Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ: Аз 1-уми феврал дари масҷидҳо боз мешаванд


20.01.2021 16:54

Количество просмотров: 215

Аз 1-уми феврал дар Тоҷикистон дари масҷидҳо боз шуда, баргузории ибодати дастаҷамъона, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию ҷамъиятӣ иҷозат дода мешавад.

Қарори дахлдори дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон имрӯз, 20 январ, қабул шуд.

Дар иттилоияи Ситоди ҷумҳуриявӣ, ки рӯзи гузашта нашр шуд, таъкид гардидааст, ки риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятӣ таъмин карда шуда, шаҳрвандон “ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд”.

Бино ба ин қарор, фаъолияти масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, манъ карда мешавад.

Матни пурраи иттилоияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон чунин аст:

“Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъияте, ки дар соли 2020 ҷомеаи ҷаҳонро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ намуд, бо суръат паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус мебошад.

Ин бемории сироятӣ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ паҳн гардид ва таъсири манфии худро ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа расонид.

Вобаста ба паёмадҳои ногувори ин беморӣ қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ карда шуд.

Вобаста ба вазъи воқеии имрӯза Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.

— бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус - COVID-19 аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шавад;

— Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳурияви оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад”.

Аз ин қабл масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон, барои фаъолияти масҷидҳо ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намуданд.

Зимнан, бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, то 19 январ дар ҷумҳурӣ 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 13218 нафар (99,3%) шифо ёфтаанд.

Ба маълумоти расмӣ, то рӯзи гузашта дар Тоҷикистон 90 ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.