Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Прокуратураи генералӣ ҳабси Одинаевро “асоснок” номид


22.02.2021 10:31

: 75

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба изҳороти иттиҳоди мухолифини тоҷик “Паймони миллии Тоҷикистон” вобаста ба ҳукми зиндони муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев “зуҳуроти номатлуби вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъпайваста ва аъмолу кирдорҳои ғаразноки ӯро” такроран мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.

Муайян карда шудааст, ки бо ҳукми Суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 28 январи соли 2021 Одинаев М. бо моддаҳои 237 қисми 2 бандҳои “б, в”, 307 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва писараш Ризоев Ҳабибулло бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “б, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудаанд. Тибқи ҳукми ин суд, ба Одинаев М. ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият дар самти ҳуқуқшиносӣ ба муҳлати 5 сол ба Ризоев Ҷ. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 58 000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст:

“Одинаев М. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки ӯ 29 октябри соли 2020 бо ҳамроҳи ҳамсараш Ризоева М. ва писараш Ризоев Ҳ. ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир шуда, бо баҳонаи он ки писарашро кормандони комиссариати ҳарбӣ беасос ба хизмати ҳарбӣ даъват намудаанд, дар муддати 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба кормандони комиссариати ҳарбӣ дашномҳои қабеҳ дода, дар сурати ба хизмати ҳарбӣ бурдани писараш таҳдиди истифодаи зӯрӣ намудааст”, - омадааст дар изҳороти Прокуратура.

Гуфта шудааст, ғайр аз ин Одинаев М. ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон худро дар шабакаи интернетии иҷтимоии “Фейсбук” ба қайд гирифта, 16 ноябри соли 2020 дар саҳифаи интернетии худ аксҳои намояндагони ҲНИТ, “Гурӯҳи 24” ва “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро ҷой дода, “дар муроҷиатҳои иғвоангези худ оид ба сиёсати роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон беасос норозигӣ баён намуда, бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ одамонро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар назди бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудааст”.

Ёдрас мекунем, ки 5 декабри соли гузашта мақомот аз дастгир шудани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев хабар доданд.


Комментарии для сайта Cackle