Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ротаи ҷовид


14.11.2020 15:54

: 339

12 ноябр дар тамоми қисмҳои низомии Гвардияи миллии Қазоқистон маросими ёдоварии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ (ҳоло Гвардияи миллӣ), ки 7 апрели соли 1995 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шудаанд, баргузор гардид.

Дар ин бора “Казинформ” бо истинод ба хадамоти матбуоти Гвардияи миллии Қазоқистон хабар дод.

Бино ба ин гузориш, аксияи “Рӯзи хотира ва шуҷоат” ба 25-умин солгарди санаи фоҷиаборе рост меояд, ки ротаи ҳафтуми муттаҳидшудаи нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар дараи Пшихарви Тоҷикистон ба иҳота афтод ва бо ҷангиёни муқобил ба набарди нобаробар рӯ ба рӯ шуд. Ҷангҷӯён, ки аз ҷониби Афғонистон ҳамла карданд, интизор доштанд, пас аз як соат ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд. Аммо, онҳо ба муқовимати шадид дучор гардида ва пас аз ҷанги сахти панҷсоата маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд. Дар он ҷанги нобаробар 17 хизматчии ҳарбии рота кушта шуд, 33 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Бо фармони Президенти Қазоқистон, барои фидокорӣ ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбии худ дар ҳифзи сарҳадҳои берунаи ИДМ, пас аз марг 5 нафар бо ордени “Айбын” дараҷаи II ва 12 нафар бо медали “Жауынгерлік ерлігі үшін” қадрдонӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ бо Фармондеҳии олии Гвардияи миллӣ иштирокчиёни мустақими набарди рӯзи 7 апрел - Нуржан Байбосинов, Кайратбек Сатпаев, Динар Сибагатуллин, инчунин хизматчиёни ҳарбии сарбозоне, ки дар сарҳад хизмат мекарданд, ширкат варзидаанд.

- Аксияи “Рӯзи хотира ва шуҷоат” дар тамоми қисмҳои низомии Гвардияи миллӣ бо даъвати иштирокчиёни набард, хешовандони онҳо, инчунин хизматчиёни ҳарбӣ, ки вазифаи ҳарбии худро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон иҷро карданд, рӯзи 7 апрел гузаронида мешавад. Бо сабаби чораҳои карантинӣ мо маҷбур шудем аксияро ба таъхир гузорем. Арҷгузорӣ ба сарбозони мо шараф аст, алахусус санаи 12 ноябр тасодуфӣ интихоб нашудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, дақиқан 9 сол қабл, 12 ноябри соли 2011, ҳамватан ва ҳамяроқи мо, капитани милитсия Газиз Байтасов ба ивази ҷони худ, бо бадани худ пӯшондани ҷинояткор, ки норинҷакро мунфаҷир кард, даҳҳо нафарро дар Тараз наҷот дод, - гуфт муовини Сарфармондеҳи Гвардияи миллии Қазоқистон, генерал-майор Алибек Сералиев.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз соли 1993 то 1999 зиёда аз ду ҳазор сарбозон ва афсарони воҳидҳои оперативии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар ҳайати баталиони алоҳидаи муттаҳидшудаи Қазоқистон вазифаҳои ҷангиро барои ҳифзи сарҳадҳои берунаи ИДМ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон иҷро карданд. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои хидмат дар Тоҷикистон баталиони муттаҳидшудаи Қазоқистон (аз ҳисоби ҳайати низомии Вазорати мудофиа, Хадамоти марзбонӣ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ташкил карда шудааст), 43 низомӣ кушта ва беш аз 100 нафар посдорони сулҳ маҷрӯҳ шудаанд.

Хотираҳои худро оид ба он рӯйдодҳои мудҳиш муовини фармондеҳи қисми низомии 6506 (Чимкент), ҳоло сардори факултети Гвардияи миллии Донишгоҳи миллии дифоъи Қазоқистон генерал-майор Ҷумабек Ахметов, ки он замон ротаи ҳафтуми муттаҳидшударо ба марз мефиристод, нақл кардааст:

- Ротаи 7-уми муттаҳидшуда дар марз аз 3 март то 8 июни соли 1995 супоришҳоро иҷро кард. Вақте ки ин фоҷиа рух дод, як комиссияи ҳукуматӣ аз Қазоқистон (ба Тоҷикистон) парвоз кард, ки ба он як қатор афсарон ва хизматчиёни ҳарбӣ барои расонидани кӯмак шомил буданд. Ман низ дар ин ҳайат будам. Вазифаи мо, пеш аз ҳама, шиносоии ҷасадҳо буд. Онҳоро дақиқ муайян кардан лозим буд. Мо маҷбур шудем, ки боқимондаҳои ҷасади баъзе аз хизматчиёни ҳарбии худро қисм-қисм ҷамъ оварем. Пас аз он ба интиқоли фавтидагон ва маҷрӯҳон ба Қазоқистон, ташкили маросими дафни шаҳрвандӣ ва расонидани кӯмаки равонӣ ба маҷрӯҳон машғул шудем. Чизи асосӣ барои мо ба сафари охирин сазовор гусел кардани дӯстоне буд, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ фавтиданд, - нақл кард ӯ.

Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи сарбозони ҳалокшуда дар Қазоқистон кӯчаҳо ва мактабҳо бо номи онҳо гузошта шудаанд. Дар Душанбе, Нур-Султон, Чимкент ва дигар шаҳрҳо, инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ муҷассамаҳо ва пайкараҳо қомат афртохтаанд.

Соли 2019 бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ ва Сарфармондеҳи Гвардияи миллии Қазоқистон дар асоси рӯйдодҳои воқеии он замон филми бадеӣ ва сериалии “Казбат” ба навор гирифта шуд.

Дар рӯзи ёдоварӣ ва шуҷоат хизматчиёни ҳарбие, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон хидмат кардаанд, бо мукофотҳои идоравии Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллии Қазоқистон сарфароз гардонида шудаанд. Дар маҷмӯъ, 175 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорон бо мукофотҳои идоравии Тоҷикистон ва Қазоқистон сарфароз гардидаанд.


Комментарии для сайта Cackle