Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ба Суди Олӣ: Як таъинот баҳои ҷони инсон аст?


23.11.2020 15:04

: 861

Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки мегӯяд, аз бедодгариҳои судяҳо ба дод омадааст, дар дохили бинои Суди Олии Тоҷикистон кушиши худкушӣ кардааст. Ин амали ӯ танҳо боиси ҷароҳатҳое шудаву ҳоло ба ҷонаш хатар надоранд. Аммо ҳамин ҳодиса сабаб шуда, ки дар Суди Олӣ муроҷиаташро ҷиддӣ гиранд ва дархосташро қонеъ кунанд...

Рӯзи 17 ноябри соли равон баъди он ки дар Суди Олӣ муроҷиати такрории (шикояти назоратии) Барот Юсупов, маъруф ба Усто Бароти рассом, сокини маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷандро оид ба қабул кардани шикояти назоратӣ, талаб кардани парвандаи гражданӣ ва боздошт намудани иҷрои санади судӣ рад карданд, ӯ бо теғи риштарошӣ вориди бинои суд шуда, бо чанд зарба бадани худро чок кардааст:

“Ин амали ман баёнгари дараҷаи мушкили ман аст. Ҳатто нигоҳбонҳое, ки бинои судро муҳофизат мекунанд, аз ин мушкил огоҳанд. Судяҳо ҳам медонанд, ки гап сари чӣ мераваду дар ин баҳс кӣ ноҳақ аст. Дар чанд соли охир, ки баҳси судии вобаста ба манзили истиқоматиямон идома дорад, ҳама ҷо ба шиносдориву воситабозӣ, санадҳои сохтакоришуда, судяҳои манфиатдор рӯ ба рӯ гардидаем, ки дар натиҷа мехоҳанд манзилро ғайриқонунӣ аз худ карда, моро ба кӯча партоянд. Барои он ки судяҳо вазифаи худро иҷро кунанд, яъне адолати судиро барқарор кунанд, маҷбур шудам, даст ба ҷони худ занам”, - шарҳ дод ҳодисаро Юсупов.

Дар Суди Олии Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ карданд. Як масъули суд ба “ИмрӯзNews” гуфт, ба хотири он ки ин шаҳрванд расонидани зарари ҷисмониро ба худ қатъ кунад, дархосташ оид ба қабули шикояти назоратӣ ва баровардани таъинот дар бораи боздошти иҷрои санади судӣ қонеъ карда шуд:

“Дархости ман аз суд қонунӣ буд. Шикояти назоратӣ доштам. Суди Олӣ вазифадор аст, ки онро баррасӣ кунад, зеро дар ҳама марҳилаҳои поёнии суд ҳуқуқҳои моро дағалона поймол карданд. Пеш аз ин чандин маротиба шикоятамро баргардониданд, баррасӣ накарданд. Аммо ҳоло, ки ман инҷоям, иҷрочиҳои суд бо кормандони дигар сохторҳо пушти дари манзил истодаву ҳамсарамро бе додани дигар манзили истиқоматӣ кӯчониданиянд”, - гуфт шаҳрванд.

Юсупов рӯзи 12 ноябр ба Суди Олӣ бори дигар шикояти назоратӣ супоридааст.

Аз соли 2017 ба ин тараф баррасии ҳама шикоятҳои назоратии ӯ ва ҳамсараш дар Суди Олӣ бо сабаби гӯё ба талабот ҷавобгӯ набуданашон рад карда шудаанд.

Барот Юсупов аз ҳуқуқҳои ҳамсараш Шамсиддинова Муқаддас, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34, бино 6, ҳуҷраи 34, ҳимоя мекунад, ки бино ба ҳуҷҷатҳои расмӣ, соҳибмулки ин манзил маҳсуб мешавад...

Ин баҳси печдарпеч ба соли 1993 бармегардад – замоне ки дар Тоҷикистон нооромиҳо идома доштанду соҳибони қаблии ин манзил барои истиқомати доимӣ ба Исроил кӯчиданд. Аммо мухтасар ин гуна аст, ки Шамсиддинова М. дар ин манзили баҳсӣ беш аз 25 сол боз зиндагӣ дорад. Ва то соли 2016 касе барои ин манзил даъвои ҳуқуқдорӣ ё меросбарӣ надошт. То замоне ки ба гуфтаи Юсупов, “дугонаҳо” гирди як “ташкилӣ” ҷамъ омадаву масъалаи азхудкунии манзили зистро баррасӣ ва дар идома ҳуҷҷатҳои сохтакоришуда омода накарданд.

...Он замон хонаводаи Шамсиддинова М. ва хонаводаи шаҳрвандони Исроил – Гринбергҳо рафоқату рафтуомад доштанд. Фарзандонашон Шамсиддинов Равшан (бародари Шамсиддинова М.) ва Елена Гринберг (духтари “соҳибмулк”-и манзил Аркадий Гринберг) ҳамсинф буданд, вомехӯрданд, баъдан бо ҳам оиладор шуданд.

Соли 1993 Аркадий Гринберг ба Исроил кӯч баст. Як сол қабл ҳамсар ва духтари хурдияш кӯчида буданд:

“Қабл аз кӯчбандӣ Аркадий ба назди модарам Абдуллоева М. омада, пешниҳоди харидории манзилашро мекунад, зеро медонист, ки ин манзил ба мо даркор аст. Рӯзи дигар модарам ба хонаи онҳо рафт. Манзил холӣ буд: аллакай ҷиҳозашро фурӯхта буданд. Ҳамон ҷо модарам ва Аркадий Гринберг ба созиш расида, манзилро ба арзиши 1000 доллари ИМА муомила мекунанд. Вақте модарам ҳуҷҷатҳои хонаро мепурсад, Аркадий мегӯяд, онҳоро ҳамсараш бурдааст ва вақте ӯ ба Исроил расид, ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро мефиристад. Чун масъалаи хешутаборӣ – ақди никоҳи Шамсиддинов Равшан (бародарам) ва Елена Гринберг (духтари Аркадий Гринберг) дар пеш буд, модарам забонхат ҳам намепурсад”, - нақл кард Шамсиддинова.

Он солҳо хариду фурӯш набуд, манзилҳои кооперативӣ ба давлат иҷора дода мешуданд. Тибқи оинномаи Кооперативи матлуботи ширкати соҳибмулкони манзил “Шарқ-3”-и шаҳри Хуҷанд, ки ин манзил ба он тааллуқ дошт, ҳар касе барои истиқомати доимӣ ба кишвари дигар кӯч мебаст, ба таври автоматӣ ҳуқуқи узвият ба кооперативро аз даст медод.

Ҳамин тавр, тақрибан як сол гузашт, аммо касе ҳуҷҷатҳои марбут ба манзили истиқоматиро нафиристод. Соли 1994 Елена Гринберг ба хонаводаи Шамсиддинова М. танҳо мактуб мефиристад, ки падараш ба Тоҷикистон омада, масоили вобаста ба ҳуҷҷатгузории манзилро ҳал мекунад.

Аз байн 8 сол мегузарад, вале боз ҳам касе намеояд ва ҳуҷҷате ҳам намефиристад. Он замон Аркадий Гринберг мегӯяд, ҳуҷҷатҳоро гум кардаанду худи Шамсиддинова М. ба ҳуҷҷатгузорӣ ва расмикунонии манзил машғул шавад. Баъди ин ӯ ба мақомоти шаҳр муроҷиат мекунад, то ин манзилро ба номаш расмӣ кунанд. Чун ҳамаи хароҷоти вобаста ба манзил – андоз, маблағи обу барқ, хадамоти коммуналиро пардохта буд, ба ӯ ҳамчун манзили шахсияш ордер доданд.

Бино ба ҳуҷҷатҳои дастрасшуда, соли 2003 дар асоси аризаи Шамсиддинова М. ба ӯ ордер дода, ҳамчунин, аз ҷониби КДФ “БММF” дар шаҳри Хуҷанд ба номаш шиносномаи техникӣ ва дафтари ҳавлӣ омода карда шудааст. Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд дар ин бора, №201, санаи 6 марти соли 2003 имзо шудааст.

Аз байн боз 13 соли дигар мегузарад ва дар маҷмӯъ, Шамсиддинова М. беш аз 20 сол дар ин манзил истиқомат мекунад. Ва даъвогароне пайдо шудаву моҳи сентябри соли 2016 аз болои ӯ ба суд муроҷиат мекунанд:

“Ин оғози ҳамаи сарсониҳоям шуд”, - мегӯяд ӯ.

Манзили баҳсӣ дар ин бино ҷойгир аст


Асос барои ба суд муроҷиат кардан маълумотномаи дастӣ навишташудаи №35, аз 03.05.1993 дар бораи гӯё ба пуррагӣ пардохт карда шудани саҳмия (паевые взнос) аз ҷониби Аркадий Гринберг будааст. Ва ҳам гӯё духтарони Гринберг ҳуҷҷатҳои аслии манзилро (тавре болотар зикр гардид, Гринберг гуфта буд, онҳоро гум кардаанд) ҳамроҳ бо ваколатнома ба Ирина Ҳусейнова (дугонаи Елена Гринберг, ки ин шаҳрвандон аз ӯ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ном мебаранд) фиристодаанд. Ва ҳам дар ин байн ҳуҷҷатеро “пайдо” кардаанд, ки тибқи он, гӯё Елена Гринберг ҳуқуқ ба мерос дорад.

Аммо на танҳо ҳуҷҷатҳои “аслӣ”-и манзил ба суд пешниҳод нашуданду барои муайянкунии арзиши “ҳуқуқи меросбарӣ” ташхис гузаронида нашуд, балки барои қалбакӣ ва сохтакорӣ будани маълумотномаи №35, аз 03.05.1993 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Бо вуҷуди ин ҳама, тамоми марҳилаҳои суд – шурӯъ аз Суди шаҳри Хуҷанд то марҳилаи назоратии Суди Олӣ баҳсро ба фоидаи даъвогарон – “дугонаҳо” бо намояндагии Ирина Ҳусейнова – нафаре, ки ба гуфтаи Шамсиддинова, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буду дар ҳама мақомот “дасти дароз” дорад, ҳал карданд:

“Онҳо мехоҳанд дар зимистон маро ба кӯча пеш кунанд, ҳарчанд аллакай синни ман ба 60 расидаасту ҷойи рафтан надорам. Онҳо мехоҳанд манзилро фурӯшанд. Онҳо ба ин ҷо омада, зиндагӣ карданӣ нестанд. Чаро шаҳрванди ҷумҳурии мо бо хоҳиши шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар кӯча монад?”, - пурсидааст Шамсиддинова М. аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар муроҷиате, ки аввали имсол фиристода шудааст.

Ин муроҷиати ӯ бо имзои собиқ Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, ҳоло Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён барои баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ва Суди Олии ҷумҳурӣ фиристода шудааст. Дар мақомоти прокуратура ба шаҳрванд тавсия додаанд, ки “аз ҳуқуқҳои мурофиавии худ истифода бурда”, ба мақомоти судӣ шикояти назоратӣ пешниҳод кунад. Аммо тавре болотар зикр шуд, шикоятҳои назоратии ӯро дар Суди Олии Тоҷикистон ё рад кардаанд, ё барои баррасӣ ҳатто қабул накардаанд. Ҳамин тавр, равуои шаҳрванд аз як мақомот ба мақомоти дигар то ҳол идома дорад, ки дар натиҷа боиси ҳодисаи рӯзи 17 ноябр шудааст.

Маълум нест, ки судҳои Тоҷикистон чӣ гуна даъвои Гринбергҳоро баррасӣ ва “тибқи қонун” ҳал кардаанд, аммо чанд ҳолате ҳастанд, ки шаффофият ва бетарафии судяҳои баррасикунандаи парвандаро зери суол мебаранд, балки аз манфиатдории онҳо дарак медиҳанд.

Аз ҷумла, Гринберг Аркадий санаи 04.04.1993 худро аз қайд баровардаву тарки Тоҷикистон кардааст. Елена Гринберг бошад, баъди як моҳ – 04.05.1993 худро аз қайд баровардааст. Санаи 03.05.1993 Елена аз Кооперативи матлуботи ширкати соҳибмулкони манзил “Шарқ-3”-и шаҳри Хуҷанд маълумотномаи №35-ро гирифтааст, ки гӯё падараш Гринберг Аркадий соли 1985 маблағи моликияти хусусиро ба андозаи 8070 рубл пардохтааст. Дар ин маълумотнома танҳо “Раиси ШСМ” ва “Сармуҳосиб” (бо русӣ) ва ду имзову муҳр мавҷуд буда, ному насаби онҳо зикр нашудааст.

Аҷиб ин аст, ки маълумотнома дар соли 1993 дар қоғази сафеди наппа-нав, андозаи А4 – қоғазе, ки ҳоло барои корҳои идорӣ васеъ истифода мешавад, (дастӣ) навишта шудааст. Бино ба маълумоти истеҳсолкунандагон, ин гуна қоғазҳо баъди соли 1998 истеҳсол ва танҳо солҳои 2000-ум дар кишварҳои пасошӯравӣ пайдо шудаанд. То он замон қоғази зардранг истифода мешуд.

Гузашта аз ин, саҳеҳ ва қонунӣ набудани ин маълумотнома расман тасдиқ шуда, дар натиҷа барои ин сохтакорӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бино ба посухи расмии Раиси Кооперативи матлуботи ширкати соҳибмулкони манзил “Шарқ-3”-и шаҳри Хуҷанд Ашӯрова З. №46, аз 27 ноябри соли 2017, “...дар асоси китобҳои бақайдгирии кооператив оиди то ба Давлати Исроил рафтанаш, яъне то соли 1993, аз тарафи Гринберг Аркадий Иосифович ба пуррагӣ пардохт карда шудани саҳмия (паевые взнос) ягон маълумот мавҷуд нест.

Дар бораи маълумотномаи таҳти №35, аз санаи 03.05.1993 сол ва расидҳои пардохти саҳмия оиди пардохт карда шудани 8070 (ҳашт ҳазору ҳафтод) рубл низ маълумотнома мавҷуд нест.

Раиси Кооперативи матлуботи ширкати соҳибмулкони манзил “Шарқ-3”-и шаҳри Хуҷанд /имзо ва муҳр/ Ашӯрова З.”.

Бо вуҷуди ин, судяи Суди шаҳри Хуҷанд Назариён Н.К. санаи 02.10.2016 ҳалнома бароварда, ордери №201, аз 06.04.2003-ро, ки ба Шамсиддинова М. дода шудааст, бекор кард:

“Судя ҳатто аз Ҳусейнова И. (намояндаи ваколатдори Гринбергҳо) напурсид, ки оё ҳамчун намояндаи ваколатдори Гринбергҳо сабт шудааст ё не, оё боҷи давлатиро пардохтаву расиди пардохт дорад ё не”, - шикоят кардааст ин шаҳрванд ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Баъди ин Шамсиддинова М. барои бозбинии ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд ба марҳилаҳои болоии суд муроҷиат кард. Ҳама натиҷаҳо якхела буданд – нусхабардории ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд ва бетағйир гузоштани он. Дар ягон марҳилаи суд ба ин далел, ки дар ин байн сохтакории ҳуҷҷат (маълумотномаи таҳти №35, аз санаи 03.05.1993 сол дар назар аст) – қонуншиканӣ ҳаст ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад, таваҷҷуҳ накарданд, балки онро комилан нодида гирифтанд.

Ҳамин шуду Шамсиддинова М. ба мақомоти прокуратура муроҷиат кард. Дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд арзашро шунидаву ҳуҷҷатҳои дахлдорро талаб карданд. Ташхиси такрории ҳуҷҷатҳо сохтакорӣ будани маълумотномаро тасдиқ кард. Бино ба маълумоти муфаттиши ШТ ШММ “Соҳили Рост”-и ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, майори милитсия Хоҷақулов Ш.Н., аз 04.03.2019 сол, “...аз рӯи аризаи шикоятӣ санаи 20.09.2018 сол аз тарафи прокуратураи шаҳри Хуҷанд оиди ҳодисаи сохтакории маълумотномаи №35-и Раёсати кооперативи сохтмонӣ-манзилии “Шарқ-3”-и шаҳри Хуҷанд, аз 03.05.1993 сол, вобаста ба баҳси манзили истиқоматӣ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34, бинои 6, ҳуҷраи 30, бо аломатҳои пешбининамудаи моддаи 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”.

Аммо бино ба гуфтаи Шамсиддинова М., тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур бо қарори муфаттиши ШТ ШММ “Соҳили Рост” -и ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Иброҳимов Х.К. ҳанӯз 20.11.2018 сол қатъ карда шудааст.

Баъди ин аз нав барои кӯчонидани Шамсиддинова М. ордер доданд. Судяи Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷ.Қ. (ҳоло раиси Суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон) ҳам 17 сентябри соли 2019 ҳалнома баровард, ки даъвои Гринбергҳо қонеъ карда шуда, Шамсиддинова М. ва Абдуллоева М. бе додани дигар манзили истиқоматӣ кӯчонида шаванд. Баъдан марҳилаи кассатсионии Суди вилояти Суғд ҳам ҳалномаи мазкурро бетағйир гузошт.

Дар ин миён Шамсиддинова М. барои ҳуқуқи мерос муроҷиат кард ва дар ин ҷо ҳам ба сохтакории ҳуҷҷатҳо рӯ ба рӯ шуд. Маълум гардид, ки нотариуси квартали 20-уми шаҳри Хуҷанд Раҳматова М.Д. ба Гринбергҳо шаҳодатномаи тақаллубии “ҳуқуқ бе мерос” омода кардааст.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, оид ба ин ҳолат нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст:

“Аз замоне ки хонаводаи Гринбергҳо тарки Тоҷикистон кард (соли 1993), то замони оғози баҳси судӣ (соли 2016) 23 сол гузашт. Дар тамоми ин муддат ман дар ҳамин манзил истиқомат кардам. Баъди суҳбатҳои телефонӣ (чун рафоқат ва риштаи хешутаборӣ доштем) ва мувофиқа бо Аркадий Гринберг ва розигии ӯ, соли 2003, яъне баъди даҳ соли тарки Тоҷикистон кардани онҳо манзилро ба номи худ ба расмият даровардам. На то замони зинда будани Аркадий Гринберг (соли 2006) ва на баъди он то соли 2016, яъне дар ҳамин 23 сол хонаводаи Гринбергҳо ба ман ягон даъво ё эътироз надоштанд. Ҳатто бо вуҷуди он ки ҳанӯз соли 2000-ум бародарам Шамсиддинов Равшан ва Елена Гринберг аз ҳам ҷудо шуданд.

То ҷое фаҳмидам, Гринбергҳо ба ин манзил эҳтиёҷ надоранд, шояд умуман намедонанд, ки ҳамин баҳс ҳаст. Ин Ҳусейнова И. ва Маҳкамова Р. ҳастанд, ки бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор худро намояндаи ваколатдори Гринбергҳо вонамуд карда, мехоҳанд ба ҳар воситае, ки бошад, манзилро аз ман кашида гиранд ва ба фоидаи худ истифода баранд”, - мегӯяд Шамсиддинова М.

Ҳамин тавр, соли 2017, яъне баъди 24 соли тарки Тоҷикистон кардан, ворисони Гринберг “аз ҳуқуқҳои меросии худ истифода намуда”, оид ба мероси падарашон шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос тартиб додаанд. Маълум нест, ки кадом қонун, аммо идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд онро “тибқи қонун” номидааст. Суди шаҳр ва дигар марҳилаҳои суд ҳам онро эътироф кардаанд.

Дар ҳоле ки як сол қабл, соли 2016, замоне ки бо ҳамин даъво ба суд муроҷиат карда буданд, ин гуна шаҳодатнома вуҷуд надошт. Танҳо ин ки тавре болотар зикр шуд, ҳамин гуна як шаҳодатномаи қалбакӣ ошкор шуда буд.

Таври маълум, дар Тоҷикистон ворисӣ тибқи васиятнома ва қонун анҷом дода мешавад. Гринбергҳо васиятнома надоранд ва дошта ҳам наметавонистанд, чун бино ба нишондоде, ки расман дар санадҳои судӣ сабт шудааст, падарашон маблағи манзили истиқоматиро гирифтаву ҳатто ваъдаи фиристодани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои барасмиятдарории манзилро кардааст. Яъне, ӯ манзилро бегона карда, бо дарназардошти ҳамин, ба духтаронаш васиятнома нагузоштааст.

Тибқи қонун бошад, онҳо ҳуқуқи даъво кардан надоранд: ба муҳлати дурудароз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур надоштанд, ягон санади тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба мерос то соли 2017 дар бойгониҳои ҷумҳурӣ сабт нашудааст ва ҳам тибқи талаботи Кодекси граждании Тоҷикистон, муҳлати даъво барои меросро гузаронидаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама, марҳилаҳои баъдии суд ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷандро тақрибан пурра такрор ва нусхабардорӣ намудаву санадҳо баровардаанд. Дар ҳамаи ин таъиноту ҳалномаҳо ошкоро гуфта шудааст, ки “Шамсиддинова М. бе додани дигар манзили зист кӯчонида шавад”.

Аммо ҳеч кадоме аз судяҳои ҷумҳурӣ ба ин суол посух надодааст, ки оё ҳамин аст адолати судӣ? Кор то ҷоест, ки дар вокуниш ба дархости Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз Суди Олӣ оид ба омӯзиш ва баррасии муроҷиати шаҳрванд Шамсиддинова М., ки болотар зикр шуд, судяи Суди Олӣ Вазирзода Г.Н. якуякбора таъинот баровардааст, ки бо сабаби ба талаботи моддаи 367 Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон ҷавобгӯ набудани муроҷиати шаҳрванд бе баррасӣ баргардонида шавад. Ҳоло он ки моддаи мазкур баррасии шикояти назоратиро дар назар дорад, на муроҷиати шаҳрвандро. Ва ҳамин судя такроран дархости зикршудаи Дастгоҳи иҷроияи Президентро асос кардаву баъди даҳ моҳ – 19.10.2020 аз нав ба шаҳрванд ҷавоб додааст, ки муроҷиати Шумо баррасӣ шудаву “...бо шикояти назоратӣ ба Суди Олӣ муроҷиат намоед”.

Аммо ҳоло суол ин аст, ки агар сад бори дигар ҳам муроҷиат кунаду посух ҳамоне бошад, ки дар дигар ҳалномаву таъиноти қаблӣ ҳаст, чӣ тағйир меёбад? Дар ин ҳолат судя рисолати худро иҷрошуда меҳисобад?

...Ин матлаб аз он ҷо сар шуд, ки сокини шаҳри Хуҷанд Барот Юсупов, маъруф ба Усто Барот, баъди қабул нашудани шикояти назоратияш дар Суди Олӣ, дар дохили бинои ин суд сӯиқасд ба ҷони худ кард. Ҳоло ба сиҳатии ӯ хатаре нест, аммо бояд пурсида шавад, ки барои то ба ин ҳолат расонидани як шаҳрванд чӣ қадар роҳ аст? Торҳои асаби як нафар бояд чӣ қадар мустаҳкам бошанд, ки ин ҳамаро таҳаммул кунад?

Худи ҳамон рӯзи 17 ноябр, баъди ин ҳодиса, судяи Суди Олӣ Кенҷазода М. “Оид ба истеҳсолоти Суди Олӣ қабул намудани шикояти назоратӣ, талаб кардани парвандаи гражданӣ ва боздошт намудани иҷрои санади судӣ” таъинот баровард. Боз ҳам суоле рӯ мезанад, ки чаро қабл аз ин ки ҳодиса рӯй диҳад, масъулони Суди Олӣ дастбакор нашуданд: як таъинот баҳои ҷони инсон аст?

Билохира, ба он ҳама ҳаводисе, ки дар гирди ин қазия рух доданд, кӣ бояд аз рӯи инсофу виҷдону адолат ва талаботи кодексу қонунҳо баҳои воқеӣ диҳад?


Довуд Исматӣ

хабарнигор


Дар акси боло: Шамсиддинова Муқаддас ва Барот Юсупов


Комментарии для сайта Cackle