Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ронандаи таксиро бо 42 зарби корд ба ҳалокат расонид


19.02.2021 08:54

: 88

Мақомоти милитсияи пойтахт нафаре, ки як ронандаи таксиро бо 42 зарби корд ба ҳалокат расонидааст, дастгир кардаанд. Ҷасади ба хун оғуштаи ин ронандаи тахминан 20-25-сола шаби 15 ба 16 феврал дар кӯчаи Деҳотии пойтахт дар дохили автомашинаи мусофиркашони тамғаи “Хундай-Солярис”, рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфт шудааст.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими ҷавон 42 зарби корд мушоҳида шуд.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ, санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад:

“Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд”, - мегӯяд манбаъ.

Муайян гардидааст, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович, санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст. Дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда аз зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шудааст.

Мақомот мегӯянд, айни замон нисбат ба гумонбаршаванда Муҳиддинов Саймумин тибқи моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.


Комментарии для сайта Cackle