Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Фариштаҳои наҷот


14.11.2020 15:44

: 352

Рӯйи болини беморӣ хобидаам. Вуҷудамро дарди қаттоле азият медиҳад. Вале табассуми малеҳи ҳамширае, ки барои доругузаронӣ омадааст, маро қувват мебахшад. Дар воқеъ қуввати бемор муносибату тассалои духтур будааст. Ҳангоме ки ба ҷарроҳӣ шурӯъ намуданд, суханони зиндагиофари духтури ҷарроҳ дар хотиротам нақши ҷовидонӣ баст: “Модарҷон, дард меҳмон аст, мегузарад, Шумо боз солиму барно мегардед”. Тадриҷан бо таъсири дору дардро ҳис намекардам, ва гӯё ин суханони ҷонбахш маро чун тӯмор аз хатар ҳифозат медоштанд.

Ҷарроҳӣ пушти сар шуд. Оҳиста оҳиста рӯ ба беҳӣ меорам. Аз лавҳи хотирам суроби нафароне ки тӯли чанд соат бо марг даст ба гиребон буданду пайи наҷотам талош доштанд, як-як мегузарад. Онҳоро мешиносам. Ном ба ном ба ёд меорам. Мудири шуъба Иброҳим Ризоев, нейрохирург Хуршед Раҳмонов ва табиби ҷавон Субҳон Баҳодуров. Инҳо фариштагоне ҳастанд, ки бо худ пайки наҷот меоранд. Ва тавон медиҳанд ба тани дардмандон, офият мебахшанду дармон мекунанд беморонро.

Сипосгузорам аз ҳамаи Шумо, фариштагони наҷот, ки имрӯзро бароям зеботару хушбахттар аз дирӯз кардед. Дастатон ҳаргиз дардро набинаду дилатон ғамро.

Аз Худованд бароятон саломатӣ мехоҳам, чун нигаҳбони садоматии мардум ҳастед.

Бо як ҷаҳон сипос,


Сафарбӣ Раҳимова

сокини шаҳри Кӯлоб


Комментарии для сайта Cackle