Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Силоҳи биологӣ дар назди сарҳади Русия


27.08.2020 09:56

: 283

Русия аз фаъолияти зиёди озмоишгоҳҳои биологии Гурҷистон ва Украина, ки дар онҳо биологҳои низомии хориҷӣ ва пеш аз ҳама, намояндагони Пентагон, таҷрибаҳои махфӣ мегузаронанд, сахт нигарон шудааст. Ин нигарониро намояндаи доимии Русия дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Александр Лукашевич дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои доимии ин Созмон иброз намуд.

Номбурда таваҷҷуҳи иштироккунандагони иҷлосияро ба фаъолияти озмоишгоҳҳои биоэпидемиологии истифодаи дугона ҷалб намудааст, ки аз тарафи ИМА дар қаламрави кишварҳои узви ин Созмон таъсис дода шудаанд. Аз ҷумла, ӯ масъалаи фаъолияти низомӣ-биологии коршиносони хориҷиро дар Гурҷистон ва пеш аз ҳама, дар Маркази ба номи Лугар дар деҳаи Алексеевка дар наздикии шаҳри Тбилиси, баррасӣ намудааст. Ӯ ҳамчунин, аз мавҷудияти 10 озмоишгоҳи мушобеҳи дигар, ки дар қаламрави Украина фаъолият менамоянд, нигаронӣ кардааст.

Дипломати рус изҳор доштааст, ки сохтмон, сармоягузорӣ ва фаъолияти ин озмоишгоҳҳои биологӣ аз тарафи Раёсати коҳиши хатарҳои Вазорати мудофиаи ИМА (Defense Threat Reduction Agency, DTRA), Институти илмӣ-тадқиқотии ба номи Волтер Риди артиши ИМА (Walter Reed Army Institute of Research), Институти тиббии илмӣ-тадқиқотии касалиҳои сирояткунандаи артиши ИМА (The United States Army Medical Research Institute of Infectious Diseases) ва дигар муасиссаҳои тиббии вобаста ба Пентагон амалӣ мешавад.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар озмоишгоҳҳои гурҷистонӣ ва украинӣ зери пушиши мубориза бо касалиҳои сирояткунанда, таҷрибагузарониҳои махфӣ бо намунаҳои вирусҳои хатарнок, монанди вабо ва табларза, гузаронида мешаванд. Диққати асосӣ бештар ба омӯзиши шаклҳои вирусҳои зудтағйирёбанда, вирусҳои шакливазкунанда ва баланд намудани қудрати сирояткунии вирусҳо дода мешавад.

Ба ақидаи Лукашевич, хабарҳо дар бораи гузаронидани таҷрибаҳо бо доруҳои машкук, ки аз тарафи табибони низомии амрикоӣ болои гурҷиҳо гузаронида шуданд ва ҳамчунин, ҷамъ кардани маводи биологии одамон барои анҷоми «ҳадафҳои тадқиқотӣ», коршиносонро ба ташвиш овардааст.

Намояндаи Русия ҳамчунон таъкид намудааст:

«Анҷом додани таҷрибаҳои хатарноки биологӣ аз тарафи коршиносони биологии низомии хориҷӣ дар наздикии сарҳади Русия моро аз лиҳози қонунӣ ба ташвиш овардааст, минҷумла дар робита ба иҷрои Конвенсия оид ба манъи силоҳи биологӣ. ИМА дар бист соли охир тамоми кушишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар робита ба қабули протоколи замимавии Конвенсия масдуд намудааст».

Лукашевич ҳамчунин изҳор доштааст, ки ИМА ҳадафҳои фаъолиятҳои низомӣ –биологии худро дар кишварҳои бо Русия ҳамсарҳад пинҳон дошта, танҳо дар бораи «фаъолиятҳои башардӯстона» дар амри иҷрои барномахои Пентагон суҳбат мекунад.

Баъзе аз сиёсатмадорони Украина низ аз гузаронидани таҷрибаҳои беназорати низомиёни вирусшиноси америкоӣ дар кишварашон хеле нигаронӣ мекунанд. Маҷаллаи сиёсӣ-ҷамъиятии Украина бо номи «Корреспондент» дар яке аз шумораҳои худ дар бораи сирру асрори озмоишгоҳҳои биологии амрикоӣ ба хонандагон маълумотҳои аҷоибро пешниҳод намуд. Ба навиштаи маҷалла, Агентии иттилоотии «Українські новини» ҷавоби расмии вазорати тандурустии Украинаро дар бораи фаъолиятҳои озмоишгоҳҳои бактериологӣ, ки бо сармояи вазорати мудофиаи ИМА дар Украина сохта ва таъмир шудаанд, нашр намуд. Дар посух ба вазорати тандурустӣ гуфта шудааст, «тибқи қарордод, бояд ба Украина кумакҳое пешниҳод шаванд, ки ҳадафашон пешгирӣ намудани паҳншавии технологияҳо, бактерияҳо ва усулҳое мебошад, ки «метавонанд барои сохтани силоҳи биологӣ истифода шаванд».

Аммо на дар Украина, на дар даврони Шӯравӣ ва на баъд аз эълони мустақилият, то имзои қарордод бо Пентагон силоҳи биологӣ сохта нашуда буд ва имтиҳони ин гуна силоҳ низ гузаронида нашуда буд. Аҷобат ҳам дар ин аст, ки ИМА гуё «кумак ба муасиссаҳое менамояд, ки метавонанд барои сохтани силоҳи биологӣ истифода шаванд».

Ба ақидаи коршиносони маҷаллаи «Корреспондент», чунин муассисаҳо аз тарафи Пентагон ҳамчун муасиссаҳои таҳияи силоҳи биологӣ шинохта шудаанд. Тавре ки дар маҷаллаи мазкур инъикос ёфтааст, саволи муҳим ин аст, ки дар ҳақиқат, кӣ силоҳи биологӣ мебарорад - Киев ё Вашингтон?

Дар маҷалла ҳамчунин қайд гардидааст, ки дар Барномаи вазорати мудофиаи ИМА, ки бо сармояи он озмоишгоҳҳо дар Украина сохта ва таъмир шудаанд, ягон муасиссаи вобаста ба раёсатҳои марказии эпидемиологӣ ва беҳдоштии вазорати мудофиаи Украина номбар нашудааст.

Дар ҷавоби расмӣ барои вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфта шудааст, бо кумаки DTRA 8 адад озмоишгоҳҳои биологӣ дар вилоятҳои Виннис, Днепропетровск, Закарпатск, Лвов, Харков, Херсон ва Тернопол сохта шудаанд. Барномае, ки мутобиқи он ин озмоишгоҳҳо сохта шуданд, соли 2014 ба итмом расид. Аммо тибқи иттилои ВАО, бо дарназардошти Созишномаи ҳусни тафоҳум, ки байни вазорати ҳамгироии аврупоии Украина ва ширкати амрикоии «Black & Veatch Special Projects Corp.» ба имзо расида буд, соли 2016 ин Барнома аз нав ба кори худ шуруъ намуд. Зимнан, эълон шуд, ки ҳадафи ин ширкати муштарак пайваст намудани озмоишгоҳҳои украинӣ ба шабакаи ягонаи электронии назорати касалиҳо мебошад.

Дар санадҳои қайди ин Барнома, тавре ки ВАО нишон додаанд, иттилоот дар бораи 13 адад муасисса инъикос шудааст. Дар ин санадҳо хамчунин зикр шудааст, ки ҳадафи ин Барнома пешгирии паҳншавии вирусҳо барои сохтани силоҳи биологӣ буда, ҳамчунин, «тавсеаи шабакаҳои умумимилии озмоишгоҳҳое, ки бо вирусҳои комилан хатарнок сарукор доранд, дар мадди назар мебошад».

Ҳамаи ин боис гардид, ки вакилони Радаи Олии Украина Виктор Медведчук ва Ренат Кузмин, аз ҳизби «Паймони мухолифин – барои ҳаёт» аризаи расмии шикоятиро ба унвони Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ирсол намуданд. Дар ин шикоят фаъолияти ғайриқонунии озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар Украина мавриди накуҳиш карор дода шудааст. Дар ин бора Кузмин дар фейсбук чунин навишт:

«Чӣ тавр мешавад чунин хиёнати манфиатҳои миллиро, ба мисли пинҳон нигоҳ доштани таҷрибагузарониҳои махфии биологҳои низомии амрикоӣ дар қаламрави Украинаро ба мардум фаҳмонд? Барои чӣ ин иттилоот аз мардуми Украина бояд пинҳон нигоҳ дошта шавад? Чаро биологҳои низомии амрикоӣ аз пӯшишҳои дипломатӣ истифода бурда, метавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки дар кишвари худашон манъ аст? Чаро ҳукуматдорони Украина намехоҳанд ҳодисаҳои гуногуни сироятёбӣ ва маргу мири шаҳрвандони кишвар, дар маҳаллҳои ҷойгиршавии озмоишгоҳҳои биологии амрикоиро мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор диҳанд?».

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз он ки намояндагони ҳизби мухолифин ба саволҳои худ аз тарафи ҳукуматдорони Украина ҷавоб нагирифтанд, маҷбур шуданд, ки ба Созмони Милали Муттаҳид аризаи расмии шикоятӣ ирсол намоянд.

Мавзӯи озмоишгоҳҳои махфии амрикоӣ дар Гурҷистон замоне расонаӣ шуд, ки дар соли 2018 рӯзноманигори булғорӣ Диляна Гайтанджиева дар тадқиқоташ оид ба барномаҳои низомии биологии ИМА дар сартосари ҷаҳон факту рақамҳои боварнокаданиро ифшо намуд. Масалан, дар мавриди фаъолияти Маркази тандурустии ҷамъиятии ба номи Ричард Лугар, ки дар Тбилиси тибқи Барномаи DTRA дар соли 2011 таъсис гардида буд. Ворид шудан ба ин озмоишгоҳ, бо дараҷаи сеюми ҳимояи биологӣ, танҳо барои коршиносони амрикоӣ мумкин аст, ки иҷозаи дастрасӣ ба иттилооти махфиро доранд. Вазифаҳои ин Марказ аз тадқиқоти биоагентҳои (варами сибирӣ ва туляримия), бемориҳои сирояткунанда ва вирусҳо, ба монанди (табларзаи қримӣ-конгоӣ) ва ҷамъ кардани намунаҳои вирусҳо барои таҷрибаҳои баъдӣ иборатанд.

Баъд аз соли 2014, замоне ки Маркази Лугар бо таҷҳизоти махсуси парвариши пашшаву кӯрпашшаҳо таҷҳизонида шуд ва Барномаи ҷамъкунӣ, тадқиқ ва имтиҳони сатҳи сирояти онҳо роҳандозӣ гардид, дар ин минтақа пашшаву кӯрпашшаҳои ғайриоддӣ пайдо шудан гирифтанд ва бемориҳои гуногуни сироятӣ дар байни мардумони ин маҳал ба қайд гирифта шуд.

Ана ҳамин тавр теъдоди озмоишгоҳҳои амрикоӣ, ки дар кишварҳои ҳамсарҳад бо Русия таъсис дода шудаанд, сол ба сол зиёд мешаванд.


Таҳияи

Н. Пулодӣ


Комментарии для сайта Cackle