Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Аҳмадшоҳи Масъуд: “Халқе, ки Пешво дорад, бесоҳиб нест”


11.09.2020 09:19

: 501

Аҳмадшоҳи Масъуд - фармондеҳи маъруфи Афғонистон, вазири дифои Афғонистон. Бо тахаллуси шери Панҷшер низ маъруф аст. Масъуд лақабест ба забони арабӣ, маънояш “Саодат” аст. Вай ин лақабро соли 1975 ҳангоми исёни водии Панҷшер - аввалин намоиши мусаллаҳонаи мухолифони исломӣ дар Афғонистон гирифтааст.

Аҳмадшоҳи Масъуд 2 сентябри соли 1953, дар рустои “Бозорак”-и дараи Панҷшери Давлати Исломии Афғонистон таваллуд шудааст. Номи пуррааш Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Наздикону ҳамдеҳагонаш ӯро бештар “Шоҳ Масъуд” ном мебурданд.

9 сентябри соли 2001, дар вилояти Таҳори Афғонистон ноҷавонмардона кушта шуд.

Ҳамсараш Содиқаи Масъуд ҳоло ҳам барои марги ин ҷавонмарди ғурамарг мегиряд.

Аз Аҳмадшоҳи Масъуд фарзандон Насрини Масъуд, Оишаи Масъуд, Аҳмади Масъуд, Зуҳро ва Фотимаи Масъуд нишона мондаанд.

Дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд бисёр менависанд. Бахусус, баъди маргаш. Менависанд, то ӯро ба некӣ ёд кунанд.

Масъуд, дар ҳақиқат, Шери Панҷшер буд.

Водии Панҷшер аз ҷиҳати стратегӣ аҳамияти махсус дорад: аз як сӯ ба Кобул, аз сӯи дигар ба дараи Соланг, ки он ҳам мухимияти стратегӣ дорад, наздик аст.

Аввалин мулоқоти мо бо Масъуд соли 1997 дар вилояти Таҳори Давлати Исломии Афғонистон буд. Он вақт ман ҳамчун хабарнигори ҷавон аз хабаргузории “Ховар” ба ин кишвар сафар карда будам.

Соати 6-и субҳ буд. Масъуд бо қумондонҳои ҳарбияш ҷаласа мегузаронд. Маро ба ин ҷаласа роҳ доданд. Бори аввал ҳамон ҷо дидам, ки Масъуд бо лаҳни зебои тоҷикӣ суҳбат мекард. Мегуфт, “Толибон ба мо мегӯянд, ки бархезед аз ин ҷо, Тоҷикистон равед. Ин на дар дин аст, на дар мусулмонӣ аст. Охир Афғонистон ватани мо, тоҷикон, ҳам ҳаст”.

Ҷаласа дуюним соат давом кард. Сипас моро ҳамчун меҳмони тоҷикистонӣ ба дастархони субҳонаи Масъуд даъват карданд. Дастархони хеле хоксорона буд: се нони хурд, шакар ва дар пиёлае қаймоқ. Масъуд чойи кабуд (афғонҳо онро чойи сабз мегӯянд) нӯшиду моро аз Тоҷикистон бисёр пурсид. Хоксорию фурӯтании ӯ моро ба ҳайрат гузошт. Масъуде, ки дар борааш қиссаҳои зиёде шунидаю хонда будам, рӯ ба рӯям як ҷавонмарди хеле оддӣ нишаста буд. Дар тан либоси хеле сафеду тоза ва дар миён камзулчаи сиёҳ пӯшида. Вай аз ин кунҷковии мо пай бурда, суол дод, ки ҳоло чӣ нақша доред?

Гуфтем, мехоҳем ба Шумо мусоҳиба анҷом диҳем, барои рӯзномаҳои Тоҷикистон.

Гуфт:

- Имрӯз не. Ман ҳоло амр медиҳам, Шуморо ба назди толибони асирафтода ба рустои Баҳораки Панҷшер мебаранд. Шумо он ҷо бо чашмони худатон аз наздик бинед, мусоҳиба кунед.

Фардои дигар бо чархбол аз вилояти Тахор ба Панҷшер омадем. Панҷшер мисли дараи Варзоби Тоҷикистони мост, вале хеле фарохтару калонтар. Инҷо хусурбачаи Масъуд - Рошиддин моро хеле самимӣ пешвоз гирифт.

Субҳи дигар бо мошини Масъуд якҷоя ба рӯстои Баҳораки Панҷшер ба дидани толибони асирафтода рафтем. Азбаски роҳ дур буд, бо Масъуд суҳбат оростем. Хеле самимӣ буд. Аммо дар бораи оилаю фарзандонаш чизе намегуфт:

- Ману мардуми Афғонистон орзуҳои зиёд дорем. Вале ин мусибате, ки толибон ба сари мо овардааст, ҳама орзую хаёлҳои ширини моро ба бод додааст. Аз сӯи дигар, ҷангҳои байниҳамдигарии дохилии қумондонҳои саҳроӣ моро ором намегузорад.

Маро, ҳамчун вазири дифои Афғонистон, зарур аст, ки ба ин бесарусомониҳо хотима диҳам. Аз сӯи дигар, фишори аҷнабиён бар сари давлати мо баръало ҳис карда мешавад.

Хушбахтии Шумо, тоҷикони он тарафи марз, дар он аст, ки дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ анқариб 90 фисади шумоён дар мактабҳо ва донишкадаҳои советӣ хонда илму савод гирифтаед. Аз сӯи дигар, шумоён, Пешво доред. Пешвои бохираду дурандешу доно доред, мегуфт ӯ.

“Шумо Эмомалӣ Раҳмонро бояд мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ доред. Халқе, ки Пешво дорад, бесоҳиб нест. Шумо ба қадри гуфтаҳои ман баъди 10-20 сол мерасед”, - таъкидан мегуфт Аҳмадшоҳи Масъуд.

Аз он рӯзҳо 23 сол гузашт. Ҳар қадаре, ки рӯзҳо мегузаран, ҳамон андоза самимияти ин гуфтаҳо бештар эҳсос мешаванд.

…Дар рустои Баҳорак манзараи аҷиберо дидем. Зиёда аз 500 нафар толибони асирафтода аз “кор” ба зиндон бармегаштанд. Дар дасти ҳар кадоме асири толиб санге буд. Баъдтар ба мо фаҳмониданд, ки аз ин сангҳо толибон барои худ дар зиндон хона месозанд, то ин ки аз хунукии зимистони дарпешистода худро эмин доранд.

Бо амри Масъуд, толибонро барои ман саф оростанд. Масъуд гуфт, бирав бо ҳар нафари дилхоҳат суҳбат намо. Ман аз қатори панҷсаднафара ҳар кадоми даҳумро тавакқалан барои суҳбат дар навор ҷудо намудам.

Аввалин ҳамсуҳбати толиб гуфт, аз як кишвари хориҷист:

- Онҷо ронанда будам. Бароям чор ҳазор доллар ваъда доданд. Вале баъди як ҳафтаи ҷанг асир афтодам, - нақл кард ӯ.

Ҳамсуҳбати дуюм гуфт, 38 сол дорад. Аммо ба 70-сола монандӣ дошт. Маълум буд, ки дар зиндон ҳолаш он қадар хуб нест.

Ҳамсуҳбатони дигарам мардуми арабзабон буданд, ки ба гуфти худашон, ба онҳо 6 ҳазор долларӣ ваъда додаанд…

Баъди суҳбати дусоата бо асирон Аҳмадшоҳи Масъуд пурсид, ки чӣ хулоса бардоштам. Гуфтам, инҳо ҳама бадбахту роҳгумзадаанд.

Гуфт:

- Барои ҳамин ман ба ин асирон ягон осеб нарасондаам. Ман ҳатто иҷозат додам, ки хешу таборашон аз ҳоли онҳо омада хабар гиранду ҳақиқати ҳолро фаҳманд.

Масъуд бо вуҷуди ин қадар соҳибнуфуз будан дилаш ҳатто ба душманони асиргирифтааш месӯхт. Он солҳо ман хабарнигори ҷавон будам, шояд бисёр чизҳоро намефаҳмидам. Ҳоло бо рафтани вақт ва мурури замон фикр мекунам, дар дили Масъуд розҳои ногуфта хеле зиёд буд.

Дигар чизе, ки аз Масъуд ҳоло ба некӣ ёд мекунам, суҳбати маротибаи дуюми мо дар Панҷшер, зодгоҳи Масъуд буд. Барои мусоҳиба тайёрӣ медидем. Ноибаш гуфт, “саволи зиёд надеҳ. Саволҳо бояд кутоҳ бошанд. Чаро, ки Масъуд вақташ хеле кам аст. Ҷое шитоб дорад”. Ҳангоми омода намудани саволҳо яке аз наздикони Масъуд ба наздам омаду оҳистаяк гуфт, “аз Масъуд бипурс, ки аз мусиқиҳо кадом мусиқиро дӯст медорад”. Хурсанд шудам ва дар радифи саволҳо ин саволро рақами чор гузоштам.

То саволи сеюм мусоҳибаи мо бо Масъуд хеле хуш гузашт. Ӯ чой менӯшиду бо завқ посух мегуфт. Вақте ки ба саволи чорум расидем, пурсидам, ки аз мусиқиҳо кадом мусиқиро дӯст медоред? Якбора рангу рӯи Масъуд беҷо, чеҳрааш тамоман ҷиддӣ шуд. Пурсид, кӣ ба Шумо гуфт, ки ин саволро ба ман диҳед. Номи он нафарро гуфтам. Сипас хандиду гуфт, дигар ин саволро ба ман надиҳед. Он нафарро бошад, ман ҷазо медиҳам. Танҳо баъди суҳбат фаҳмидам, ки Аҳмадшоҳи Масъуд аз мусиқӣ тамоман қимоб будаасту он дӯсташ махсус маро водор карда, ки ин суолро ба ӯ гӯям.

Масъуд табассуми ба худаш хосу зебо дошт. Дандонҳои сафеди зебо риши тамоман кутоҳ ӯро зеб медоданд. Риши дарозро дӯст намедошт. Мегуфт, шариатияш як ваҷаби даст аст. Ба ҳамин монанд либосҳои шинами сафеди зебо мепӯшид.

Боре дар хонааш аз ӯ пурсидам, ки ин либосҳоро ба Шумо кӣ омода мекунад?

Гуфт:

- Ин ҳамааш тӯҳфаи дӯстон аст. Ман то ҳол барои худам либос нахаридаам.

Гуфтам:

- Ба кадом намуди варзиш машғулед?

Гуфт:

- Ба ҷидду (дзюдо) ва каратэ.

Гуфтам, аз хӯрокҳо кадом ғизоро нағз мебинед?

Гуфт:

- Марди худояму хоксорам, чизе, ки диҳанд, мехӯрам. Ягон вақт шикоят накардаам, ки инро намехӯраму онро мехӯрам.

Гуфтам:

- Сари сӣ сол мешавад, ки дар набарду сангарҳоед. Бештар ба кӣ такя мекунед?

Гуфт:

- Аввал ба Худо, сипас ба халқам. Ман мутахассиси ҷангҳои саҳроӣ ва чирикиям (партизанӣ).

Дар ҳақиқат, тавре коршиносони масоили ҳарбӣ мегӯянд, то ба имрӯз касе аз Масъуд дар ҷангҳои чирикӣ боло нагузаштааст. Ин усулро танҳо Че Геваре дар Куба истифода бурдаасту халос.

Аз Масъуд пурсидам:

- Кадом китобҳоро бештар мутолиа мекунед?

Гуфт:

- Ҳангоми дар Фаронса буданам адабиёти зиёди аврупоиро ва дар ватан адабиёти дохилию берунаро мутолиа кардам.

Ҳоло ба ёд меораму меандешам, ки Масъуд, дарвоқеъ, ҳамсуҳбати хеле хуб буд. Ҳангоми суҳбат бо ӯ фикр мекардед, ҷое, ки Масъуд бо шумо нишастааст, гӯё маркази Афғонистон он ҷо бошад. Мардуми оддӣ мегуфтанд, аз рӯи роҳгардии Масъуд соати дастташонро дуурст мекунанд. Аз рӯи гапҳои Масъуд вазъи сиёсии минтақаро баҳогузорӣ мекарданд. Аз рӯи саломатии Масъуд мегуфтанд, вазъи Афғонистон муътадил аст.

Масъуд дили бузурги инсонӣ дошт. Дар дараи Панҷшер дар пушти дараш одамҳои зиёд барои пурсидани ёрӣ ва дигар корҳояшон меомаданд. Ба ҳамаи онҳо вақт меёфт. Мегуфт, онҳоро наранҷонед. Онҳо мардуми оддӣ ва қалби моянд. Ба мо бовар карда, ба наздамон омадаанд.

Дигар коре, ки ману Масъудро бо ҳам мепайваст, ин пакули (тоқии) Масъуд аст. Масъуд доимо дар сараш пакули зебое аз пашми тоза дошт. Дар шаҳри Таҳори Толуқон суҳбати мо ба охир мерасид. Масъуд бароям меҳрубонии зиёде карду як куртаи сафед ҳадя намуд. Азбаски мо дар Афғонистон як моҳ сафари корӣ доштем, куртаи ман рангу рӯяш тамоман парида буду ба пусти паланги рангоранг монандӣ дошт. Масъуд, ба фикрам, барои ҳамин куртаи хубе бароям бо як шими ҷинс туҳфа кард.

Ман ба ивази меҳрубониҳояш саросемавор даст ба киса бурдам. Мутаассифона, дар ҷайбҳои ман чизе набуд. Ҳама холӣ. Чашмам ба худкори (ручка)-и гарданам афтид, ки бо ресмони хурде овезон буд. Онро дар ҷашни 600-солагии Камоли Хуҷандӣ бо як дафтар дар шаҳри Хуҷанд ба ман тақдим карда буданд. Дар тани худкор чунин навиштаҷот буд “Ба муносибати 600-солагии Камоли Хуҷандӣ”.

- Ана ин қаламро ман ба Шумо, ҷаноби Масъуд ҳадя менамоям. Бузургии ин қалам дар он аст, ки 10 сол бо ман асту боре рангаш тамом нашудааст. Яъне ин қалам боре ба мани хабарнигор хиёнат накардааст, - гуфтаму онро ба Масъуд ҳадя намудам.

Аҳмадшоҳи Масъуд хандаи зебое карду гуфт:

- Ман фикр мекунам, ин қалам боз 10 соли дигар ба ман хизмат мекунад. Ҳарду бисёр хандидем.

Аҷаб хандаҳои беғашу самимӣ дошт.

Ногаҳон Масъуд кулоҳи сарашро, ки онро мардуми Афғонистон “пакул” мегӯянд, аз сараш гирифту ба сари ман пӯшонд. Гуфт, “ана ин пакул ҳам панҷ сол бо ман асту боре хиёнат накарда…”.

Баъди мулоқот Масъуд соядасте бароям бо ҳусни хатти худаш навишта дод, ки аксаш ин ҷо гузошта шуда.

… 9 сентябри соли 2001 дар вилояти Таҳори Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ноҷавонмардона кушта шуд. Вале номи ин абармард аз қалбҳо ва дилҳои мардуми Афғонистон ва тоҷикони тамоми дунё аз ёд намеравад. Масъуд сару по ҳама тоҷик буд. Қаҳрамони Афғонистону тоҷикони дунё буд...

Аз ин ҳама беш аз бист сари сол сипарӣ мешавад, вале чеҳраи нуронии Масъуд ҳоло ҳам пеши назарам аст.

Масъуд бештар маро Атохон мегуфт. Мегуфтам, ки ман Муҳамадато ном дорам. Сар меҷунбонду боз Атохон мегуфт. Шояд ин ном барояш форамтар буд.

Аммо ҳар чӣ мегуфт, бо самимият мегуфт...


Муҳамадато Султонов

махсус барои "ИмрӯзNews"


Комментарии для сайта Cackle