Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҷиноят дар Тоҷикистон афзудаааст


22.02.2021 10:26

: 230

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуоти рӯзи 19 феврал вазъи вобаста ба ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ва пурсарусадотарин ҳаводиси моҳҳои охирро шарҳ дод.


Як амали террористӣ пешгирӣ шуд

Бино ба хабари масъулини Вазорат, соли гузашта як ҳодисаи террористӣ пешгирӣ карда шуд. Як сокини маҳаллӣ, ки пайрави созмони террористии дар Тоҷикистон мамнуи “Давлати исломӣ” буда, зидди кормандони милитсия барои анҷоми амали террористӣ омодагӣ мегирифт, боздошт гардид, хабар дод вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса маълумоти бештар надоданд, аммо зикр шуд, ки нафари муттаҳам бо ҳукми суд маҳкум гардид.

Ба маълумоти мақомот, дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1091 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор ва 271 нафар ҷонибдорони созмонҳои террористиву ифротгаро дастгир шуданд. Аз ин “Бародарони мусулмон” – 148 нафар, “Давлати Исломӣ” - 39, “Гурӯҳи 24” - 8, “Ҳизби наҳзати ислом” - 17, “Ансоруллоҳ” - 8, “Ал-Қоида” - 3 нафар ва “Ҳаракати Толибон” -1 нафар будаанд.


Вазир: Одинаев шиканҷа нашудааст

Ҳамчунин, Вазири корҳои дохилӣ қазияи боздошт ва ҳабси муовини раиси Ҳизиб сотсиал – демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро шарҳ дода, шиканҷа шудани ӯ аз сӯи кормандони милитсияро рад кард. Одинаев замони эълони ҳукмаш гуфта буда, ки кормандони милитсия ӯро ҳангоми бозпурсӣ таҳти шиканҷа қарор доданд.

“Одинаев ҷиноят содир карда, пинҳон шуд ва касе ҳам ӯро шиканҷа накардааст. Баъд, аз худи ӯ напурсидед, ки вақте нисбат ба намояндаи давлат ҷиноят содир кардӣ, куҷо пинҳон шудӣ? Вақте пинҳон шуд дар таҳхона, ҳамонҷо худаш, худро шиканҷа кардааст, азоб кашид, баъд мо гирифта овардем, тафтишот бурдем ва суд баҳои ҳуқуқӣ дод”, - изҳор дошт Рамазон Раҳимзода.

Маҳмурод Одинаев рӯзи 28-уми январи имсол бо ҳукми Суди ноҳияи Рӯдакӣ ба авбошӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият айбдор эълон гардида, ба муҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуд.


“Ҳолатҳои нав” дар парвандаи Хӯҷа Каримов

Дар айни замон Вазири корҳои дохилӣ аз ошкор шудани боз як далели содир шудани ҷиноят аз сӯйи Хӯҷа Каримов, маъруф ба номи Хӯҷа-Командир, маълумот дод. Ба гуфтаи Раҳимзода, Хӯҷа Каримов дар баробари даст доштан дар 20 ҳолати куштор, ҳамчунин дар таҷовуз ба номус низ муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта шуд, ба иловаи ин маҷмӯи ҷиноятҳо, ки Хӯҷа - Командир дар содир кардани онҳо муттаҳам дониста мешавад, ҳамчунин дар дасти онҳо санҷишҳое мавҷуданд, ки ҷиноятҳои дигари ин нафарро бозгӯ мекунанд. “Чанд ҳолати нав”, ки вазир аз ошкор шудани онҳо маълумот дод, таҷовуз ба номус, гаравгонгирӣ ва куштор будаанд, ки низ барои баррасӣ ба прокуратура ирсол мешаванд.

Қаблан Прокурори генералии Тоҷикистон хабар дод, ки тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Хӯҷа Каримов ба анҷом расида, ба суд ирсол шудааст.


Сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”: ду нафар дастгир шуданд

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-ро шарҳ дода гуфт, он бо айби соҳибкор – аз беэҳтиётӣ рух дода, омили асосӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳо будааст.

Зикр гардид, ки дар робита ба ин ҳодиса ду нафар дастгир шуда, онҳо барои содир кардани кирдори ғайриқонунӣ ва ба ҷамъият хавфнок айбдор дониста мешаванд.

Сӯхтор дар бозори “Султони Кабир” рӯзи 25 январ рух дода, мақомот ҳаҷми умумии зарари расонидашударо 800 ҳазор сомонӣ арёзбӣ карданд. Гуфта мешуд, сӯхторнишонон ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ молу маҳсулоти мардумро аз сӯхтор наҷот доданд.


Мусодираи беш аз 1,1 тонна мухаддирот

Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта аз ҷониби кормандони ВКД 1 тоннаву 117 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 49,2 кило героин, 481,2 кило афюн, 502,2 кило ҳашиш, наздики 65 кило бангдона (каннабис) ёфт ва мусодира шуд:

“Кормандони ВКД фаъолияти 10 гурӯҳи муташаккили машғул ба қочоқ ва хариду фурӯши маводи нашъаоварро дар ҳайати 37 нафар қатъ намуданд”, - маълумот дода шуд дар нишаст.

Қаблан Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дод, ки сохторҳои қудратии кишвар соли 2020, дар умум, 2 тоннаву 425 кило маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира карданд.


Ҷинояту ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

Гуфта шуд, дар соли 2020 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 18 ҳазору 887 ҷиноят ошкор гардидааст, ки кушодашавии онҳо 83 фоизро ташкил медиҳад. Соли 2019 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 969 ҷиноят содир шуда, ошкоршавии он 85,8 фоизро ташкил медод.

Соли гузашта дар Тоҷикистон, аз ҷумла, 107 ҷинояти куштор, 33 роҳзанӣ, 161 ғоратгарӣ, 1325 авбошӣ, 2866 қаллобӣ, 6197 дуздӣ, 135 ҳолати зарари вазнин ба саломатӣ, 34 далели таҷовуз ба номус, 12 ҳолати хариду фурӯши одамон, 1325 ҳолати авбошӣ, 44 ҳолати гардиши ғайриқонунии силоҳ, 602 ҳолати қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва 42 далели ҷиноят бо истифода аз аслиҳа ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.

Соли гузашта аз аҳолӣ 54 автомат, 65 таппонча, 138 милтиқу туфанг, 302 адад силоҳи суфтамил ва дигар навъҳои муҳимот мусодира шуданд.

Дар муқоиса бо соли 2019 шумори ҷиноятҳо 1464 адад зиёд шудааст. 2 ҳазору 71 нафар мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, 1 ҳазору 973 нафар боздошт шудаанд.


Комментарии для сайта Cackle