Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Аз COVID-19 чӣ сабақ бояд гирифт?


06.08.2020 07:22

: 488

Имрӯзҳо тамоми ақсои оламро вабои наслкуш ва парешонкунандаи асри мо зери номи COVID-19 фаро гирифтааст. Вуҷуди он ҳамаро ба хастагиву костагӣ овард, ки бояд донишмандону олимон омилҳову сабабҳои онро пайдо карда, роҳҳои пешгириро барои башарият тавсияҳо диҳанд. Ҳамин буд, ки баъди пайдоиши он табибон барои кӯмаки аҳли башар ҷоннисориҳо карда, баҳри солимии онҳо шабурӯз муборизаҳо бурда, дасти мадад расониданд, ки то имрӯз идома дорад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, саволе ба миён меояд, ки аз COVID-19 чӣ метавон сабақ гирифт, то худро аз бӯҳронҳои оянда нигоҳ бидорем?

Чанд вақт пеш ин савол дар форуми гуфтугуи Академияи Австрия бо даъвати коршиносони соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифт. Дар мубоҳиса бештар паҳлуҳои гуногуни хуруҷи вабои аср ва мушкилоту бӯҳронҳои он баррасӣ гардида, роҳҳои читавр муомила бо он низ тавсия дода шуд. Олимони соҳа ба ин хулоса расиданд, ки моделҳои дидгоҳҳои математикӣ, тиббӣ, илмӣ ва амалӣ баҳри ҷилавгирӣ аз паҳншавии он бояд хуб истифода гардад, то асароти он болои мардум ва ҷомеа ва паёмадҳои иқтисодии он шинохта шаванд.

Бояд дониста бошем, ки хуруҷи COVID-19 боиси авҷи муомилаҳои нави сиёсӣ хоҳад шуд, ки кишварҳои рӯ ба рӯшд бештар аз он таъсирпазир мегарданд. Коршиносони соҳаро зарур аст, то омилҳо ва сабабҳои онро ҷӯстуҷӯ карда, тавсияҳоро барои раҳои аз буҳронҳо ва авоқиби вахими он дода шавад.

Президенти Академияи Австрия Антон Зелингер чунин назар дорад, ки илм ба танҳоиаш наметавонад ҷавоби қаноатбахши оддиро фароҳам созад. Зеро ҳар қисмати дониши навин сабаби эҷоди ашёи номаълум мегардад ва ҳар ҷавоб саволи наверо ба вуҷуд меорад. Ӯ ба ин андеша аст, ки илм метавонад олим, фактҳо ва таҳлилҳо эҷод кунад, вале он наметавонад сиёсатмадоронро аз қабули қарорҳо дар ҳолати муайян сабукӣ диҳад. Маҳз ҳамин чиз мубоҳиса ва муколимаи илм ва сиёсатро муҳим месозад.

Олимони соҳа қайд карданд, ки COVID-19 нишон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ олимон чӣ карда тавонистанд ва дар оянда чӣ нақшаҳо дошта бошанд. Он сабаби роҳҳои шинохти байни миллатҳо шуд, то тавонанд муштарак барои раҳоӣ аз он дастаҷамъона мубориза бибаранд ва ғолиб гарданд. Пайдо шудани он омили он шуд, ки масоили ҳуқуқӣ ва роҳҳои мубориза бо чунин вабои аср омӯхта ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар хулоса олимон қайд карданд, ки барои идомаи мубориза бо чунин вабои аср бояд аз маълумот ё додаҳои муқоисавӣ ва системаи иқтисоди устувор истифода кард, то мардум аз бӯҳрон эмин монанд ва ба таҳлука наяфтанд. Ҳамаи он бори дигар олимонро водор кард, то барои солимии ҷомеа ва беҳбудии зиндагии мардуми сайёра моделҳо ва системҳои хуберо фароҳам созанд ва дониши худро барои ҷилавгирӣ аз бӯҳронҳои баъдӣ сайқал дода, барои рушди ҷомеа талошҳо намоянд, то муҳитисолимро барои инсонҳо фароҳам оваранд.

Бо чунин баррасиҳо метавон чунин хулосабарориҳо кард, ки хуруҷи COVID-19 сабаб шуд, ки мо, инсонҳо, бедору ҳушёр бошем ва аз вазоифу корҳои худ ғофил набуда, баҳри инсоният софдилона, одилона, боҳирона ва бародарона хидмат намоем.


Мирсаид Раҳмонов

ходими илмии

Институти Осиё

ва Аврупои АМИТ


Комментарии для сайта Cackle