Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар навбат – Қазоқистон. Ва Ҳиндустону Русия?


12.03.2021 08:42

: 192

Мақомоти Тоҷикистон аз оғози парвозҳо ба Афғонистон хабар доданд. Баъд аз як соли қатъи парвозҳои ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамсоя парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Кобул рӯзи 10 март нахустин парвоз сурат гирифтааст:

“Баъд аз як соли таваққуф аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Афғонистон “KamAir” дар масири Душанбе-Кобул парвози мунтазами ҳавоӣ ба роҳ монда шуд, ки он бозгӯи вазъи муътадили эпидемикӣ дар кишвар мебошад”, - хабар додааст директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода ба АМИТ “Ховар”.

Тавре қаблан хабар додем, аввали ин моҳ Агентии авиатсияи гражданӣ эълон кард, ки парвозҳои мунтазами байналмилалӣ ба Қазоқистону Афғонистон барқарор шуданд. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул кард.

Ҳаамкнун, дар зимни ин қарори Ситод, дар назар аст, ки аз 14 март парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Қазоқистон оғоз гарданд.

Ба гуфтаи Икром Субҳонзода, “парвози аввалин рӯзи 14 март аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Эйр Остона” бо самти Алмаато-Душанбе-Алмаато “анҷом дода мешавад”.

Ба гуфтаи ӯ, парвозҳоро бо самти Душанбе-Алмаато ва бозпас аз онҷо ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Эйр Остона” 2-парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷро мекунанд.

“Парвози аввалин аз ҷониби Тоҷикистон, ки ширкати “Сомон Эйр” анҷом мендиҳад, рӯзи 18 март ба нақша гирифта шудааст”, - иброз дошт Субҳонзода ба “Азия-Плюс”.

Таъкид мешавад, ки парвозҳо бо риояи қатъии талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ва мутобиқи ҷадвали дар сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашршуда сурат мегиранд.

Зимнан, мақомоти авиатсионӣ мегӯянд, масъалаи афзоиши парвозҳои чартерӣ ва минбаъд барқарор намудани парвозҳои мунтазам бо кишварҳои дигар низ дар ҳоли баррасист. Ба гуфтаи Субҳонзода, Тоҷикистон ҷиҳати барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Ҳиндустону Қирғизистон ва Русия низ гуфтушунид дорад.

“Бо ин давлатҳо гуфтушунид ҷараён дорад ва умедворем, ки ояндаи наздик алоқаи ҳавоӣ бо онҳо барқарор мешавад. Ҳамчунин омодагиамонро ба барқарор намудани парвозҳо бо Чин изҳор кардем, лекин то ҳол аз онҳо посух нарасидааст ва масъаларо меомӯзанд”, - қайд кардааст номбурда.

Роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хотиррасон намудааст, ки бо мақомоти марбутаи Русия аз моҳи июни соли гузашта гуфтушунидҳо дар ин хусус ҷараён доранд.

“Ҳар ду ҷониб қарори ситоди фаврии Русияро оид ба мубориза бо коронавирус интизоранд ва агар масъала мусбат ҳал шавад, алоқаи ҳавоӣ барқарор карда мешавад”, - илова кардааст ӯ.

Ба гуфтаи Субҳонзода, ҳамзамон дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати афзоиш додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе, Агентии авиатсияи гражданӣ бо мақомоти авиатсионии он кишвар ҳамкорӣ карда истодааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи корӣ, ки аввали ин моҳ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шудааст, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд.

Ҳамзамон аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дархост карда шудааст, ки хизматрасонӣ ба мусофиронро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бозхонд намудани кормандон аз рухсатии меҳнатии бемузд тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ёдрас мекунем, ки то ин вақт парвозҳои мунтазам аз Тоҷикистон ба Туркия, АМА ва Ӯзбекистон барқарор шуда буданд.


Комментарии для сайта Cackle