Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Чӣ гуна сармоягузорро мегурезонанд?


12.03.2021 08:57

: 313

Сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мавзӯъи аслии суҳбатҳост. Дар ин замина ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор барномаҳоеро амалӣ мекунад, ки ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандии соҳибкорону сармоягузорон равона шудаанд. Пешниҳоди даҳҳо номгӯи имтиёзу сабукиҳо, таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ, дарёфти қарзҳои имтиёзнок, ислоҳоти қонунгузорӣ ва сабукгардонии андозиву гумрукӣ аз ҷумлаи ин талошҳои Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, ки фазои сармоягузориро дар ҷумҳурӣ мусоид кардаанд. Ҳамин аст, ки барои мисол, танҳо дар соли гузашта, сарфи назар аз мушкилоти марбут ба пандемияи коронавирус, Тоҷикистон мавқеъи худро дар “Индекси озодиҳои иқтисодӣ” якбора 21 зина беҳтар кардааст.

Аммо, дар айни замон баъзан омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба фирори сармоягузорон ва ё мушкилоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон боис шаванд. Дуруст аст, ки баҳсҳои алоҳидаи судӣ, қазияҳои марбут ба додугирифти сармоя ва ё моликият ва ҳолатҳои монанд ба ин баёнгари вазъи умумӣ нестанд, аммо дар мисоли қазияе, ки дар ин матлаб баррасӣ мешавад, мушоҳида мешавад, ки ҳамин гуна ҳолатҳо боиси дилсардии сармоягузор мегарданд, бахусус, дар ҳолате, ки гап сари сармоягузори хориҷӣ ва маблағҳои бузург меравад.

Муҳтавои баҳс ин аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба тиҷорат ва сармоягузорӣ дохили ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ машғул аст, бо шарикони хориҷӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ба мувофиқа мерасанд. Лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намуда, сармоягузории тарҳҳои дигарро ба нақша мегиранд.

Дар зимни ба миён омадани мушкилоти тиҷоратӣ шарикони хориҷӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки ба ивази маблағҳояш моликияти онҳоро, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти ҷумҳурӣ воқеъ аст, ба соҳибияти худ қабул кунад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон пешниҳодро пазируфтаву ҷиҳати ҳисоббаробаркунӣ бинои 16-ошёнаеро, ки дар кӯчаи Пушкини шаҳри Душанбе бо маблағи шарикони хориҷӣ бунёд шудаву моликияти онҳо ба ҳисоб меравад, ба ивази маблағҳояш қабул мекунад. Баъди ҳуҷҷатгузории марбута ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан омадаву бо ҳолате рӯ ба рӯ мегардад, ки қонунгузории ҷумҳурӣ онро “қонуншиканӣ” ва ҳатто “ҷиноят” тафсир кардаанд: сохтакории ҳуҷҷатҳо ва ғасби моликият.

Ҳам ин шаҳрванд ва ҳам шарикони хориҷияш, ки сохтмони ин бинои баландошёнаро сармоягузорӣ кардаанд, бехабар аз он мемонанд, ки бино “соҳиб”-и нав пайдо кардааст ва ин “соҳиб”-и нав аз роҳи тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва мусоидати корманди идораи нотариалӣ моликиятро ба соҳибияти худ даровардааст. Ҳамакнун ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои аслии бино дар даст ба ватан баргаштаву бо шаҳрванди дигар, ки дар асл, танҳо масъулияти сохтмонро ба уҳда дошт (пудратчии генералӣ буд), вориди баҳс шудааст.

Мухтасари баҳс ин гуна аст: Аввали соли 2012 ширкати хориҷии “WORLD DEVELOPMENT CORP.” бо дигар шаҳрванди Тоҷикистон - Халилов Муҳаммад-Алӣ Салимович шартнома оид ба сармоягузорӣ дар сохтмони манзили истиқоматии 16-ошёнаро ба имзо мерасонанд. Мебоист ин бинои дорои марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм, нимтаҳхона ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе (ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Пушкин) сохта мешуд.

Гап сари ин бино меравад


Тибқи тавофуқот, пудратчии генералӣ Халилов Муҳаммад-Алӣ Салимович сохтмони онро дар семоҳаи якуми соли 2012 оғоз намуда, дар асоси нақша дар семоҳаи чоруми соли 2014 ба итмом мерасонид ва сармоягузор барои ин тарҳ 10 млн доллар сармоягузорӣ мекард.

Баъд аз тасвиби шартнома, бо далели ин ки пудратчии генералӣ суратҳисоби бонкӣ надошт, маблағи барои сохтмони бино пешбинишуда ба таври нақдӣ ба ӯ дода шудааст.

Дар идома, моҳи июни соли 2018 бо дархости ширкати “WORLD DEVELOPMENT CORP.” шартномаи сеҷониба оид ба гузашти қисми ҳисса ба имзо расонида шудааст. Шаҳрванд Халилов Муҳаммад-Алӣ Салимович ва ширкати дигари хориҷӣ – “MERSEA LIMITED” ба ҳайси тарафҳои дигари ин шартнома иштирок кардаанд. Тибқи ин шартнома, ки дар мақомоти нотариалӣ расман сабт шудааст, ширкати “WORLD DEVELOPMENT CORP.” қисми ҳиссаи худро (аз ҳисоби қарздории Халилов Муҳаммад-Алӣ Салимович) дар ҳаҷми 4 млн. доллар ба ширкати “MERSEA LIMITED” медиҳад. Аз ин ҳисоб қарзи шаҳрванд Салимов М.С. дар назди ширкати “WORLD DEVELOPMENT CORP.” ба андозаи 4 млн. доллар кам карда мешавад.

Баъди ин баҳсу баррасиҳо дар заминаи сохтакории ҳуҷҷатҳо шурӯъ мегарданд. Зеро Салимов М.С., ки дар ин шартнома ҳамчун Пудратчии генералӣ ҳузур дорад, бо истифода аз василаҳои номашрӯъ ба “соҳиб”-и аслии моликият таблдил меёбад. Ҳамакнун ба ин баҳс як масъули идораи нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам ҷалб шудааст. Бино ба хулосаи экспертиза, маҳз ҳамин корманди идораи нотариалӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ мусоидат кардааст.

Тибқи шартномаи сеҷонибаи санаи 4-уми июни соли 2018 тасвибшуда, мебоист шаҳрванд Халилов М.С. ҷиҳати иҷроиши уҳдадории худ дар қисми пардохти 4 млн доллар қарз, дар 20 рӯзи оянда дар ҳаҷми 4200 метри мураббаъ таҳхона, ошёнаҳои якум ва дуюми бинои истиқоматии мазкурро, ки аллакай сохта, ба истифода супорида шуда буд, ба ширкати “MERSEA LIMITED” супорад.

Аммо шаҳрванд Халилов М.С. тибқи шартномаи ба ҳуқуқи моликият супоридани бинои маркази савдо, аз 2-юми июни соли 2018, дар намояндагии Халилов Салим Мадумарович, ки падари Халилов М.С. мебошад ва ҳамзамон ҳамчун ваколатдори ширкати “MERSEA LIMITED” баромад мекард, танҳо ба андозаи 1,335,3 метри мураббаъи бинои ҳиссагиро дар ошёнаи якуми бино ба “MERSEA LIMITED” месупорад.

Дар ҳамин ҷо, бино ба гуфтаи намояндаи ҳуқуқии “MERSEA LIMITED” Гулчеҳра Ачилова, шаҳрванд Халилов М.С. “бо роҳи пинҳонӣ ва фиреб, бо мақсади тасарруфи молу мулки ин ширкат” бо маслиҳати пешакӣ бо як корманди Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, санаи 12-уми октябри соли 2018 гӯё бо ҳамроҳии падараш Халилов Салим Мадумарович (аз номи падараш) аризаи сохтакоришудаеро оид ба бекор намудани шартномаи ба ҳуқуқи моликият супоридани бинои маркази савдоро омода намуда, таҳти №7Д-1691 ба қайди расмӣ мегузоранд.

Нахуст сохтакории ин санадҳо ба он аён мешавад, ки дар асл, Халилов С.М. санаи 12-уми октябри соли 2018 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуд, балки аввал дар Қазоқистон ва баъдан дар Латвия қарор дошт. Бино ба нусхаи шиносномаи хориҷӣ, ки маҳфуз аст, ӯ санаи 25-уми октябри соли 2018 ба Тоҷикистон баргаштааст.

Ҳамин тавр, аризаи сохтакоришудаи болозикрро асос карда, бо мусоидати корманди Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шартномаи ба ҳуқуқи моликият супоридани бинои маркази савдо бекор карда шуда, маркази савдо ба соҳибияти шаҳрванд Халилов М.С. дода мешавад. Номбурда баъди аз тариқи ин ҳуҷҷатҳои сохтакоришуда азонихуд намудани масоҳате, ки ба ширкати “MERSEA LIMITED” мутаалиқ буд, моҳи марти соли 2019 онро ба ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ба иҷора медиҳад.

“Аҷобат”-и ин қазия ва сохтакориҳо бо ҳамин тамом намешавад. Ҳам шаҳрванд Халилов М.С. ва ҳам корманди идораи нотариалии давлатӣ низ аъмоли ғайриқонунии худро бо ҳамин хотима намедиҳанд. Тибқи ваколатномае, ки 16-уми ноябри соли 2018, таҳти №7Д-1861 дар Идораи нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба қайди расмӣ гирифта шудааст, гӯё Халилов С. М. ба писараш Халилов М. С. аз номи ширкати хориҷии “MERSEA LIMITED” ваколатнома додааст, ки аз 10-уми октябри соли 2018 ҳуқуқи анҷом додани ваколатҳоро дорад. Аммо корманди идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ин ваколатномаро дар китоби бақайдгирии ҳуҷҷатҳои марбут таҳти №1861 аз санаи 15-уми ноябри соли 2018 ба қайд гузоштааст, на 16-уми ноябри соли 2018, тавре ки дар худи ваколатнома дарҷ шудааст.

Шаҳрванд Халилов М.С. ва корманди идораи нотариалии давлатӣ ба он хотир наметавонистанд санаи сабти нотариалии ваколатномаро 16-уми ноябри соли 2018 нишон диҳанд, ки ҳамон рӯз (16-уми ноябри соли 2018) падари Халилов М.С. - Халилов С.М. вафот кард.

Баъдан тартиб дода шудани ин ваколатнома ва дар китоби идораи нотариалӣ сабт шудани онро ҳолати дигар ҳам аён месозад: дар қисми поёнии саҳифа (берун аз хатҳои саҳифа) ва бо андозаи нисбатан хурд ва ғайримаъмулӣ дастнавис шудааст, ки барои сабти ҳуҷҷатҳои расмӣ хос намебошад.

Ва “қаҳрамониҳо” боз ҳам бо ҳамин тамом намешавад. Дар идома ҳатто ҳуҷҷати марбут ба фавти Халилов С.М.-ро сохтакорӣ кардаанд. Санаи 16-уми ноябри соли 2018 фавтидани номбурдаро ҳам нусхаҳои (!) шаҳодатномаи вафот тасдиқ менамоянд ва ҳам ёдномаҳое, ки бархе нашрияҳои ҷумҳурӣ нашр карданд. Халилов Салим Мадумарович зодаи шаҳри Ҳисор буд. Хабарнигороне, ки дар маросими дафни ӯ ширкат доштанд, тасдиқ карданд, ки ӯ дар ҳамин шаҳр фавтидаву ҳамон ҷо ба хок супорида шуд. Аммо ба ғайр аз шаҳодатномаи вафот таҳти силсилаи АА №0258090, ки 17-уми январи соли 2019 аз шаҳри Ҳисор дода шудааст, ҳамчунин, шаҳодатномаи вафот таҳти силсилаи АА №0258090, аз санаи 17-уми январи соли 2019 мавҷуд аст, ки дар шаҳри Ваҳдат тартиб додаанд. Дар ин шаҳодатномаҳо сабаби марг гуногун зикр шудаанд.

Аз ҷониби дигар, сохтакорӣ будани ин ҳуҷҷатҳоро тавассути имзоҳои дар онҳо мавҷудбуда муайян кардан мушкил нест. На танҳо ба таври визуалӣ ё як мушоҳидаи сарсарӣ маълум мешавад, ки имзоҳоро марҳум Халилов Салим Мадумарович нагузоштааст, балки инро экпертиза собит кардааст. Бо дархости ширкатҳои хориҷии “WORLD DEVELOPMENT CORP.” ва “MERSEA LIMITED” дар намояндагии шахси ваколатдор Гулчеҳра Ачилова, судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода Сафарбек аз Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо кардааст, ки вобаста ба ваколатномае, ки 16-уми ноябри соли 2018 дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти феҳристи №7Д-1861 сабт шудааст, хулоса диҳад. Дар Хулосаи экспертизаи судӣ – хатшиносӣ таҳти №1.1/4755/2020, аз 28-уми декабри соли 2020 гуфта шудааст:

“1. Имзо аз номи Халилов Салим Мадумарович дар сатри “Ваколатдиҳанда” (доверитель) дар Ваколатнома аз санаи 16-ноябри соли 2018, ки он аз тарафи нотариуси Идораи нотариалии давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуда, дар феҳрист таҳти №7Д-1861 ба қайд гирифта шудааст, аз тарафи худи Халилов Салим Мадумарович иҷро карда нашуда, балки аз тарафи дигар шахс бо тариқи сохтакори – иҷро карда шудааст.

2. Навиштаҷот “Халилов С.М.” дар сатри “Ваколатдиҳанда” (доверитель) дар Ваколатнома аз санаи 16-ноябри соли 2018, ки он аз тарафи нотариуси Идораи нотариалии давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуда, дар феҳристи таҳти №7Д-1861 ба қайд гирифта шудааст, аз тарафи Халилов Салим Мадумарович, иҷро карда нашуда, балки аз тарафи дигар шахс иҷро карда шудааст”.

Хулосаи экспертиза чанд варақи пуркардашудаи муқаррарӣ нест. Онро як гуруҳи мутахассисоне тартиб додаанд, ки шабурӯз бо илму технология сарукор мегиранд.

Бино ба хулосаи намояндаи ваколатдори ин ширкатҳои хориҷӣ, амалҳоеро, ки дар онҳо кирдори ғайриқонунӣ мавҷуданд, шаҳрванд Халилов Муҳаммад-Алӣ Салимович ба танҳоӣ содир карда наметавонист. Аз ин рӯ, онҳо бо мусоидати бевоситаи корманди идораи нотариуси давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки расмияти ин ҳуҷҷатҳоро тасдиқ кардааст, яъне, ба таври гуруҳӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳоло гап сари як баҳси доманадор нест. Гап сари ин аст, ки чӣ гуна як нафар бо мусоидати намояндаи идораи нотариалӣ метавонад ба аъмоле даст занад, ки на танҳо боиси фирори сармоягузор мешавад, балки ба обрӯи давлат дар назди ҳамин гуна ширкатҳои хориҷии сармоягузор таъсири баръакс мерасонад.

Тасвири умумии ҳолати бамиёномада мушкил нест. Ширкати хориҷии сармоягузор даъватҳои роҳбарияти давлатро оид ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон пазируфта, ба ҷумҳурӣ меояд, то ин ки маблағҳои бузургро ин ҷо ба гардиш гузорад. Масъала ин нест, ки ӯ 10 млн доллар сармоягузорӣ кардааст, ё 4 миллион доллар, гап сари ин аст, ки акнун ӯ на ҳамин маблағашро гирифта метавонад ва на моликияташро. Ва он ҳам бо далели ин ки шарики тиҷоратияш бо истифода аз эътимод ва ҳам сохтакории ҳуҷҷат ба тақаллуб даст задааст.

Дар мисоли ин қазия гап сари чигунагии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мерафт. Такроран таъкиди ин нукта ҷоиз аст, ки ин ҳолат баёнгари вазъи умумӣ нест, аммо ҳоло биёед, ин гуна суолгузорӣ кунем, ки он шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо шарикони хориҷӣ тиҷорати муваффақ дошт ва ин бино ҷузъе аз додугирифти байни онҳо буда, ҳуҷҷатҳои аслӣ дар ихтиёраш ҳастанд, чӣ кор кунад? Дуруст аст, ки ба барқарории адолат тавассути судҳои кишварро умед дорад, вале кӣ гуфта метавонад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон - Халилов Муҳаммад-Алӣ Салимович ва ин корманди идораи нотариалӣ бо моликияти дигарон аввалину охирин маротиба ҳамин гуна муносибат кардаанд?

Аз ин дидгоҳ ин баҳс як мавзӯъи доғро пешорӯ мегузорад.


Довуд Исматӣ

ИмрӯзNews


Аз идора: Талошҳои идораи рӯзнома барои пайдо намудани ҷониби дигари баҳс - шаҳрванди Халилов Муҳаммад-Алӣ Салимович ва ё намояндаи ваколатдори ӯ бенатиҷа анҷомиданд. Рӯзнома омода аст, ки тибқи талабти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ВАО, шарҳи онҳоро вобаста ба ин қазия ба нашр расонад.


Комментарии для сайта Cackle