳо мӯътадил ҳисобида мешаванд, аммо иқтисоди Ҷопон зарбаи ҷиддӣ дидааст.

Нидерландия, ҳадди ақал, панҷ ҳафта дар саросари кишвар карантин ҷорӣ мекунад. Сарвазир Марк Рютте гуфт, аз 15 декабр то 18 январ мактабҳо ва кӯдакистонҳо, дӯконҳои ғайрихӯрокворӣ, музейҳо, боғҳои ҳайвонот, китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои давлатиро мебанданд.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ҷорӣ шудани соати комендантӣ дар Соли нав хабар дод. Манъи тарки хона бидуни сабаби узрнок 21 декабр соати 21:00 эътибор пайдо карда, рӯзи 4 январ соати 5:00 ба итмом мерасад.

Ҳукумати Украина 19 декабр маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ мекунад. Тибқи ин қарор, дар муассисаҳои таълимӣ дар доираи зиёда аз як гурӯҳ ё синф гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, чорабиниҳои идона дар муассисаҳои фароғатӣ, барҳо ва тарабхонаҳо манъ карда мешаванд. Ҳамчунин, шумораи тамошобинони музейҳо маҳдуд карда шуда, хидматрасонӣ ба меҳмонон дар муассисаҳои хӯрокворӣ аз 23 то 7 соат манъ карда мешавад. Шаби Соли нав барҳо, тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо то соати 1.00-и 1 январ кор мекунанд.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу пас аз тамос бо шахси сироятшуда бори сеюм ба карантин рафт. Дафтари матбуотии ҳукумат гуфт, карантин то 18 декабр идома меёбад. Нетаняҳу дар баҳор ду маротиба танҳонишинӣ карда буд.

Русия дар нақша надорад, ки мисли кишварҳои аврупоӣ дар ҷашнҳои моҳи декабр карантини шадид ҷорӣ намояд. Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.

Юнон чораҳои маҳдудкунандаро сабук кард. Ҳамакнун сартарошхонаҳо ва дӯконҳои китобфурӯшии кишвар метавонанд бори дигар меҳмононро бо эҳтиёт қабул кунанд. Онҳое, ки аз 14 декабр ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, бояд аз санҷиши экспресс-тести мавҷудияти вирус гузашта ва ба карантини серӯза фаро гирифта шаванд.

Дар Ӯзбекистон баргузории шабнишиниҳои солинавӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ манъ карда шуд, хабар дод матбуоти ин кишвар бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ. Ба муассисаҳои давлатӣ тавсия дода шудааст, маблағҳоеро, ки барои ин чорабиниҳо дар назар гирифта шудаанд, ба рушди маориф, тандурустӣ, ятимхонаҳо ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона кунанд.

Тақрибан 1,8 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон аз сабаби мушкилоти таъминоти об дар беморхонаҳо бо хатари сироят ба коронавирус ва дигар сироятҳо рӯ ба рӯ мешаванд. СҶТ бо нашри ин маълумот гуфт, ҳар як чорумин муассисаи тиббӣ дар ҷаҳон аз таъминоти об маҳрум аст.


Комментарии для сайта Cackle