Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо


19.01.2021 09:04

Количество просмотров: 219

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо як қатор таъиноти кадрӣ анҷом додаанд. 18 январ Сарвари давлат бо кадрҳои таъиншуда мулоқот намудаанд.

Аз ҷумла, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва Ёқубзода Мирҳаёт ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардидаанд.

Восидиён Фарҳод бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шудааст.

Хадамоти матбуотии Сарвари давлат ҳамчунин хабар дод, ки сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба таъин гардиданд.

Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Fафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шудаанд.

Ҳамчунин, бо амрҳои Президенти Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” озод карда шуда, ба ҷои ӯ Аҳлиддин Ибодуллозода ба ин вазифа таъин шудааст.

Бо Фармони Президент, Бурҳониён Маъруфҷон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд озод карда шудааст:

“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъингардида аз мушкилоту камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар сохторҳои зикргардида ёдовар шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар системаи идораи бонкӣ, бурдани назорати ҷиддии прокурорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар самти замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мисолҳои мушаххас оварда, иҷрои ҳатмии камбудиҳоро дар муҳлатҳои муайян талаб намуданд”, - иттилоъ дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.