Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон ва ИА ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


22.02.2021 10:22

Количество просмотров: 68

19 феврал ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ва Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Португалия Аугусто Сантос Силва роҳбарӣ карданд.

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзномаи нишаст ҷанбаҳои калидии ҳамёрӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавиро дарбар гирифт:

“Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ батафсил баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд”, - хабар дод манбаъ.

Ҳайатҳо бо қаноатмандӣ аз натиҷаи ҷаласаи 9-ми Шӯрои ҳамкорӣ омодагии худро барои пайгирии масъалаҳои матраҳшуда ва таҳкими тавсеаи доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид доштаанд.

Бино ба гузоришҳо, намояндаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, ки мақомоти тоҷик барои беҳбуди авзои ҳуқуқи башар ва озодиҳои маданӣ дар ин кишвар талош кунанд.

Вазири корҳои хориҷии Португалия Аугусто Сантос Силва ҳамчунин таъкид кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо аз барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳбуди вазъи зиндагии шаҳрвандони кишвар ҳимоят мекунад.   

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз кумакҳои Иттиҳоди Аврупо дар шароити пандемяии коронавирус миннатдорӣ изҳор кардааст. 

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз дар ҳошияи ин ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Португалия Аугусто Сантос Силва дар шакли маҷозӣ мулоқот кардааст:

“Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории Тоҷикистону Португалияро баррасӣ карда, зарурати густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва пешбурди ҳадафҳои ду кишвар дар масоили обро таъкид намуданд”, - хабар дод ВКХ.