Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо


12.01.2021 20:58

Количество просмотров: 52

10.01.2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар иртибот ба ин фоҷеаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Индонезия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро иброз дошта, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонам».

http://prezident.tj/