Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дуоҳо ва орзуҳои неки Оғохони IV дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон


14.10.2020 16:50

Количество просмотров: 2008

Боз теъдоде аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ ва ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро барои аз нав интихоб шуданаш ба ин маснади олӣ шодбош гуфтаанд.

Аз ҷумла, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV дар барқияаш самимонатарин табрикоти худро ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи  президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати нави ӯ дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқҳои тоҷик иброз доштааст:

“Ҳамчун шарики деринаи Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  (АКДН) минбаъд низ ӯҳдадории қавии худро  барои  идомаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Шумо  дар расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи Миллии Рушд  муайяншуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии  тамоми мардуми Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Дуоҳои ман ва орзуҳои неки гарми ман Шуморо, Ҷаноби Олиро барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олиятон ва сулҳу пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд”, - изҳор доштааст ӯ.

Ҳамчунин, бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Сурия Башор Асад, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Юсуф Аҳмад Ал-Усаймин ба муносибати аз нав интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба маснади олии Президенти Тоҷикистон барқияҳои табрикӣ ирсол карда, беҳтарин табрикоту таманниёти худро изҳор доштаанд.

Ёдрас мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92 дарсади раъйҳо дар интихоботи президентии рӯзи 11 октябр барои ҳафт соли дигар Президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Рӯзи 14 октябр Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳиро эълон кард, ки тибқи он, дар интихобот 4 миллиону 238 ҳазору 839 интихобкунанда ширкат варзида, ба Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 853 ҳазору 987 нафар овоз додаанд.