Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Мэттю Лоусон


18.02.2021 11:16

Количество просмотров: 56

Дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Мэттю Лоусон ва роҳбари Дафтари Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир Ҳонор Фланаган масоили ҳамкории дуҷониба дар доираи барномаҳои нав баррасӣ шудааст.

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо дипломати навтаъин рӯзи 16 феврал баргузор шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ аз робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ёдовар шуда, ҳозиринро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намудааст.

“Мэттю Лоусон мақсади ташрифи худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи Барномаи дастгирии навовариҳои сиёсати иқтисодӣ (“Policy Innovation Facility”) иброз намуда, бинобар ба эътидол омадани вазъ дар Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти раванди ҳадафгирии таваррум, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи ҳадаф ва таъмини суботи макроиқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд”, - хабар дод шӯъбаи матбуоти БМТ.

Ҷамолиддин Нуралиев аз татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои монетарӣ шарҳи мухтасар дода, таъкид кардааст, ки новобаста аз таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои қатъӣ тибқи нақшаи зиддибуҳронии худ, меъёри бозтамвилро тадриҷан поин бурда, меъёри захираҳои ҳатмиро аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ аз 3 ба 1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 9 ба 5 фоиз паст кард, ки дар натиҷа дастрасии манбаъҳои иловагии пардохтпазириро дар ин давраи ҳассос барои ташкилотҳои қарзӣ таъмин намуд:

“Маҳз тадбирҳои саривақтӣ имкон фароҳам овард, ки низоми бонкӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро гузошта, ҳаҷми пасандозҳо ва қарзҳо зиёд карда шуда, меъёри фоизии қарзҳо паст карда шуд. Сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт коҳиш ёфта, дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ афзуданд, ки ин аз таъмини суботи молиявӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад”, - изҳор намудааст ӯ.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон таваҷҷуҳи Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро ба низоми бонкдории исломӣ ва низоми суғурта ҷалб намуда, барои тақвият додани ҳамкорӣ дар фароҳам омадани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ барои оянда самарабахш арзёбӣ намудааст.

Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Мэттю Лоусон густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ ва суғуртаро баҳри татбиқи барномаҳои нав хуш пазируфта, барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба Ҷамолиддин Нуралиев изҳори сипос намудааст.