Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Сайдулло Хайруллоев: “Бо миллатам зиндаам”


10.08.2020 06:57

: 441

Дипломатияи парламентӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи наздик ба сисолаи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ назар афканда, мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рӯи кор омадаанд.

Парламентаризми муосири тоҷик дар даврони истиқлолият дар баробари ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, инчунин дар ҷалби сармояи беруна ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар низ нақши муассир дошт.

Парламенти касбии мамлакат тайи бистсолаи охир бо шарофати сиёсати “дарҳои боз” ва ҷалби парламентҳои дунё ба ҳамкории судманд, дар кишвар лоиҳаҳои зиёдеро дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ намуд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд.

Имсол парламенти касбии мамлакат 20-сола шуд. Дар ин росто мо наметавонем дар бораи яке аз асосгузорони парламенти касбии мамлакат - нахустин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҳарф назанем.

Шахсиятеро, ки дар борааш мегӯем, ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳои ӯ, суханонаш кайҳост, ки ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи парламентаризми тоҷик ба ҳайси роҳбари нахустин парламенти касбии мамлакат машҳур гаштааст. Бо номи ин абармарди миллат таърихи давлатдории тоҷикон пайвастагии ногусаста дорад.

Сайдулло Хайруллоев. Ин ном ба муаррифӣ ниёз надорад. Зеро аз замони ҳокимияти шӯравӣ то кунун ин шахсият дар пешгоҳи хизмат ба халқу ватан қоим будаву масъулияти фарзандии худро ифо менамояд.

Вақт нишон дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар интихоби Раиси парламенти касбии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев дар солҳои 2000-2010 хато накардаанд. Зеро Маҷлиси намояндагон, ки дар тӯли фаъолият ба нафъи халқу ватан хидмат карданро мақсади асосии худ қарор додааст, имрӯз ба як мақоми шоиста, боэътимод ва устувори қонуният ва адолати мамлакат табдил ёфта, вазифаҳои масъуле, ки ба зима дошт, бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст.

Ин мақоми олии қонунбарор дар ин муддат тавонист, ки вобаста ба талаботи замони муосир ва ҷомеаи тоҷик қонунҳои зиёдеро таҳия ва қабул намояд. Ин қонунҳо, ки дар сатхи меъёрҳои байналмилалӣ танзим гардида, ба тасвиб расидаанд, заминаи рушди устувор ва таъмини суботу амният дар ҷумҳурӣ мебошанд.

Нақши Сайдулло Хайруллоев ҳамчун аввалин Раиси Маҷлиси намояндагон, махсусан дар ташаккули парламенти касбӣ ва дипломатияи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бағоят муассир мебошад. Аз нуқтаи назари коршиносони масоили сиёсӣ, Сайдулло Хайруллоев ба сифати саpмеъмоpе баpгyзида шуд, ки на танҳо парламенти касбии мамлакатро аз ҷиҳати сиёсӣ таpмим намуд, балки сохтмони онpо баp пояҳои yстyвоpy сифатан нав баpпо намуд.

Солҳои 2005-2010-ум дубора ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардидани ӯ аз ҷониби кулли вакилон далели ҳамчун ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ ва шахсияти шинохтаву бонуфуз ба шумор рафтани ӯ байни тамоми қишрҳои ҷомеаи кишварамон буд.

Хидматҳояш дар вазифаҳои роҳбарии ташкилоту хоҷагиҳои гуногун, роҳбарии ноҳияҳо, Кумитаи иҷроияи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар се даъвати Шӯрои Олии Тоҷикистон намояндаи мардумӣ фаъолият намудан ва бо овозҳои аксарияти кулл интихоб шудани ӯро ба мақоми баланди Раиси Маҷлиси намояндагон таъмин намуд.

Маҳз дар давраи роҳбарии Сайдулло Хайруллоев ба парламенти кишвар равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Русия ба таври фаъол ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнипалатавии парламентӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Федератсияи Русия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи миллии Русия дар пойтахти Тоҷикистон рост омад. Мақомоти қонунгузории ду кишвар масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ҳолати заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байни ду давлатро муҳокима карданд.

Fайр аз ин, дар давоми марҳилаҳои ҳамкорӣ ташрифи расмии аъзои раёсат ва дигар намояндагони парламентҳои Тоҷикистону Русия аз кишварҳои якдигар мунтазам ба вуқӯъ пайваст, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобити байнипарламентӣ нақши муҳим бозид. Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба имзо расонида шуда, ҷиҳати татбиқи амалии он комиссияи доимоамалкунанда низ таъсис дода шуд. Баргузории ҷамъомади байнипарламентии “Тоҷикистон - Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” (Душанбе, августи с.2006) ва Форуми навбатии байнипарламентии “Русия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” (Москва, Санкт-Петербург, соли 2008)-ро метавон аз чорабиниҳои муҳим дар доираи ин муносибатҳо ҳисобид.

Инчунин, дар марҳилаҳои гуногуни ҳамкорӣ байни ҳарду кишвар созишномаҳои муҳим дар соҳаҳои иқтисод, молия, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расиданд, ки ин ҳамкориҳоро байни ин ду шарики стратегӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин санадҳое, ки байни ду давлат оид ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷорӣ қабул шудаанд, муайян менамуд.

Сайдулло Хайруллоев солҳои роҳбарияшро дар парламент ба ёд оварда, аксари дастоварду муваффақияти худро марбут ба эътимоди Пешвои миллат ва ҳамкорию дастёрии командаи корӣ дониста, чунин мегуяд:

“Ба ҳамаи онҳое, ки якҷоя кор кардем, барои заҳмати пурсамару фидокорона ба хотири пешрафти давлату миллат изҳори сипос менамоям.

Мехоҳам ба вакилони муҳтарам, фраксияҳо ва ҳизбҳои парламентие, ки ҳамроҳам содиқона ба нафъи давлату ҳукумат хизмат кардаанд ташаккури алоҳида гӯям. Зеро ҳамаи онҳо бори гарони масъулияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба дӯш доштанд ва онро аз оғоз то анҷом ба таври шоиста дар ҷой ва мавқеи худ мутобиқ ба талаботи қонун ва воқеият сарбаландона иҷро намуданд.

Фикр мекунам, яке аз ҷиҳатҳои ба худ хоси даъвати ҳамонвақтаи мо ин буд, ки мо, вакилон, тавонистем якдигарро бишнавем, ба андешаҳои якдигар эҳтиром гузорем ва мубоҳисаи касбиву коршиносонаро ба анъана табдил диҳем.

Мо дар қабули қарору қонунҳо ҳамеша таносуби дурусти адолатро дар мизони манфиати давлати миллии хеш, халқи Тоҷикистон ва ояндаи давлатдориамон ба ҳадди эътидол риоя намудем. Ва ин нуктаи муҳимми дарёфти адолат кори на ҳар фарди алоҳида, балки натиҷаи маҳсули ҳамдигарфаҳмии парламенти касбӣ буд. Ва якчанд ҷумлаи комилан самимӣ унвонии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтаниям, ки ин ҳама солҳо ҳамроҳи мо – вакилони ҳамон вақта буданд.

Ман онҳоеро ба кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷалб намудаам, ки мудати 20 сол мешавад тамоми тақозои парламентро – ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар иқдомҳои дигар ҳоло ҳам таъмин намуда истодаанд”.

Сайдулло Хайруллоев, дар ҳақиқат, ҳамсафи содиқу бовафои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии ватанамон дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон буд:

“Мо, тоҷикон, миллати тамаддунофарем, бояд дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, “ҳушёрии сиёсӣ”-ро набояд аз даст диҳем, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳм бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷикон, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дӯст дорем”, - мегӯяд Сайдулло Хайруллоев.

“Мо бояд Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо дорад, дӯст дорем, аз таҷрибаи он сабақ бардорем ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорем”, - меафзояд ӯ.

Сайдулло Хайруллоев ҳеҷ гоҳ барои худаш чизе нагуфтааст. Вале барои ободию пешрафти ҷамъият, барои мардум бисёр гуфтааст, зери хизмат ба миллату мардумро вазифаи ҷонии худ медонад:

“Барои мо муҳим буду ҳаст, ки миллати тамаддунофари тоҷик бо пешрафту дастовардҳои ангуштнамои ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Дар ҳамаи суҳбатҳоям бо мардум ба ҳамин нукта ишора мекардам, ки ҳифзи ободиву озодӣ ва сулҳу субот вазифаи ҳар яки мост. Ман ҳам ҷузъе аз ин мардумам, балки бо ин мардум зиндаам”, - таъкид медорад қаҳрамони ин матлаб.

Мавсуф аз зумраи он сиёсатмадоронест, ки дар рафти ҷаласаҳои парламентӣ бо хираду маърифати худ ба андешаҳои вакилон равшанӣ мебахшид.

Дунёи маънавии ӯ хеле рангин аст. Чаро, ки ӯ бо олимону адибон, ҳакимону орифон тез-тез суҳбатҳои илмию адабӣ меорояд.

Сайдулло Хайруллоев вакилони Маҷлиси намояндагонро танҳо ба росткорӣ, адлу адолат некию накукорӣ, арзишҳои маънавии умумибашариро пос доштан ва баланд бардоштани сифати қонунҳо ҳидоят менамуд. Ин ба ӯ ба осонӣ муяссар мегардид. Чаро, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ӯро самимона дӯст медоштанд ва ҳамеша эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд.

Сайдулло Хайруллоев ҳангоми фаъолияташ дар парламенти касбии мамлакат ҳамеша таъкид мекард, ки бунёди ҷомеаи солиму мутамаддин орзую омоли ҳар як миллату халқияти олам буда, барои эъмори он бояд ҷаҳду талош кард:

“Аз ин хотир, мутахасисони бахшҳои мухтаталифи ҷомеаро лозим аст, ки мавқеи солимро ихтиёр намуда, бо ахлоқи ҳамидаю эҳсоси баланди ватанпарастию худогоҳӣ ба ҷавонон намунаи ибрат бошанд. Мавқеи солим ин якрӯю яктан будан аст, ки моро дар ҳамбастагӣ ба ваҳдати комил мерасонад”, - таъкид медорад ӯ.

Ҳамроҳи Устод борҳо ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафари кори намудаам. Ӯ дар ҳама ҷо азизи мардум аст. Куҷое, ки нону намаки мардумро хӯрдааст, онҷоро поку азизу пос доштааст.

Аз ҳама муҳимаш, Сайдулло Хайруллоев аз ҷумлаи чунин симоҳои намоёни кишвар аст, ки дар зарфи даҳ соли фаъолияташ тавонист Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳуриро ба ҷаҳониён ба таври мусбат муаррифӣ намояд.

Ин арбоби намоёни давлатӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта ҳамеша дар чорабиниҳои байналмилалӣ аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоят намуда, манфиатҳои миллии моро аз ҳама боло мегузорад. Дар тамоми давру замон ва имрӯз низ ҷомеа ба Сайдулло Хайруллоев барин шахсиятҳои нотакрор, окилу доно ниёз дорад. Ҳоло ҳам Устод дар вазифаи Раиси ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои хориҷӣ адои вазифа намуда, бо хирадмандию покизагӣ, гуфтору рафтори худ баҳри солимии ҷомеа гом мебардорад.

Имрӯз дар ҷумҳуриамон Сайдулло Хайруллоев барин сиёсатмадорон ангуштшуморанд. Ӯ ҳоло ҳам бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, ҷавонмардона манфиатҳои миллии моро ҳифз менамояд. Дар роҳ ба сӯи адолат ва гул-гулшукуфии миллат хастагии роҳро ҳис намекунад. Бузургии ӯ дар сарҷаъмии миллат аст.

Аз ҳама муҳимаш, барои чунин мардон ҳеҷ гоҳ маҳал вуҷуд надорад.

Дар ӯ сифатҳои зиёди инсонии олию оддӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан ба ҳам омадаанд.

Дар таърихи соҳибистиқлолии рушди парламентаризми муосири тоҷик Сайдулло Хайруллоев шахсиятест, ки натанҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи парламентаризм, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии миллии ниёгонамон хизматҳои намоён кардаанд.

Сайдулло Хайруллоев аз ҳеҷ гуна андешаи мухолиф, назарҳои танқидомез ва суханҳои муқобил ҳарос надошт ва ҳоло ҳам надорад. Ӯ ҳамеша ҳақиқатро мепазирад. Зеро ҳар нафаре, ки барои давлату миллат хизмат кардааст, масъулияти давлату миллатро дар қадршиносии худ пайдо менамояд.

Сайдулло Хайруллоев ба тарбияи кадрҳои ҷавон диққати ҷиддӣ медиҳад. Чаро, ки худаш дастпарвари мактаби камолоти даврони шӯравист:

“Ёд дорам, солҳои роҳбариям дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ Роҳбарияти олии кишвар дар даврони шуравӣ ва имрӯза нисбат ба мо кадрҳои ҷавон хеле сахтгиру серталаб буданд. Ҳамеша мо - ҷавононро дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги созандагии кишвар дастгирӣ мекарданд. Падарона моро ғамхорӣ менамуданд”, - ба ёд меорад ӯ.

Ҳадафи навиштани ин сатрҳо, пеш аз ҳама, ёдоварӣ аз корҳои неки оғозгардидаи Сайдулло Хайруллоев дар парламенти касбии мамлакат дар солҳои 2000-2010 мебошад. Сайдулло Хайруллоев ҳоло ҳам дар баромадҳояш борҳо таъкид менамояд, ки “мақсади асосии мо муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошад. Дар ин ҷода мо бояд ба оддитарин ва олитарин хислати инсонӣ — қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллат такя намоем”.

Сайдулло Хайруллоев рӯзи 10 августи соли 2020 ба синни мубораки 76 медарояд. Мо аз номи аҳли адаб, онҳое, ки ин ходими намоёни давлатиро мешиносанду эҳтиром менамоянд ва аз номи ҳайати эҷодии рӯзнома ин шахсияти таърихиро табрику муборакбод намуда, ба ӯ пеш аз ҳама, саломатии бардавом, умри пурбаракат орзу намуда, ҳамеша хоҳони онем, ки дар куҷое, ки бошад, саломату сарбаланд бошад.

Мо бояд заҳматҳои фарзандони бузургу сарсупурдаи миллатамонро қадр намоем, то аз ин қадршиносӣ ояндагон ҳикмат ва таҷриба бардоранд.


Муҳамадато Султонов


Комментарии для сайта Cackle