Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Мулоқоти Президент бо Дабири кулли СААД


19.02.2021 08:26

Количество просмотров: 64

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 феврал Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат Президент ба самтҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар СААД таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, Нақшаи мувофиқашудаи амалиётро барои давраи оянда тасдиқ кардаанд.

Дар ин зимн корҳои анҷомдодаи Котибот дар самти омодасозии нақшаи мазкур ва хулосаи афзалиятҳои раисии Тоҷикистон бо ташаббусҳои сарони давлатҳои узви Созмон, ки дар иҷлосияи декабрии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии соли гузашта садо дода буданд, таъкид карда шудааст.

Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд:

“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳоро дар доираи СААД барои муборизаи судманд бо тамоюлҳои паҳншавии ғояҳои радикалии харобиовар дар минтақаи масъулияти Созмон, инчунин мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии истифодаи технологияи иттилоотӣ — коммуникатсиониро махсус қайд карданд”,-хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Дар ин баробар муҳимияти пурзӯр намудани корҳо ҷиҳати татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати тадбирҳои иловагӣ оид ба паст кардани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” барои таҳияи масъалаи қабули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳое, ки дар сиғаи СААД террористӣ шинохта шудааст, таъкид гардидааст.

Ҳангоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мураккабшавии вазъи Афғонистон, инчунин ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардидааст.

Вобаста ба ин Сарвари давлат таҳкими нерӯи СААД-ро барои муборизаи самаранок бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ зарур шумурданд.