Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Парчами миллӣ - рамзи соҳибистиқлолӣ


24.11.2020 11:30

: 202

Ҳар як давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол аз аҳди бостон танҳо бо доштани нишонаҳои давлатдории худ аз дигар давлатҳои фарқ мекард, ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар радифи дигар муқаддасоти миллию давлатдорӣ парчам аст, ки симои миллии давлат ва соҳибихтиёрию соҳибистиқлолии онро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад ва таҷассум менамояд.

Аз ин рӯ, гиромӣ доштан ва дифоъ кардани Парчами миллӣ нишонаи баландтарини пос доштани марзу бум ва ҳимоя намудани меҳан, волидайн, фарзанд ва инчунин, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи хеш аст.

Зеро парчам ҳамчун рамзи миллати соҳибдавлат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Таърих гувоҳ аст, ки парчамро ҳанӯз дар аҳди қадим зимни ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши артиш мебурданд. Ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.

Парачамдорию соҳибдавлатии ниёгони сарбаланду пурифтихори мо ҳанӯз аз бомдоди таърих маншаъ мегирад. Яке аз муқаддасоти миллӣ ва давлатии қавмҳои эронинжод “Дирафши ковиёнӣ” мебошад, ки аз замони давлатдории Пешдодиён то давлати салтанати Сосониён ҳамчун рамзи муҳимми давлатдорӣ маълуму машҳур будааст. Баъзе муаррихон нахустин парчами миллии мо – Дирафши Ковиёниро марбут ба парчами Коваи оҳангар донистанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармини оҳангарии худро ба найзае овехта ва онро парчами муборизаи дод бар бедод, некӣ бар бадӣ ва нур бар зулмот қарор дод.

Аз ин рӯ, парчами миллӣ мазмуни амиқи фалсафӣ дошта, он ҳадафҳои худро таҷҷасум менамояд. Мардуми шарифи тоҷик чун меросбарони асосии гузаштагони сарбаланду давлатдор ва тамаддунофару фарҳангпарвари хеш аз ин дастоварди беназир ва волотарин муқаддасоти миллӣ, ки соҳибдавлатӣ ва ҳастии моро дар масири таърих таҷассум менамояд, ифхтихори беандоза дошта бошем. Чунки ин миллати куҳанбунёд шебу фарози тӯлонии таърихро тавассути ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаю арҷмандаш тай намуда, то ба имрӯз ҳастӣ ва устувории хешро нигоҳ доштааст. Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки ин маъниро ранги сурхи парчами имрӯзаи Тоҷикистони азизи мо ба пуррагӣ инъикос ва таҷассум менамояд.

Чун меҳани маҳбуби мо ба истиқлол расид, бо вуҷуди сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, ки саркардагони он душманону хиёнаткорон, дақиқан роҳбарияти ташкилоти террористии собиқ наҳзати ислом буданд, фарзонафарзандони ҷонфидо ва дилсӯзу ғамхори миллату меҳан ба қабули рамзҳои миллию давлатдорӣ диққат ва аҳамияти махсус доданд. Чунки дар он солҳо кишвари порагардида ва мардуми сарсону саргардонро рамзҳое зарур буд, ки орзуву омоли чандинҳазорсоларо таҷассум намояд ва онҳоро муттаҳид созад. Чун ҷавҳари ҳастии миллати куҳанбунёди миллати моро озодагӣ, дӯстию рафоқат ва фарҳангу маънавият ташкил медиҳад ва ин дар шарёнҳои ҳар фарди ин сарзамин ҷараён дорад, ранги сафеди парчами миллӣ ишорат маҳз ба ин аст. Заҳмати бунёдкорию ободкорӣ ва ҳунармандӣ низ беҳтарин фазилати мардуми тоҷик аст, ин ишора ба ранги сабзи парчами миллӣ мебошад.

Бо назардошти фарҳангу тамаддуни бою рангин ва фарқияту махсусияти миллати сарбаланди тоҷик 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ба хотири эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз соҳибдавлатии хеш, санаи қабули Парчами миллӣ, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Зеро дар ин рӯзи муборак, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Ҳамасола ин рӯзи муборакро мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ таҷлил мегардад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни табрикоти телевизионии худ бахшида ба нахустин соли ҷашнгирии Рӯзи Парчами миллӣ гуфта буданд: “Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Воқеан ҳам боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соли 2011 дар маркази Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр қомат афрохт ва бидуни муболиға нишони арҷгузорӣ ба гузаштаи миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Зеро Парчами миллии мо аз баландтарин пояҳои парчам дар кишварҳои дигари ҷаҳон – Озарбойҷон (162 м), Кореяи Шимолӣ (160 м) ва Уммон (126 м) баландтар аст. Ҳамчунин, вақте парчами давлати соҳибистиқлоламон дар чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ барафрохта мешавад, бе ихтиёр моро ҳиссиёти волои миллатдӯстию меҳанпарастӣ фаро мегирад. Ин аст нишонаи ифтихор аз миллат ва арҷгузорӣ ба соҳибихтиёрию соҳибистиқлолии меҳани хеш. Зеро парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовор худро дорад.

Парчами давлати соҳибистиқлолу маҳбубамон – Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷилвагар аст ва ин боиси ифтихори бузурги тоҷикистониён мебошад. Имрӯз Парчами миллии мо чун рамзи давлатдории соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва берун аз он парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.


Хайрулло Раҷабалиев

ходими калони

илмии АМИТ


Барои маълумот:

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар кардааст.

Тибқи Низомнома “Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлӯи амудиашон 0,8 паҳлӯи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 - рахи сафед васл гардидаанд.


Комментарии для сайта Cackle