Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистону Ӯзбекистон аз шарикии стратегӣ қаноатманданд


19.02.2021 08:32

Количество просмотров: 80

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 феврал Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳо баррасӣ шудааст.

Дар ин зимн, Сарвари давлат хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии давлати мо махсус таъкид кардаанд:

“Ҷонибҳо аз рушди мусбати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминони худро ҷиҳати идомаи мантиқии ин раванд дар оянда низ иброз намуданд”, - хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Президент.

Дар ин зимн муҳиммияти нигоҳ доштани тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд, ки дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши калидӣ доранд, таъкид гардидааст.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро барои анҷом додани сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо” расонидааст.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карда, таъмини амнияти минтақавиро ҳамчун шарти асосии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намудаанд.

Дар хотима Пешвои миллат ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар корҳояшон муваффақият ва ба мардуми бародари ӯзбек сулҳ, субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу кардаанд.