Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Нашри рангаи “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”


23.02.2021 11:25

Количество просмотров: 73

Дар арафаи иди касбии матбуотчиён, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 11-март ҷашн гирифта мешавад, бо ташаббуси Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров нашрияи расмии ин мақоми олии қонунбарор - “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бори аввал ба таври ранга аз чоп баромад.

Аввалин шумораи маҷаллаи мазкур моҳи январи соли 1939 ба табъ расида буд. То моҳи сентябри соли 1991 маҷалла бо номи “Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ведомстҳои Шӯрои Олии ҶШС (Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) аз чоп мебаромад.

Аз соли 1946 инҷониб маҷалла моҳе як маротиба, солона 12 шумора ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва русӣ ба табъ мерасид.

Аз моҳи декабри соли 1999 маҷалла танҳо бо забонҳои тоҷикию русӣ нашр мешавад.

Тавре ки мудири бахши чопи стенограмма ва маҷаллаи “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Абдуқодир Сабзов иброз намуд, дар маҷаллаи мазкур имрӯзҳо қарору қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, матолиби иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои якҷояи палатаҳои болои ва поёнии парламент, тафсирҳои муҳими Суди Олӣ ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмиллалие, ки онҳоро Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст ва дигар матолиби ҷолиб нашр мешаванд.