Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Низомҳои озуқавории ҷаҳонӣ бояд устувортар гарданд


26.10.2020 09:55

: 208

Видеоконфронсе, ки чанде пеш аз ҷониби коршиносони ФАО ва кормандони мақомоти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид, қадаме ба сӯи ин ҳадаф мебошад.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба фаъолияти ҷамъоварии иттилоот барои платформаи “Даст ба даст”- и ФАО ва инчунин Атласи (харитаи) нақшаи миллии сармоягузорӣ равона шуда буд, ки аз ҷониби гурӯҳ оид ба иттилооти геофазой (геопространственный) таҳия шудааст, ки он бояд яке аз воситаҳои самаранок дар дастгирӣ кардани қабули қарорҳои марбут ба афзалиятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ гардад.

Дар видеоконфронс, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, кормандони ФАО дар Тоҷикистон ва як қатор шарикони миллӣ аз Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони дигар кумитаву идораҳои дахлдори давлатӣ, инчунин аҳли илм ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии видеоконфронс муаррифии имкониятҳои атласи (харитаи) нақшаи сармоягузорӣ, муҳокимаи натиҷаҳои пешбинишуда ва ба мувофиқа расидан оид ба рушди минбаъдаи ин восита ва ҳуқуқи моликият буд.

“Ташаббуси даст ба дасти ФАО бизнес-модели инноватсионие мебошад, ки барои муттаҳид кардани шарикони эҳтимолӣ аз сохторҳои давлатӣ, хусусӣ, илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар бахшҳо таҳия шудааст. Интизор меравад, ки платформаи нави геофазой дар доираи ташаббуси нави Даст ба даст ба кишвар дар роҳи қабули қарорҳо дар асоси иттилооти илмӣ кӯмак хоҳад кард. Дар он инчунин иттилооти шарикони ФАО ва таъминкунандагони иттилооти ба ҳама дастрас, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва агентиҳои кайҳонӣ инъикос ёфтаанд”, - таъкид кард Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Технологияҳои рақамӣ ва геофазой (геопространственный) метавонанд ба устувории низомҳои озуқаворӣ мусоидат кунанд. Онҳо барои мониторинг, арзёбӣ ва идоракунии захираҳои хок, иқлим ва генетикӣ, инчунин мувозинати ҷанбаҳои иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии истеҳсоли устувори озуқаворӣ кӯмак мерасонанд. Онҳо ба кишоварзон иттилооти саривақтӣ ва арзишманд медиҳанд, то онҳо таҷрибаи пешқадамро азхуд кунанд, хоҷагии худро самараноктар идора кунанд ва талафотро кам ва фоидаро зиёд кунанд.

Дарки ҳолати кунунӣ ва иқтидори дигаргункунандаи рақамисозӣ дар соҳаи кишоварзии устувор дар кишвар ба ҳукуматҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ маълумоти арзишмандро фароҳам меорад.

Қаблан, ФАО барои платформаи Даст ба даст, аз ҷумла оид ба интерфейси қулайи восита ва саривақтӣ дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии COVID-19 ҷавобҳои мусбӣ гирифта буд. Қадамҳои навбатӣ омӯзишро оид ба истифодаи геопортал, чорабинии миллӣ барои пешбарии ин ташаббус ва ҷамъоварии васеи маълумот ва таҳлилро дар бар мегиранд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби гурӯҳи геофазоии “Даст ба даст” дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки аз коршиносоне, ки дар таҳияи Нақшаи миллии сармоягузорӣ иштирок мекунанд, иборат мебошад.


Комментарии для сайта Cackle