Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қадрдонии Манижа бо ордени “Дӯстӣ”


18.03.2021 09:40

: 1689

"Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд".

(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)


Ба “Евровидение-2021” роҳ ёфтани тоҷикдухтар Манижа Сангин мағзҳои зиёдеро такон дод. Бисёриҳо ба “гап задан” даромаданд, шореҳу коршинос шуданд, мусиқишиносу овозшинос шуданд.

То сатҳҳои хеле баланди сиёсати Русия мавқеъгирӣ карданд.

Нек ҳам гуфтанд, бад ҳам, хеле бад ҳам.

Ба назар чунин мерасад, ки ҳоло мавзӯъи муҳимтар аз ин нест, ки зодаи як кишвари дигар шӯҳрату обрӯ касб кардаву ҳамакнун Русияро дар яке аз бузургтарин толорҳои Аврупо муаррифӣ мекунад. Гӯё агар Манижа зодаи Тоҷикистон ва ҳоло шаҳрванди Русия намебуд, намояндаи ин кишвар ҳатман ҷоизаи асосии “Евровидение-2021” соҳиб мешуд. Шояд солиёни қабл чунин буд, шояд солҳои баъдӣ чунин шавад.

Имсол чунин нахоҳад буд. Имсол интихоби мардуми фарҳангпарвару санъатдӯсти Русия маҳз болои Манижа қарор гирифт.

Бо вуҷуди ин, ҳар қадар, ки замони баргузории озмун наздик мешавад, гуфтугӯҳо дар мавриди ин ки чаро Русияро дар “Евровидение-2021” маҳз Манижа намояндагӣ ва муаррифӣ мекунад, ҳамон қадар бештар мешаванд. Дуруст аст, ки аз баҳсу баррасиҳои аллакай дерҳангом ва пасту баландгӯиҳои бемаънӣ чизе тағйир намеёбад. Обрӯи Манижа ҳам кам намешавад, баръакс, шӯҳрати ӯ меафзояд. Аммо онҳое, ки ин ҳама маъракаро роҳ андохтаанд, аз ҷумла, онҳое, ки худро санъаткору фарҳангӣ меҳисобанд, чизе нахоҳанд гирифт. Зеро Манижа ва санъату ҳунари ӯ ҳамон корвонест, ки бо роҳи худ меравад.

Ва натанҳо ин. Амалан, ин инқилоби фарҳангист, ки ҷомеаи Русияро ба ду гуруҳ тақсим кард: ҷонибдорон ва ғараздорон. Мағзҳое, ки натавонистанд, ба бузургтарин озмуни минтақаӣ – аврупоӣ роҳ ёфтани намояндаи як миллати дигарро таҳаммул кунанд, ошкоро ба сангари муқобил баромаданд. Ва заъфи худро ба намоиш гузоштанд: ба “Евровидение-2021” роҳёбии Манижаро маҳз оҳанги миллатгароӣ доданд...

Аммо Манижа ба зоти худ танҳо нест. Аз ӯ ҳукумати Русия пуштибонӣ кард, маъруфтарин овозхонҳову санъаткорон, фарҳангиёну зиёиёни асил, сиёсатмадорони сатҳи баланд, ҳатто тоҷирону варзишгарон ӯро ҷонибдориву дастгирӣ карданд. Зеро дарк карданд, ки Манижа ба озмун роҳ ёфтаву ба қавли худаш, “ба касе бадӣ накардааст”.

Фазои умумии ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия ҳоло ҳамин тавр аст.

Воқеан, хандаовар ҳам ҳаст: ҳатто ноуҳдабароён, ба қавле “гапзан” шудаанд. Кадом нашрияе ҳам пайдо шуду гӯё пурсиш гузаронида, маълум кард, ки “чанд нафар Манижа Сангинро мешиносанд”. Дастгоҳҳои тарғиботӣ, дар мисоли рӯзномаҳову агентиҳои хабарӣ ин ба ном пурсишро дастак кардаву бо забонҳои гуногун сарлавҳаҳои ҳангомабарангез гузоштанд, ки “аксари русиягиҳо Манижаро намешиносанд”.

Аммо аксар шореҳону ба ном “коршиносон” чанд ҳолатро сарфи назар мекунанд. Дидаву дониста, эътироф намекунанд. Нахуст ин ки Русия бо он қадар иддаое, ки дар санъату мусиқӣ дорад, натавонист дар баробари Манижа сазовори озмуни имсола пайдо кунад. Дуввум, ин интихоби мардум аст, ки дар симои Манижа муаррифгари фарҳангу санъати худро диданд. Саввум, Манижа кайҳо эътирофшуда аст: аввалин сафири сулҳи СММ оид ба гурезаҳо аз Русия (2020), барандаи ҷоизаи “MTV Europe Music Awards” (2020), панҷ албоми мусиқӣ танҳо дар 8 соли охир, ки миллионҳо шунаванда доранд, муаррифгари ҳамаи фестивалҳои мусиқии Русия аз соли 2016 ба ин тараф.

Аз сӯи дигар, ҳоло таронаи “Russian Woman”, ки Манижа онро дар “Евровидение-2021” суруданист, баъди гузошта шуданаш дар YouTube-канали озмун ба қатори сегонаи сертамошобин шомил шуда, то рӯзи гузашта онро беш аз 4 миллион бор тамошо кардаанд.

Яъне, дар асл, ин ки интихоби Манижа ба ҳайси муаррифгари Русия дар “Евровидение-2021” воқеист, ҷойи баҳс надорад. Инро ҳатто маъруфтарин санъаткорону фарҳанигиёни Русия эътироф кардаанд. Танҳо бо далели ин ки намояндаи миллати тоҷик аст, набояд мавриди сангзаниву пастзаниву ҳатто таҳқиру тавҳин қарор гирад. Балки муттаҳидие мебояд дар атрофи ӯ, дастгирӣ мебояд. Ваҳдату дастгирӣ метавонад ӯро дар ин озмун муваффақ гардонад.

Ҳоло гуфтан душвор аст, ки дар озмун ба чӣ муваффақ мешавад, аммо ҳамон тавре ки худаш гуфт, омодагияш ҷиддист. Танҳо ин муҳим аст, ки аз ҳоло ба заҳмате, ки намояндаи як миллати дигар барои муаррифии Русия мекунад, бояд арҷгузорӣ сурат гирад.

Аксар мардуми Русия аз Манижа ҷонибдорӣ мекунанд. Мусиқашиносони асил, фарҳангиёни барҷаста ӯро роҳнамоӣ мекунанд. Сарфи назар аз фазосозии расонаҳо дар муқобили интихоби ӯ – Манижа танҳо нест. Ва ҳам мушоҳида мешавад, ки ВАО-и Русия низ илоҷи дигаре ба ҷуз эътирофи ин интихоби мардумро надоранд. Дер ё зуд аз маъракаи зидди Манижа хаста мешаванд.

Агар чунин шавад, ки Манижа бо ҷоизаи “Евровидение-2021” ба Маскав баргардад чӣ? Онҳое, ки ҳоло ба сангзаниву пастзанӣ машғуланд, чӣ хоҳанд гуфт?

Аммо Манижа намояндаи танҳо Русия дар “Евровидение-2021” нест. Ӯ ҳамзамон муаррифгари Тоҷикистон аст, нахустин намояндаи Осиёи Марказӣ аст. Садои ӯ дар қалби Аврупо танҳо муаррифгари санъати Русия нахоҳад буд, ин садои миллионҳо муҳоҷирон ва садҳо ҳазор занон хоҳад буд. Ӯ ин ҳамаро ҳамчун сафири сулҳ ба гӯши ҷаҳониён хоҳад расонид.

Ба назарам, беҳтар мебуд масъулони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон низ дар ин раванд бетараф набошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтаанд, ки аҳли фарҳанг ва олимону зиёиёни тоҷик “барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд”.

Аз ин дидгоҳ Манижа метавонад намунае аз ҳамин гуна фарҳангиён бошад. Новобаста аз натиҷаи озмуни “Евровидение-2021”, ки дар он чӣ дастоварде хоҳад дошт, аллакай ӯ барои муаррифии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузорад.

Бо ин далел, чунин мешуморам, ки бо ордени “Дӯстӣ”-и Тоҷикистон қадрдонӣ гардидани ӯ далеле бар эътирофи санъату ҳунари ӯ хоҳад буд. Таври маълум, ин орден ба нафароне дода мешавад, ки “ҷиҳати таҳқими сулҳу дустӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва манфиатҳои иҷтимоии он, барои саҳми бузурги шахсӣ дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва ақлии Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳм гузоштаанд. Бовар дорам, ки дар зимни чунин як қадршиносӣ ӯ минбаъд низ барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳангу санъат, таҳкими равобит ва пойбарҷоии сулҳу субот талош хоҳад кард.

Ҳамзамон ба ин назарам, ки ба орден сазовор донистани ӯ танҳо далеле барои дӯстиву рафоқат, ҳамзистии осоишта ва боз ҳам наздикшавии мардумони Тоҷикистону Русия хоҳад буд.


Муним Оламов

Директори генералии

ҶДММ “ИмрӯзNews”


Комментарии для сайта Cackle